ПАЙМОН
ПАЙМОН (Тӯхтамиш Тӯхтаев) 24 феврали соли 1955 дар деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадаст. Таълими ҳамагониро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1973 донишомӯзи факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ шудааст ва соли 1977 бо дипломи аъло ба итмомаш расонда, муддати шаш сол дар мактаби деҳа ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ифои вазифа намудааст.
Охири соли 1982 барои кор ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳозира «Овози тоҷик») даъват шуда то имрӯз дар нашрияи мазкур хидмат мекунад.
Фаъолияти эҷодии Паймон аз солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи ҳамагонӣ оғоз ёфтааст. Навиштаҳои аввалинаш дар маҷаллаи «Машъал»-и Тоҷикистон чоп шудаанд. Намунаҳои дигари ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мунтазам ба чоп мерасанд. Нашриёти «Адиб» (Душанбе) дар баёзҳои «Чакомаи пирӯзӣ» ва «Чил қалам» намунаҳоеро аз шеъру рубоиҳои ӯ ҷой додааст. Соли 1991 нашриёти «Адиб» нахустин китоби ашъори ӯро таҳти унвони «Санги навишта» ва нашриёти «Ёзувчи» (2000, Тошканд) таҳти номи «Шабовез» ба табъ расонданд.
Паймон ба тарҷумаи бадеӣ низ машғул шуда, шеърҳои алоҳидаи шоирони тоҷикро ба ӯзбекӣ ва иддае аз ашъори шуарои ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.