БИЁ ЭЙ ДЎСТАМ

Бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хеле дер, ба хаёлам моҳҳои охири пеш аз хатми Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт тасодуфан ҳамсуҳбат шудам. Аз як деҳа будем, шогирди як мактаб, дар Душанбе мезистем , вале чунин ҳолат бори аввал рух дод. Вақти ғуруби хуршед сари тан ҳо аз гулгашти назди бинои муҳташами КМ (хиёбони он давраи ба номи Ленин) мегузаштам, ки аз рў ба рўям Шоҳ баромад. Росташ, ки вай он айём дар назари бисёриҳо ва банда низ шоири ҳавобаланд мутаккабир менамуд. Гўё ҳар касро намеписандид ва ба ҳар кас ёри суҳбату ҳамнишин намешуд. Ба қавли бобои Раҳмати тундзабони кадучигӣ (равонаш шод бод!) “ Назараш абри осмону шоҳаншоҳи оламро намегирифт”. Ҷавонмарди ҷингиламўйи хушсимову озодапўш, дар чашм айнаки сабзфом дар банди андешаву хаёле танҳо қадам мезад. Аслан ман ба ў худро ноошно воменамудам ва мепиндоштам, ба ў зарурати ошноӣ надорад. Аммо Ғоиб Сафарзода, ки бо Шоҳмузаффар ҳамсин, ҳамкор ва дастпарвари як синфи мактаби рақами шаши деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ буданд, гоҳ-гоҳ бо ҷавоншоир ё рўзноманигоре ба хобгоҳи мо донишҷўён ташриф оварда, сари як  пиёла чой суҳбати пурсафое меоростанд: аз таҳсилу орзу ва мақсадҳои оянда пурсида, маслиҳатҳои муфиде ҳам медоданд. Росташ, ки бо ҳамқаламон ба хобгоҳ омадану гирди хони донишҷўён нишастани Ғоиб Сафарзода, аз армонҳои милливу зиёии бедордил ва ҳақталош шудани донишҷўён ҳарф задани онҳо ба мо ҷаҳон-ҷаҳон шодиву таасурот мебахшид. Онҳо ҷавонадибони овозадори   он замон буданд.

Лекин он шоми нек баногоҳ бо Шоҳмузаффар чунон наздик рў ба рў шудам, ҷойи гурез намонд. Салом додам, посух гуфт ва айнаки сабз аз чашм гирифту даст дароз кард. Эҳа! Аҳвол пурсид. Як каме ҳаяҷонзадаву ноҳинҷор “нағз-нағз” гуфтаму хостам бигзарам.

-Саросема менамоӣ,-гуфт бо табассум ва пурсид:-Ё бо ягон моҳҷабин вохўрӣ дорӣ?

-Эй не… Ҳамин хел…

-Ин хел ки бошад, мегузарем он тарафи роҳ,-айнак ба чашм монда гуфт Шоҳмузаффар ва маро ба роҳ ҳидоят карда афзуд:- Дар қаҳвахона даме мешинем, баъд ту ба роҳи худат меравиву ман ба роҳи худам…

-Эҳа, ин пешниҳод аз гўшаи хаёлам намегузашт. Дудила шудам. Аз як сў бо шоир Шоҳмузаффар нишастану шояд дар бораи адабиёт ё адибон ҳарф задан бароям сангин намуд, аз ҷониби дигар кисаҳои донишҷўӣ он лаҳза мисли кафи гадо холӣ буданд. Фурсати баҳонаёбӣ нарасид.

-Рафтем,-гуфт Шоҳмузаффар ва ба ман нанигариста афзуд:-Ҳамсуҳбат мекофтам. Имрўз ид аст…Маош гирифтем…

Ҳаёт дар қаҳвахона вўшу хурўши бештар дошт. Суҳбатҳои озод, баҳс, дилхушӣ, қадаҳ “ҷанг”, пешвози бонуҳои ширинзабони пешхизмат. Мо дар мизаке кунҷакӣ нишастем ва ҳар неъмате Шоҳмузаффар аз хурданиву нўшиданӣ фармуд, бонуи меҳрубон зуд муҳайё сохт. Ва пас аз каме сарфи ғизову нўшокӣ Шоҳмузаффар баногоҳ гуфт, ки баъзе хабару мақолаҳои бандаро аз рўзномаҳо хондааст. Аҷиб. Ва боз пурсид, ки Донишкадаро кай хатм мекунаму оянда чӣ ниятҳое дорам?

