СОЛНОМАИ ФАРҲАНГУ АДАБИ ТОҶИКИСТОН
Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак ба қуллаи 90-солагӣ расид.
Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию фарҳангӣ низ нуфуз карда буд, номи ин маҷалла “Барои адабиёти сотсиалистӣ” шуд, ки ба сурати мухтасар “БАС” низ қайд мегардид. Аз соли 1934 то 1964 маҷалла унвони “Шарқи сурх”-ро дошт ва аз шумораи 5-уми соли 1964 то имрӯз бо номи “Садои Шарқ” интишор меёбад. Дар тӯли ин таърих танҳо бо шурӯъи Ҷанги бузурги Ватанӣ аз соли 1941 то 1945 чопи маҷалла қатъ гардид ва аз соли 1946 боз интишори он давом ёфт.
Бо оғози нашри ин маҷалла пойдевори мустаҳками матбуоти фарҳангию иҷтимоии тоҷик гузошта шуд ва он ба навъе тамоми талошҳои дар ин роҳ харҷшударо дар худ ҷамъ карду идомаи устувор бахшид.
Устод Садриддин Айнӣ, ки дар таъсис ва таҳрири маҷалла нақши асосӣ ва аз ибтидо ҳидояти маънавӣ ва ҳатто роҳнамоиҳои фаннии онро бар ӯҳда дошт, яке аз собиқадортарин кормандони матбуоти тоҷик Собит Манофзодаро бо унвони котиби масъули маҷалла ба ин вазифаи муҳим ҷазб карда буд. Собит Манофзода дар бораи ҳадафҳои “Раҳбари дониш” менависад: “Ин журнал аз аввалин рӯзҳои нашр шуданаш вазифаи бисёр муҳимро ба уҳда гирифта буд. Журнал агарчи асосан тамоюли педагогӣ гирифта буд, лекин эҳтиёҷи муаллимонро… ба назар гирифта, адабиёти нави тоҷикро ба майдон ниҳода, инкишофи онро лозим медонист”.
Адабиёти тоҷик ба воситаи ин маҷалла дарвоқеъ майдони васеъи эҷод ва коргоҳи маҳорат пайдо намуд. Ҷамъ омадани беҳтарину фаъолтарин истеъдодҳои адабӣ перомуни маҷалла заминаи мусоидро барои ташкили Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фароҳам сохт.
КОНУНИ АДАБИЁТ. Тавре ки Собит Манофзода ёдоварӣ кардааст, дар ҳақиқат ин маҷалла бо вуҷуди вазифаҳои зиёд, пеш аз ҳама, як маҷаллаи адабӣ буда, сол ба сол саҳми осори адабӣ ва адабиётшиносӣ дар он афзоиш ёфтааст. Муҳимтарин осори адабии устод Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Мунзим, Ҳаким Карим, Раҳим Ҳошим ва дигар нависандагони насли аввали адабиёти навини тоҷик дар он ба чоп расида аслҳои амалии мактаби адаби муосири тоҷикро устувор сохтанд. Агар ин насли адибон бо маҳсули расида ва пухтаи таҷрибаҳои эҷодии худ вориди майдони нашрия шуда бошанд, пас наслҳои баъдӣ ба он чун ба як мактаб ва парваришгоҳи ҳунари адабӣ омадаанд. Осори ҳамаи онҳо асосан дар “Садои Шарқ” (“Шарқи сурх”) ба чоп расида, балки беш аз ин, дар саҳифаҳои ин маҷалла такмил ва пухта шудааст. Зеро ҳам пеш аз чоп ва ҳам баъд ин асарҳо мавриди баҳсу баррасиҳои мутахассисона қарор гирифта, пас аз он ба сурати китоб даромадаанд. Ёддоштҳо, қайдҳо ва номаҳои устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Пӯлод Толис, ки бевосита дар саҳифаҳои маҷалла ҳамзамон ё баъдтар ба чоп расидаанд, ин ҷараёнро ба таври зинда муҷассам месозанд.
