Нависандаи мутафаккир
Ба адабиёт ворид шудани устод Саттор Турсун қиссаест шигифтангезу ғайримаъмулӣ. Он вақт донишҷў буду хонандаи одии асарҳои бадеӣ ва ҳанўз касе ўро чун нависанда намешинохт. Рўзе чашмаш иттифоқан ба ҳикояе афтод, ки дар рўзномаи девории донишгоҳ ҷой гирифта буд ва ба қалами донишҷўи навмашқе тааллуқ дошт.
Ҳикояро ба диққати тамом хонд ва беибо, бо овози баланд таассуроташро ба забон овард: «Ҳамин ҳам ҳикоя шуд?! Ман агар хоҳам, дар як шаб ба ин монанд чанд ҳикоя менависам». Ў намедонист, ки муаллифи ҳикоя ин лаҳза дар канораш истода ва ҳарфашро шунида буд. — Агар ҳикоянависӣ ба ту ин қадар осон бошад, бинавис, ку бубинем чӣ хел менависӣ,- бо димоғи сўхта ба Саттор Турсун рў овард соҳиби ҳикоя.
Ҳарду ба баҳсу бигўмагў пардохтанд ва Саттор Турсун бо қатъият ваъда дод, ки худи пагоҳ ҳикояро навишта меорад. Дар давоми як шаб Саттор Турсуни бетаҷриба ва комилан навкор барои он ки назди он нависандаи ҷавон мулзаму забонкўтоҳ нашавад, ҳама зарфияту қобилияташро ба харҷ дода, ҳикояе навишт. Бо ҳамин ҳикояи нахустини навқаламона аз майдони баҳс пирўз берун омад ва аз ҳама аҷибаш ин ки ҳикоя ба дасти устодони наср расиду баъди муддате дар саҳифаи матбуот нашр шуд ва қисмати Саттор Турсунро абадан ба адабиёт пайваст.
Дақиқтар аст, агар бигўем, ки он рухдоди ғайричашмдошт омили таконбахше буд барои забона задани шуълаи истеъдоди нуҳуфта дар сиришти нависанда. Ва ин шуъла рўз аз рўз бештар аланга мезад ва ба атроф гармиву равшанӣ мебахшид.
Ҳамон ҳикояи кўчаки нахустин боис шуд, ки устод ба доираҳои адабӣ роҳ ёбад ва бо нухбагони адаб иртибот пайдо намояд. Ў аз ҷавонтарин касоне буд, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» дастбакор буданд ва дар оғози роҳ бо устодону дўстоне рў ба рў шуд, ки дар ҳама ҳолат пуштибонияш мекарданд.
Дар ин мактаби бузург устод Саттор Турсун аз дунболи бузургон роҳ мепўид ва аз онҳо сабақи инсониву эҷодӣ мегирифт. Тавре худи адиб дар суҳбатҳо иброз медошт, дар оғози роҳи пурпечу хами эҷод се шахсияти номвари замон — устодон Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Убайд Раҷаб, ки он солҳо сардабири «Садои Шарқ» буд, падаронаву муршидона сўи ў дасти инояту меҳрубонӣ дароз мекарданд ва дарси садоқату одамият медоданд.
Ҳамин мактаби бузурги адабиву инсонӣ ба шахсият ва осори устод Саттор Турсун таъсири зиёд гузошт ва ўро ба асолати ҳунару рисолати эҷодгарӣ ошно намуд…
Имрўзҳо вақте ки устод Саттор Турсунро бо ҳамон шаҳомату сару либоси ҳамеша мураттабу фохир, бо ҳамон ҷиддияту тамкини барозанда дар хиёбонҳои Душанбе мебинам, беихтиёр пеши назарам симои устодони бузурги адабиёт, ҳамонҳое, ки дар боло зикр шуданд, муҷассам мешаванд. Ба хаёлам, аз ниҳоду бунёди Саттор Турсун ҳамон рўшноиву гармии устодони адабиёт буруз мекунад ва ҳама атрофро фаро мегирад.
