ДАР ТОШКАНД БАЙНИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО МЕРАСАД

Дар доираи баргузории  конфронси байналмилалии « Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири  ӯзбек  дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он», ки рӯзҳои  7-8 август дар шаҳри Тошканд доир мешавад,  байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти  тафоҳум оид ба ҳамкорӣ  ба имзо  мерасад.

Дар ин хусус дар  шаҳри Тошканд зимни  суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини раиси Итифоқи нависандагони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки  дар ҳамоиши мазкур  беш аз 40 нафар намояндагони  25 давлати дунё – шоирону нависандагон, адабиётшиносон иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ин конфронс раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим намояндагӣ мекунад.

Бо дахли равобиту ҳамкории мутақобилан судманди  илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо афзуд, ки мардумони ду кишвар тӯли ҳазорсолаҳо дар паҳлӯи ҳам дӯстона зистаанд, аз як дарё об нӯшидаанд, бо  ҳамдигар  аҳди дӯстиву бародарӣ доранд.

«Мо ба дӯстиву робитаҳои  шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангии ҳар ду кишвар, ки занҷираҳои он аз замони шоирони барҷастаи адабиёти классикии  тоҷику ӯзбек  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ  пайваст гардида, сарчашма гирифтаанд, арҷ мегузорем. Ин шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, ба мисли   Садриддин Айнӣ,  Абдулло Қодирӣ,  Ғафур Ғулом,  Муъмин Қаноат, Мирзо  Турсунзода,  Миртемир, Зулфия,  Гулрухсор Сафиева  ва боз даҳҳо  шахсиятҳои шинохтаи ҳар ду миллатанд», —  иброз дошт  Минҳоҷиддин  Мирзо.

Назар ба андешаи ӯ, маҳз бо шарофати  саъю талош ва иродаи сиёсии Роҳбарони баландпояи давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев  робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду кишвари дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон густариш ёфта,  вориди марҳилаи нав гардидааст, ки ин раванд аз ояндаи дурахшони равобити илмию фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек, ки дорои муштаракоти фарҳангианд, шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари ҳайати баландпояи намояндагони илму фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз 1 то 4 августи соли равон доир гардид, ҳайати фарҳангии Тоҷикистон аз Итифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ки  дар муҷтамеъи «Адиблар хиёбонӣ»  воқеъ  аст,  боздид намуда, бо шоирону нависандагон ва аҳли эҷоди кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон  мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи равобити илмию фарҳангии ду давлатро баррасӣ карданд.

Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»,Душанбе -Тошканд

Дигар хабарҳо