Метавон гуфт, ки тақрибан тамоми осори насли дувуми адабиёти муосири тоҷик, хусусан, Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дар умум ҳамаи намояндагони барҷастаи адабиёти навини тоҷик дар саҳифаҳои “Садои Шарқ” дарҷ аст. Беш аз ин, бидуни мутолиаи ин осор дар “Садои Шарқ” вижагиҳои ҷараёни ташаккули маънавӣ ва ҳунарии онҳоро муайян кардан имконпазир нест. Барои намуна танҳо муқоисаи матни достони “Сурӯши Сталинград”-и Муъмин Қаноат, ки аввал ба таври мухтасар дар рӯзнома ва муддате баъд дар “Садои Шарқ” ба нашр расидааст, нишон медиҳад, ки адибони мо пеш аз чопи осорашон дар ин маҷалла то чи ҳад ҷиддан рӯйи матни он кор мекарданд. Хонандаи тоҷик бо осори тақрибан тамоми адибони давраи навин, аз ҷумла Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулрухсор, Абдулҳамид Самад, Муҳиддин Хоҷазод, Сорбон, Ҳақназар Ғоиб, Урун Кӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Салимшо Ҳалимшо, Мастон Шералӣ, Султон Шоҳзода, Гулназар, Камол Насрулло, Ҷонибек Акобиров, Назри Яздонӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Ширин Бунёд, Низом Қосим, Сайф Раҳимзод, Барот Абдураҳмонов, Баҳманёр, Диловари Мирзо, Муҳаммадраҳими Сайдар, Юнус Юсуфӣ, Саидаҳмади Зардон, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Аҳмадҷони Раҳматзод, Неъмат Оташ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Мӯҳтарам Ҳотам, Зиё Абдулло, Ато Мирхоҷа, Сиёвуш, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Давлати Раҳмониён, Абдуқодири Раҳим, Файзи Ашӯр, Аҳлиддин Ҳисорӣ, Озар, Озарахш, Раънои Мубориз, Адиба, Гулноз, хулоса ҳамаи чеҳраҳои адабии шинохтаи имрӯз беш аз ҳама ба воситаи “Садои Шарқ” муаррифӣ шудаанд. Навиштаҳои ҷавонтарин аъзои Иттифоқи нависандагон, ки дар айни ҳол муваффақтарин адибони ҷавон ба шумор меоянд, аз ҷумла Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Баҳманёр Муродӣ, Баҳром Раҳматзод, Бузургмеҳри Баҳодур бештар ва пештар аз ҳама ба воситаи “Садои Шарқ” муаррифӣ шуда ва як силсила истеъдодҳои ҷавоне, низ ки ҳанӯз ба узвият пазируфта нашудаанд, аз ҷумла Бузургмеҳри Ҳаким, Мафтунаи Қосим, Шоҳбегим, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Мирзо Наврӯз пайваста бо намунаҳои хуби осори адабии худ дар маҷалла иштирок доранд ва хонандаро ба ояндаи равшани адабиётамон умедвор месозанд. Маҷалла дар солҳои гузашта барои ривоҷи суннатҳои истеъдодпарварӣ ва ҷазби адибони ҷавони лаёқатманд, ки ҳамеша яке аз бахшҳои муҳимми кори ҳайати эҷодии он буд, талош намудааст. Ба ин суннати дерини нашрия яке аз муаллифони собиқадортарини “Садои Шарқ” Жола Бадеъ пештар дар паёми табрикии худ ишораи шоиронае дорад:
“Садои Шарқ”, дуруди маро, саломи маро,
Умеди поки маро, беҳтарин паёми маро
Расон ба шоири фардо, ки баъди ман ояд,
Ба булбуле, ки бад-ин ҷовидон чаман ояд.
Нақди асарҳои чопшуда дар “Садои Шарқ” намунаи дигаре аз эътибори ин асарҳо мебошад. Зеро агарчи чопи маҷалла ҳанӯз чопи ниҳоӣ нест, мунаққидону адабиётшиносон ҳамеша маводи адабии интишорӣ дар ин маҷалларо бо ҷиддияти тамом мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, ба ин восита боиси рушду камоли ҳунари адибон ва ҳамзамон донишу завқи хонандагон гардидаанд. Мақолаҳои ҷомеъ (обзорӣ) ва алоҳида, тақризҳои адабиётшиносони варзида Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Раҳим Ҳошим, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Холиқ Мирзозода, Худоӣ Шарифзода, Аълохон Афсаҳзод, Раҳими Мусулмониён, Абдунабӣ Сатторзода, Худойназар Асозода, Маъруф Раҷабӣ, Ҷӯрахон Бақозода, Аламхон Кӯчаров, Абдураҳмон Абдуманнон, Аскар Ҳаким, Юсуф Акбарзода, Абдухолиқ Набавӣ, Ҷамолиддин Саидзода дар давраҳои гуногуни рушди адабиётамон барои собит гардидани аслҳои арзишии маърифат ва ҳунари адабӣ, эҷоди муколамаи фаъол миёни ҷомеа ва адиб нақши муҳим доштаанд. Дар ин миён номаҳои таҳқиқӣ ва умумии адибони ботаҷрибаамон ба якдигар низ, ки пайваста дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расида ва ахиран бисёре аз онҳо дубора чоп шудаанд, аҳаммияти фавқулода доранд. Хусусан, мукотибаи устод Айнӣ бо Абулқосим Лоҳутӣ ва номаҳои дигари устод Айнӣ ба адибони тоҷик, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Камол Айнӣ ва дигарон дорои қимати рӯзафзуни илмию адабӣ буда, бисёр нуқтаҳои торики таърих, таърихи адабиёт ва назарияи адабиро равшан мекунанд. Ин ҷиҳатро ба назар гирифта, дар соли ҷорӣ дар силсилаи маводе, ки ба муносибати 90-солагии “Садои Шарқ” ба табъ мерасид, ба дарҷи ин номаҳо аҳаммияти махсус дода шуд.