Ҳузури гарми ў муҳиту фазоро комилан тағйир медиҳад, ҷиддият дар як они воҳид дар ҳама ҷо ҳукмрон мегардад, чашмҳо ғайриихтиёр ба сўяш хира мешаванд ва ҳама ба суханони ҳамеша таҳдору пурбори ў гўш фаро медиҳанд. Суҳбати адиб ҳамеша ғайриқолабиву ғайричашмдошт, муассир ва хеле ҷиддӣ буд ва дар толор оҳанги ҳазлу шўхӣ шунида намешуд ва кас намеёрист, ки ин оромишу тамкин ва ҷиддиятро халалдор созад.
Ба назарам чунин менамуд, ки устод муаллими сахтгиру басиёсат асту аҳли толор донишомўзону таҷрибаандўзон. Ва агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, ин ҷиддияту тамкини солоронаро дар асарҳои устод, дар насри бисёр орому батааннии ў ба вузўҳи тамом дармеёбем. Аз рўи мушоҳидаи банда, ҳам дар асарҳо ва ҳам дар суҳбату мусоҳибаҳояш устод Саттор Турсун ҳамеша дар атрофи сарнавишт, тинату хислати инсон ва расми одамигариву башардўстӣ ҳарф мезанад ва аз хомиву нокомилии фарзанди одам ҳамеша азият мекашад. Ба қуллаи камоли рўҳониву маънавӣ расидани инсоният ормони меҳвариву ҳамешагии ўст. Ман шахсияти устод Саттор Турсунро ҳангоме амиқтар шинохтам, ки рўзе барои анҷом додани мусоҳиба ба хонааш меҳмон шудам. Рўзе буд дилкушову илҳомбахш ва барои суҳбат муносибу хушоянд.
Ман лабараторияи эҷодӣ ё худ устохонаи нависандаи дўстдоштаамро ба диққат мушоҳида кардам. Баргузидатарин осори нависандагони ҷаҳонӣ давродаври ҳуҷраи нимаравшанро фаро гирифта буданд. Ва мо рў ба рўи ҳам нишастему хостем суҳбатро шурўъ кунем. Дар ин асно дари хонаро касе нарм кўфт. Устод бархосту дарро кушод ва овози зану мард ба гўшам расид: -Салом, устод. Мо бо мушкиле наздатон омадем. Устод меҳмононро бо рўи кушод ба хона таклиф карду сари миз нишонд. Зани андаке солхўрдаву наҳифандом ба ў арзи муддао кард: — Устод, ин ҷавон писари ман, дар канори шаҳр дўконе дорад. Ду бародари дигараш маъюбанд. Падарашон ҳам бистарист, аз ҷояш хеста наметавонад. Ҳама бори рўзгорамон танҳо ба дўши худаш. Додситони ноҳия мехоҳад ба баҳонаи нодуруст будани ҳуҷҷатҳо аз дўкон ўро маҳрум кунад. Ҳол он ки сохторҳои масъул пеш аз ин ҳуҷҷатҳояшро дуруст медонистанд. Дасту поямон аз замину осмон канда. Намедонем додамонро ба кӣ гўем. Шунидем, ки шумо мушкили чандин корафтодаро ҳал кардаед. Бо умед наздатон омадем.
Устод ба суханони ҳасратомези зан бо диққат ва таҳаммул гўш дода, дилсўзона гуфт: -Ғам нахўред. Агар ҳуҷҷатҳои дўкон дуруст бошанд, илоҷи корро меёбем. Сипас бо нафаре телефонӣ суҳбат карду ба меҳмонон гуфт: — Ман бо як масъули ин сохтор суҳбат кардам. Ваъда дод, ки ёрӣ мерасонад.
Чеҳраи тирафоми пиразан аз ин суханони устод равшан шуд ва миннатдорона гуфт: -Илоҳо барака ёбед, устод, дарду ғама набинед. Меҳмонон рафтанду пеши худ андешидам: «Аҷабо! Чаро ин корафтодагон барои ҳал шудани мушкилашон на ба шахси мансабдору дастдароз, балки ба нависанда муроҷиат карданд? Онҳо ба яқин огоҳанд, ки сухани устод Саттор Турсун вазну таъсири дигар дорад, обрўву мавқеи ў ҳам дар назди давлатмардон ва ҳам мардуми одӣ дигар аст, суханашро касе ба замин намегузорад».
