МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.

 300 нафар кормандони соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени Зарринтоҷ дараҷаи II, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаҳои I ва II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, унвонҳои фахрии «Нависандаи халқии Тоҷикистон», «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дигар хабарҳо