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ. Амри Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2005 дар хусуси Нашрияи миллӣ эълон намудани “Садои Шарқ” асоси амиқи таърихӣ дорад, ки дар сафҳаҳои ин нашрияи куҳанбунёд ба таври амалӣ ва дурахшон инъикос ёфтааст. Пеш аз ҳама, ин нашрия бо нияти амалӣ кардани ормонҳои ҳувият ва истиқлоли маънавӣ ташкил шуда, воситаи пуртаъсири ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, хусусан забону адабиёти тоҷик гардидааст. Гузашта аз ин, аз шумораҳои нахустин сар карда, ин нашрия саҳифаҳои худро ба майдони пайкорҳои илмию маънавӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлоли сиёсию маънавӣ, забони ноби тоҷикӣ табдил додааст. Танҳо як силсила мақолаҳои марбут ба ин масъалаҳо, ки аз шумораҳои гуногуни ин нашрия бо пешгуфтори адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ “Масъалаҳои миллӣ дар маҷаллаи “Раҳбари дониш” дар “Садои Шарқ” имсол дубора ба табъ расидааст, чун “мушт намунаи хирвор” метавонад далели равшани ин гуфтаҳо бошад: Абдулқодир Муҳиддинов. “Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё узбак?”; Аббос Алиев. “Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он”; Мӯминхоҷа. “Боз ҳам дар хусуси масъалаи миллатчигӣ”. Дар ин мақолаҳо муаллифон дар сатҳи баланди илмию таҳқиқотӣ ва бо далелҳои қотеъ аз ҳуқуқи табиӣ ва одилонаи миллати худ дифоъ кардаанд ва бисёр аз далелҳо ва хулосаҳои илмии онҳо имрӯз ҳам дорои аҳаммияти хос мебошанд.
Ҳамеша дар баробари нашри беҳтарин намунаҳои адабиёти миллӣ “Садои Шарқ” ба ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои ҳаққонии миллию мардумӣ талош намудааст. Дар бахши таҳқиқот агар ин кори муҳим ба воситаи пажӯҳишҳои дақиқу равшанбинонаи илмӣ дар хусуси таърих, мероси адабӣ (ҳамчунин нашри беҳтарин намунаҳои мероси адабӣ), забони модарӣ, ҳунарҳои нафисаи миллӣ ва ғайра амалӣ гардида бошад, дар бахши иҷтимоӣ ба муҳимтарин таъсисоти зербиноии миллӣ таваҷҷуҳи хос дода шудааст. Аз ҷумла дар баробари осори бадеии манзуму мансур чандин очерку мақолаҳо дар бораи сохтмони Вахш (Вахшстрой), канали Ҳисор, аввалин роҳҳои оҳан, корхонаҳои бофандагӣ, аз ҷумла корхонаи қолинбофии Қайроққум, таъсиси саноати пахта, корхонаи арзизи Турсунзода, корхонаи химиявии Ёвон, нерӯгоҳҳои барқ, хусусан, нерӯгоҳҳои азими Норак ва Роғун осори адабӣ, таҳқиқотӣ ва иҷтимоии (публитсистии) фаровоне ба табъ расидааст, ки бисёре аз онҳо ҳамеша аҳаммияти худро нигоҳ медоранд ва аз ҷиҳатҳое омӯзанда мебошанд.
Ин анъанаро бахши иҷтимоиёти маҷалла беш аз пеш идома медиҳад, ки силсилаи очерку мақолаҳои иҷтимоии муаллифони доимии он, хусусан Бахтиёр Муртазоев, Шералӣ Мӯсо, Раҷаб Мардон, Холназар Муҳаббатов, Ҳусейн Аброров, Ҳасан Асоев ва дигарон гӯёи ин ҳақиқат мебошад. Ҳамовоии адибону иҷтимоиянигорон ба воситаи “Садои Шарқ” бо тадбирҳои муҳимми давлатию миллӣ ва байналмилалӣ, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи Роғун, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, даҳсолаи “Об барои рушди устувор” ва дигар тадбирҳои саривақтие, ки барои ҳифзи анъанаҳо ва арзишҳову манфиатҳои миллӣ пураҳаммият ҳастанд, аз тарафи ҳайати эҷодии маҷалла ҳамеша ташвиқ ва ҳимоя мешавад.
