АРҶГУЗОРӢ БА УСТОД СОТИМ УЛУҒЗОДА
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи нависандагони кишвар ва кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филология конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо унвони “Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ” баргузор шуд, ки дар он муҳаққиқони саршиноси адабиёт натанҳо аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, балки берун аз марзҳои он иштирок доштанд.
Сараввал меҳмонону иштирокдорон дар Лучоб оромгоҳи устодро зиёрат карданд.
Дар оғози конфронс профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳузури мубораки меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода аз аҳамияти баргузории чунин ҳамоиш афкори ҷолиб баён кард.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён баъди хондани номаи табрикии вазири маориф ва илм роҷеъ ба маърифати баланди забондониву забоншиносии устод Улуғзода дар мисоли насри таърихияшон сухан гуфт.
Профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ оид ба пайвандҳои ҷуғрофиёӣ ва миллии осор ва андешаи бузургвор изҳори назар кард. Меҳмони норвежӣ Фарида Аҳмадӣ дар мисоли романи “Фирдавсӣ” иттилои илмӣ дод.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа аз фазилатҳои шахсӣ ва асрори номи наку ба ёдгор гузоштани устод Улуғзода ҳарф зад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз хотироти хеш дар мавриди устод Улуғзода ва шуҳрати беназири ў ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди фавташ ёдовар шуд.
Оид ба муносибати эҷодии Сотим Улуғзода бо Аҳмади Дониш ва сабабу авомили ин пайванд профессори Донишгоҳи омўзгории пойтахт Аъзам Худойдодов маърўза кард.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ саҳнае бар асоси “Ривояти суғдӣ” аз ҷониби донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоиш дода шуд. Дар охир ҳунармандони ҷавони ансамбли халқии “Наврўз”-и ДМТ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.