Чун аз оби оташдор ҷуръатам каме афзуда буд, посух додам, ки пас аз чанд моҳ дипломи “қарзӣ”-ро аз институт бигирам, давдавон Кадучӣ меравам, дар ягон мактаб омўзгор, ба хидмати модари пмру таъмири кулбаҳои кўҳнаамон, овардани каҳу ҳезум машғул мешавам…

-Хуб орзуе доштай,-писханд зад Шоҳмузаффар ва афзуд:

-Ба ҳамаи тоҷикбачаҳо ба деҳаву хонаҳои худашон раванд, пойтахти Тоҷикистон-ин шаҳри Душанбе ба дасти кӣ мемонад?-Боз боистеҳзо пурсид Шоҳмузаффар, ки каппа-каппа аз сигарет дуд баровард ва афзуд:-Деҳаравӣ осон… Ҳар рўз модарҳо нони гармак мепазанд, хонаву боғ мероси падар… Лекин фикри каму беш дар пойтахт ҷо гирифтану зиёд шуданро ҳам бояд кунем-ё не?

-Дар шаҳр кор ёфтану зистан осон аст?-андешаманд пурсидам:-Модар танҳосту чашмаш ба роҳ чор…

-Ҷавонҳое, ки аз мушкилӣ меҳаросанд, роҳи осони зиндагиро мекованд, ҳамин баҳонаро пеш меоранд. Андешаи ғалат… Ҳамон модарҳо ҳам мехоҳанд, ки дар Душанбе писари шаҳрнишин дошта бошанд. Гоҳ-гоҳ бо баҳонаи хабаргирӣ хонаи писар ё духтараш омада пойтахтро тамошо кунанд. Ё гапам нодуруст аст?

-Дурусту…

-Медонӣ, ман чанд сол боз дар паси чойхонаи “Роҳат” дар кўчаи парвин дар як “Расадхона”-и дуқабата иҷорашинам. Деворҳояш пури роғ, шифташ ҷо-ҷо сўрох. Чор фасли сол аз ин “Расадхона” шабҳо моҳро тамошо мекунаму ситора мешуморам. Аммо ин абадӣ не, мувақатист. Оқибат дар Душанбе хона мегирем, сокини Пойтахт мешавем… Ҳар сол дар пойтахт чанд тоҷик сокин шавад, муваффақият аст…

Лаҳзае хомўшӣ ба миён омад.

-Фардо идора биё. Маслиҳат мекунем,- аз ҷо  бархеста ба суҳбат нуқта гузошт Шоҳмузаффар.