Мо сарриштаи суҳбатамонро ба даст гирифтем ва устод аввал аз ойини футуввату ҷавонмардӣ суханро шурўъ кард ва устод Фазлиддин Муҳаммидиевро ба ёд овард: «Ман шоҳид будам, ки устоди зиндаёд Ф. Муҳаммидиев боре ба як пиру кампири бекасу бенаво аз дилу ҷон дасти ёрӣ дароз карда буд. Вай борҳо пеши одамони ҳукумат рафта, вақташро бисёр сарф карда, гоҳо асабӣ шуда, ба он пиру кампири бекас, тамоман бегона, ки навбаташон расида бошад ҳам, ду-се ҳаромхўр аз вуҷуди адолат чашм мепўшидаанд, хона гирифта дод. Баъди чанд сол, ҳангоме пирамард аз олам гузашт, ҷома пўшидаву миён баста, чун писари баномус маросими дафни ўро муносиб ба ҷо овард. Ҳатто чилашу солашро ҳам гузаронд. Билкул аз ҳисоби худаш. Агарчи марҳум аз зани аввалааш фарзанди дастрас дошт… Саъдии бузургвор беҳуда нагуфтааст:
Дареғаш махур бар ҳалоку талаф,
Ки пеш аз падар мурда беҳ нохалаф!
Аз суханони пурҳарорати устод дарёфтам, ки ў мекўшад дар ҳама ҳол ба ҳамон оини некуву писандидаи устоди хеш содиқ бошад ва барои пирўзии адолат ва таҳаққуқ ёфтани ормонҳои кўтаҳдастон ба қадри тавони хеш ёрмандӣ намояд ва рисолати инсониву эҷодияшро ба ҷой орад. Ў ба қавли худаш «максималист» аст, мехоҳад инсонҳо ҳама нек, олам гулистон ва рўи замин аз олудагиҳо пок бошад. Аз ин рў, виҷдони бедораш ҳамеша дар азоб аст ва мо нидои виҷдони ўро аз асарҳояш мешунавем.
Суҳбати мо вақте ки ба адабиёт вобаста мешуд, устод оҳи амиқе кашида, лаҳзае андешамандона сукут меварзид ва ман аз паси дуди сигори дасташ чашмони маҳзуни ўро медидам: «Асарҳои бақуввати бадеӣ акнун натанҳо дар диёри мо, балки дар дигар кишварҳо низ кам пайдо мешаванд. Барои он ки мардуми олам аксар рў ба чизҳои сабук овардаанд, яқин ҳар навъ созу наво, рақсу бозӣ ва зўр озмуданҳои баҳангомаро авло медонанд. Имрўз марде, масалан, майдон гирифта, каси дигарро зада нимҷон мекунад, ҳатто мекўшад. Ҳазорон нафар ба ҳунари он гарданкаш офарин хонда, ба шўру мағал кафкўбиҳо мекунанд. Ва масъулони сабқат ба вай як миллиону ду миллион доллар ё аз ин ҳам зиёдтар мукофот дода, худ аз ҳисоби мардум ва шартномаҳо ба васоити ахбори омма маблағи ҳангуфт ба даст меоранд. Андеша намекунанд, ки чунин варзиш ба садҳо миллион наврасу ҷавонони ҳанўз нопухта чӣ таъсири бадфарҷом дорад. Муҳиммаш, сарвати бедардимиён ёбанд… Чанд сол қабл дар кадом рўзномаи Русия суҳбати як журналистро бо ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ Арнолд Швартсеннегер хонда будам. Вай мегўяд «аз филмҳое, ки ман нақш офаридаам, касе одамигарӣ намеомўзад, баръакс — ҳар қадар тамошо кунад, ҳамон қадар бераҳм мешавад. Намондаам, ки аз онҳо ягонтаашро писаронам бинанд. Вале азбаски ҳаққи заҳмати ман дар ҳар филм якуним-ду миллион доллар аст, ба хотири таъмини зиндагӣ таҳиягар ҳар чӣ фармояд, ба сомон мерасонам. Дар айни замон ҳамеша омодаам ҳатто бе подоши заҳмат нақш офарам, ки ҳақиқатан муассир бошад; дунёи пур аз муҳаббати инсониро тараннум карда, ибратомўзи ҷавонон гардад. Аммо филмбардорони бақувват маро қабул надоранд.
