НУРИ ҶАМОЛИ АЙНӢ

Бо иштироки адибон, донишмандон ва пайвандони устод Камол Айнӣ ба муносибати 90-солагии мавсуф дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти номи «Саҳми Камол  Айнӣ дар ҷамъоварию интишори осори устод Садриддин Айнӣ» баргузор гардид, ки дар он муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа, адабиётшинос ва шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, мунаққид ва адабиётшиноси шинохта Абдураҳмони Абдуманнон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ аз ҷониби Ато Мирхоҷа бо суханҳои муқаддимавӣ дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии Камол Айнӣ ва муаррифии хешовандони ҳузурдоштаи марҳум ифтитоҳ гардид. Сипас Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар баромади худ аз паҳлуҳои муҳимми илмиву адабӣ, бахусус фаъолияти матншиносии олим ёдовар шуда, саҳми ӯро дар таҳия ва осори устод Садриддин Айнӣ арзанда ва шоистаи эътироф арзёбӣ кард.  Дар хусуси  хизмати Камол Айнӣ дар таҳия ва чопи «Намунаи адабиёти тоҷик» бо хати арабиасоси форсӣ  ва куллиёти осори устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.

Абдураҳмони Абдуманнон нақши Камол  Айниро дар густариши робитаҳои адабӣ бо чанд ҷумла баён намуда, сипас бо ёддошту хотираҳои худ аз ҳаёти мавсуф маҳфилро рангин намуд. Дигарон низ андешаҳои худро дар атрофи мавзӯъ баён дошта, бо ёдоварӣ аз хотираҳои худ  рӯҳи марҳумро шод гардониданд. 

М. САБУРӢ

Дигар хабарҳо