Пас аз дарс бо ҳазору як андеша ба идораи рўзномаи “Тоҷикистони советӣ” рафтам. Ғоиб Сафарзода шиноси дерин буд. Акнун дар ҳузури Шоҳмузаффар бо Салимшо Ҳалимшо, Асадулло Саъдулло, Одина Мирак, пирони рўзноманигорӣ Юлдош Зиёев, Турсунбой Маҳмадаминов, барои дар шаҳр муқимии пойтахт ҳамсуҳбат шудам. Ҳар яке бо суханҳои тарғиботии хеш маро гўё афсун мекарду мавзўъ ва супориши мақоланависӣ медод: Тозагии шаҳр, одоби ҷавонон, ҳолати мактабу китобхона, лавҳа аз заҳмати гулпарвар ё зани коргар, омўзгори хуб, олими ҷавони ояндадор… Бояд ба хонанда мавзун тоза ва қаҳрамонҳои навро пешниҳод кард. Пешниҳодҳои дилхоҳ, вале иҷрояшон осон не. Худову ростӣ ҳамон суҳбат роҳу мақсади зиндагии маро, ки аслан дар сар хаёлу нияти шаҳрнишин, рўзноманигор ё нависандагӣ надоштам, дигар кард. Баъди нашри чанд хабару мақола сармуҳаррири рўзнома равоншод Шодӣ Саид бо нома маро пас аз хатми Донишкада ба кор даъват кард. Сипас бо рўзноманигорону адибони бузургу ҷавони тоҷик дар ин муҳити пурсадо шинос шудам. Омади бахт. Лекин сипас мушоҳида кардам, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ як ҷавонмарди оддӣ, софдил ва дар масъалаи дастгирӣ ва ба майдони матбуот ё адабиёт ҷалби ҷавонони болаёқати тоҷик ҳиммату беҳамто будааст. (Зимнан беҳтарин ҷавонзиёиёни солҳои шастуми асри бист бо чунин ҳадафи дурандешона ба навқаламон ёрӣ мерасонданд). Дар пеши чашми банда Шоҳмузаффар бо дили софу нияти хайр навқаламони замон навҷавонон, баъд рўзноманигор, адиб ё олимони шинохта Иброҳим Усмонов, Аюб Кенҷа, Ато Ҳамдам, Набиҷон Каримов, Мирзо Шукурзода, Садриддин Ёров, Султон Шаҳзода, Мирзо Фирўз, Мақсудҷон Ҳусейнов пайваста мадад мерасонд, ба нашри навиштаҳои онҳо мадад мерасонд. Шоҳмузаффар дар муҳити эҷодии рўзнома чун мураббии беғараз соҳибэҳтиром буд. Покиву ҷавонмардиҳои шогирдпарваронаи ў дар мақола ва хотираҳои бисёр азизони ҳақшинос бо арзи сипос ва ифтихор ёд шуда. Ва чун Шоҳмузаффар Ёдгориро ба ҳайси сармуҳаррири рўзномаи вилояти Кўлоб “Роҳи Ленинӣ” фиристоданд. Таҷрибаи Ғанӣ донишу фаҳмиш, ирода, масъулиятшиносӣ ва малакаву маҳорати хуби мураббигии ў натанҳо ба гирд овардану мутаҳид кардани эҷодкорон хонову пурмуҳтаво шудани рўзнома, балки солиму пурсамар гардидани муҳити адабии минтақаи Кўлоб созгор афтод. Як зумра рўзноманигорону адибон  ва драманависони хушқаламу фаъол маҳз дар ҳамон давра аз Кўлобшаҳр рўйи об баромаданд, ки асарҳояшон саҳнаи театрҳоро рангин карданд. Худи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ пас аз устод Файзулло Ансорӣ анъанаи достони драманависиро идома дод ва ду асар “Захм” ва “Ман барои ҳамаам”-ро эҷод кард, ки аз ҷиҳати мавзўъ ҷолибанд.

Дар солҳои печида ва пурмоҷаро ҳаёти давлату миллатамон аз рўи зарураш боз Шоҳмузаффар Ёдгориро ба Душанбе баргардонда, сармуҳаррири рўзномаи мўътабари “ Ҷумҳурият” таъин карданд. Ҳарчанд вай ба қавле “Писари ҳамин газета” буду фидоии матбуот дар айёми авҷи кашмакашу парокандагӣ ва ихтилофи назарҳо ба низому маҷрои дилхоҳ даровардани кори эҷодӣ, ба ҳайъати эҷодии рўзномаи овозадор сару бар шудану комёб гардидан, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда ба манфиати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷомаи амал пўшидани сиёсати ҳукумату роҳбари далати тозаистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар шумораро пурмазмуну ҳадафрас нашр кардан осон набуд. Ин кор дақиқназарии пайваста ва боз масъулияту дониши баланди сиёсӣ сармуҳаррирро тақозо мекард. Дар ҳар сурат рўзнома бояд рисолати муқаддаси сухани созанда ва ғояи таъмини бақои миллату устувории давлатро ба ҷо меовард. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо тамкину бурдборӣ фарзонагии баланди муошират бо ҳамқаламон, зиёда аз ин бо вафодорӣ ба халқу диёр аз ин имтиҳони ҷиддӣ сарбаландона гузашт ва ба андешаи Зебои ҳамкораш шоир ва рўзноманигори шинохта Абдулқодири Раҳим ба идораи рўзномаи «Ҷумҳурият» “… дар тирамоҳ баҳор овард”. Хизмати арзишманди касбӣ.

Зимнан Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз ҷавоншоирони пешсафи солҳои шастуми асри бист буд. Устод Мирзо Турсунзода соли 1968 дар мақолаи хеш (“Садои шарқ”) ба шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо самимият баҳо дода, онҳоро “… се шохаи пургули адабиёт “ номидааст. Воқеан Шоҳмузаффар низ он айём аз зумраи ҷавонадибони оташниҳоду бедордил ва ҳақталошу додхоҳ буд, ки дар сафи Лоиқ, Ғоиб Сафарзода, Валӣ Самад, Сорбон, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ… ба хотири дар пойтахт иҷозат додани фаъолияти нахустин муассисаи томактабӣ ё боғчаи кўдаконба забони тоҷикӣ ба ҳузури Раиси Совети Олии вақти Республикаи Тоҷикистон М.Холов арз бурданд. Падидаи аввалини ҷасорату ҳақталошии ҷиддии зиёиёни ҷавони тоҷик. Ҳарчанд ин кушиш натиҷае надод ва ба фишору хурдагирӣ дучор шуд, байни ҷомеа ғулғулаву овозаҳои бедорири паҳн кард.

