КИРИЛОВ ВАСИЛИЙ
ВАСИЛИЙ КИРИЛОВ 25 октябри соли 1907 дар шаҳри Челябинск таваллуд шудааст. Соли 1937 шуъбаи русии факултаи филологияи Университети давлатии Ленинградро хатм карда, барои кор ба Душанбе омадааст. Дар мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе муаллимӣ кардааст. Соли 1942 ихтиёран ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, дар рӯзномаҳои ҳарбӣ адои хидмат кардааст, дар озод кардани Киев, Варшава ва ҳуҷуми Берлин ширкат варзидааст. Аз соли 1946 то охири умраш дар рӯзномаи «Коммунист Таджикитана» кор кардааст.
Аввалин шеъраш охири солҳои бистум дар матбуоти даврӣ чоп шудааст. Китоби аввалинаш «Ватан» (1938) дар Душанбе ба табъ расидааст. Баъди ҷанг маҷмӯаҳои ашъораш «Гуфтугӯйи самимӣ» (1953), «Баҳри тоҷик» (1957), «Чароғҳои фурӯзон» (1960), «Таронаи баҳори ман» (1963), «Ҷовидонро месароям» (1965) ва достони «Рӯбоҳчаҳо, харгӯшчаҳо ва Холбобо»-и ӯ дастраси умум гардидаанд.
Тарҷумаи достони М. Миршакар «Ливои зафар» ва китоби Тоҷӣ Усмон «Дурдонаҳои назми тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар ҳамқаламии шоира Марианна Фофанова асари чорҷилдаи «Сурудҳои халқии тоҷикӣ»-ро ба русӣ гардондааст.
Баъзе аз шеърҳои ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Бо ордени дараҷаи аввали «Ҷанги бузурги ватанӣ», орденҳои «Ситораи сурх» ва «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.
Аз соли 1946 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
29 августи соли 1972 аз олам даргузашт.