Мегўянд, ту аз ҳунари актёрӣ фарсахҳо дурӣ, ту ҳамагӣ як муштзанӣ»… Устод, дар ҳоле, ки бо дастони андаке ларзонаш сигорро ба хокистардон пахш мекард, лахте хомўш истоду ба нуқтае чашм дўхт ва андешаҳояшро дар ин бобат чунин хулоса кард: «Дар замони муосир ба бинои одамият, ба ташаккули ахлоқи шоистаи ҷавонон, хоса ба рафтору кирдори безарари наврасон се чиз таҳдиди сахт дорад: рақсу сурудҳои ба ном эстрадии фаҳш, филмҳои ҳадафашон зўроварии омехта ба алоқаҳои ҷинсии ваҳшиёна, ниҳоят ҷангҳои беқоида, ки хоҳ-нохоҳ дар вуҷуди кас ғаризаи бераҳмӣ меангезанд».
Масъалаи дигаре, ки нависандаро ҳамеша ба изтироб меораду нигарон мекунад, муҳтоҷӣ ва дасткўтоҳии адибон мебошад, ки дар замони мо зиёд мушоҳида мешавад.
Ў бо ҳасрат гузаштаро ба ёд оварда, аз ҷавонмардони саховатпешае гап мезанад, ки бузургони адабиётро сарпарастиву пуштибонӣ мекарданд: «Ҳоло ба ёдам омад, ки дар Русияи подшоҳӣ Маркс ном як ношир буд.
Охири асри нуздаҳ, ҳангоме бемории Чехов авҷ мегирад ва обу ҳавои канори Баҳри Сиёҳро ягона даво медонад, ин Маркс ба вай дар Ялта хонае харида медиҳад, монанди қаср. Бо боғи калону кулли дигар шароиташ. Ба шарте ки пас аз марг ҳуқуқи чопи осори Чехов ба ихтиёри ношир мегузарад… Адиб гирифтори сили шуш буд. Давои ин дард танҳо солҳои сиюми асри мозӣ, баъд аз ихтирои пенсилин пайдо шуд.
Биное, ки Маркс барои наҷот додани нависанда харид, дар аҳди шўравӣ ҳам яке аз хонаҳои эҷодии адибони мамлакат буд, ҳам манзили истироҳат. Устод Саттор Турсун дар мавриди кори ҳунарӣ ҳамназари Пушкин аст, ки гуфта буд: «Шоир бояд ҳамёни пур дошта бошад ва хотири ҷамъ».
Ба назарам, ҳақталабӣ, ҷўёиву пўёиву кўшоӣ ва муносибати хеле ҷиддии устод Саттор Турсун ба кори ҳунарӣ олитарин намунаи ибрат аст, ба вижа барои адибони ҷавоне, ки ин корро саҳлу сода мепиндоранд. Вақте ки дар суҳбати мо дар бораи чигунагии осори бадеӣ ва ҳунари нависандагӣ сухан мерафт, устод воқеаеро нақл кард, ки ҳаргиз наметавонам фаромўш кунам: «Рўзе ба як дўстам занг задам. Гўширо писари хурдсолаш бардошту гуфт: -Шумо кӣ? Шўхиомез ҷавоб додам: — Ман дев. Вай дарҳол гуфт: -Дурўғ мегўед, дев ба забони тоҷикӣ гап намезанад». Устод баъди нақли ин воқеаи зоҳиран беаҳаммият гуфт: «Агар жарфтар биандешем, мефаҳмем, ки «Дев ба забони тоҷикӣ гап намезанад», ҳарфи хеле таҳтониву пурмаънист. Яъне забони мо забони фариштагон аст, забони деву дад нест, покизагиро меписандад. Ва боз чанд маънии дигарро аз он метавон дарк кард. Ва ин ҳама ғайричашмдошт аз забони кўдаке садо дод. Асари бадеӣ бояд ҳамин гуна гардишҳои ногаҳониву ғайриинтизор дошта бошад».
Толиби ЛУҚМОН