Дар муҳити адабӣ аз қадамҳои нахустин навқалам танҳо бо ҷустуҷў ва назари тоза, ҷасорату бозёфт, ватанпарастиву миллатдустӣ, тараннуми эҳсоси худшиносӣ ва бедорӣ на танҳо аз ҷониби устодони сахтгир, балки ҳамқалами соҳибистеъдод пазироии гарм ёбад, бахти ў баланд аст. Хуш ба ҳоли Шоҳмузаффар ки ба чунин комёбӣ ноил гардида. Шоҳиди ин гуфта андешаҳои зебои таронаи Лоиқанд (1972): “Шеъри Шоҳмузаффар маҷмўаи умед бар дили навмедони боғи адабиёт буда, “Ман”-и шоир матонат ва ҷасорати бепоёни як роҳи шеър дар роҳи пуршебу фарози эҷод мебошад. Ман нахустпадидаи ин матонатро қабл аз Шоҳмузаффар дар сиёҳқаламиҳои Ғоиб Сафарзода дида будам. Ва мегуфтам, ки ҷасорат ва матонат дар шеър болу пари андешаи шоир буда, парваришгоҳ аввалин тавонбахши ҳунари ў мебошад. Дар андешаи он парваришгоҳе будам, ки Ғоиб ва Шоҳмузаффарро ба майдони адабиёт овардааст. Баъдан маълумам гашт, ки ин парваригоҳ мактаби миёнаи… деҳаи Кадучии… ноҳияи Восеъ буда, Шоҳмузаффар ва Ғоиб парвардагони ин парваришгоҳи овозадор буданд. Баъдтар ин андешаҳои Лоиқро хулосаи устод Мўъмин Қаноат, ки ҷавоншоирони солҳои шастуми асри бист бо мададу ҳидоятҳои эшон дар адабиётамон ҷову мақоме ёфта буданд, тавқият мебахшад. “…дар солҳои шасту ҳафтод ҳеҷ нафаре аз шоирони ҷавони он насл чун Шоҳмузаффар шеъри иҷтимоъро дақиқу ҳадафрас нагуфт”.

Ба гумонам устодони зиндаёд М.Қаноат ва Л.Шералӣ баҳои баландро он солҳо пас аз мутолиаи силсилаи шеърҳои Ш. Ёдгорӣ “ Ману ту”, “Фарзандон” ва “ Шаҳиди бахт” арзонӣ доштанд.

Роҳи эҷоди Ш.Ёдгорӣ фарозу шеб дошт. Рафтан ба хизмати дусолаи афсарӣ ва марги фоҷиавии ногаҳонии дўсти ҷониаш Ғоиб Сафарзода чанд сол ўро “ Гунг” кард. Ва боз солҳои зиёд чун сармуҳаррир дар матбуот содиқона хизмат кардан низ ба назарам ба равнақи эҷодиёташ чандон созгораш наафтод. Бо вуҷуди ин вай аз худ китобҳои шеъру достон, очерку мақолаҳои публисистӣ ба мерос гузошт. Аз рўйи мушоҳидаи банда Ш.Ёдгорӣ мутолиаи густурда дошт. Шоҳасарҳои адабиёти дунё махсусан насрро афзун мехонду меомухт. Вай солҳои охири умр пас аз шоҳид шудану чашидани заҳри ҷангу хушунатҳои шармовари дохилӣ тавонист насри муасирамонро бо ду романи хонданбоб ва ба талаботи жанр ҷавобгў: “Васваса” ва “ Талош” ғанӣ гардонад ва баҳақ барандаи ҷоизаи адабии ин Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шавад. Фазилатҳои эҷодиёт ва шахсияти Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ки ба синни мубораки 80 расид, бешак зиёданд. Ва боз чун ёду зикри хайр ба Шумо хонандагони азиз, чанд шеъри ўро пешкаш мекунем.

Абдулҳамид САМАД

Дигар хабарҳо