ҚАДРДОНИИ АДИБОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ БУЗУРГ

 ҚАДРДОНИИ АДИБОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ БУЗУРГ

6-уми сентябри соли равон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳ адибони тоҷик бо мукофоту ҷоиза ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар оғози ҷаласае, ки ба ин муносибат дар толори ИНТ баргузор гардид, бо фармони Пешвои миллат мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода ба нависандаи бачаҳо, мудири бахши адабиёти кўдаки ИНТ Азизи Азиз медали «Хидмати шоиста» супорид.

Сипас адибоне, ки соли равон барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсун- зода шуда буданд, бо диплом ва нишони ҷоизаҳои мазкур сарфарозгардонида шуданд. Аз ҷониби муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба барандагони Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ – Муртазо Зайниддинзода, Қодири Рустам, Абдуғаффори Абдуҷаббор ва ба барандагони Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода – Хайриддини Хайрандеш, Абдуҷаббори Суруш, Муҳриддин Сабурӣ ва Толиби Луқмон дар фазои тантанавӣ диплому нишонҳои мазкур супорида шуданд.

Дар охир озмуни шеър, ҳикоя, драма ва публитсистикаи беҳтарин, ки се сол пеш ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид. Аз бахши назм шоирон Камол Насрулло, Шаҳрия Аҳтамзод ва Иззатбек Идизод, аз бахши наср нависандагон Абдулҳамид Самад, Мираҳмади Амиршоҳ ва Сайидаҳмади Зардон, аз бахши драма нависанда ва драматург Ато Ҳамдам ва аз бахши публитсистика нависанда ва публитсист Бахтиёри Муртазо ғолиб дониста шуда, соҳиби ифтихорнома ва мукофоти пулӣ гардиданд.

«АС»

Дигар хабарҳо