РОБИТАҲОИ АДАБӢ. Яке аз ҳадафҳои асосии нашрия аз оғози фаъолияташ бо номи “Дониш-биниш”(“Раҳбари дониш”) дар баробари нашри асарҳои адибони тоҷик, ошно кардани мардум бо беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон буд. Бино бар ин, дар нахустин шумораҳои ин нашрия тарҷумаи асарҳои адибони оламшумул Л.Н.Толстой, А.П.Чехов, А.М.Горкий, Р.Такур ба табъ расидааст, ки оғози неки як кори азими эҷодӣ буд. Бо як назар ба феҳристи комили “Садои Шарқ”, бо фаро гирифтани ҳамаи давраҳои номгардонияш маълум мегардад, ки пайдо кардани кишваре ва миллате, ки аз адабиёти он намунае ба тоҷикӣ чоп нашуда бошад, корест душвор. Осори адабие, ки аз беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон интихоб ва аксаран аз тарафи боистеъдодтарин адибони тоҷик тарҷума шудааст, ганҷи пурбаҳоест. Хеле аз ин тарҷумаҳо танҳо дар ҳамин саҳифаҳои “Садои Шарқ” боқӣ монда, дар ҷойи дигар идомаи чоп наёфтаанд. Ин тарҷумаҳо аз чанд ҷиҳат дорои аҳаммият буданд ва ҳастанд: воситаи ошноии халқи тоҷик ба адабиёт ва ба ин восита рӯзгору фарҳанги халқҳои ҷаҳон, воситаи ҳамкориҳои фарҳангии дӯстона, мактаби ҳунари эҷодӣ, хусусан, барои адибони навомӯз. Гузашта аз ин, тарҷумаҳо воситаи амалие барои ошкор кардани зарфиятҳо ва назокатҳои забони адабиёти тоҷик ҳам мебошанд, ки ин нуктаро аз тавсияҳои устод Айнӣ ба тарҷумонҳо дар зимни нақди тарҷумаи онҳо ба хубӣ метавон дарёфт.
Намунаҳои адабиёт ва осори адабиётшиносии ҳамзабононамон яке аз қисматҳои пураҳаммият ва ҳамеша хондании онро ташкил медиҳад. Гуфтанист, ки номгардонии охирини нашрия бо унвони “Садои Шарқ” шоҳиди тақвияти рисолати маҷалла дар ин самт мебошад. Ин як ҳақиқати машҳури таърихист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои таъсис “Дарвозаи Шарқ” номида шуда буд, зеро ин кишвари куҳанасли тозабунёдро намунаи фарҳанги нави иҷтимоӣ барои кишварҳои Шарқи куҳан медонистанд. Дар асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва Мирзо Турсунзода ин мавзӯъ ба сурати бевосита таҷассуми бадеӣ ёфтааст. Ба ин восита мавзӯи байналмилалӣ, хусусан дар самти Шарқ, ҳамеша яке аз нуқтаҳои қуввати адабиёти тоҷик буд. Дар айни ҳол маҷалла тақрибан дар ҳар яке аз шумораҳои худ аз адабиёти кишварҳои Шарқу Осиё, хусусан Шарқи ҳамзабон осори зубдаеро ба табъ расондааст. Имрӯз мо дар баробари ҳамзабонони худ барҳақ ифтихор дорем, ки ошноии хонандаи тоҷик бо адабиёти онҳо бештар ва муфассалтар аз ошноии онҳо бо адабиёти тоҷик мебошад.
Ин анъанаи нек дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ташаббусҳо ва барномаҳои фарҳанггустарӣ дар сатҳи болои ҳукуматӣ ривоҷи бештар касб намуд. Намунаи хуби он таҷлили байналмилалии шахсиятҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, ҷашнҳои муштараки таърихию миллию фарҳангӣ мебошад, ки ҳамеша, бахши муҳимме аз онро адабиёт ташкил медиҳад. Дар ин бахш Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз дар соли 2016 бо дастгирии Ҳукумати кишварамон қобили ёдоварии вижа мебошад, ки адибон ва муҳаққиқону ҳаводорони адабиёту фарҳанги тоҷикӣ-форсиро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон гирд овард ва заминаи хуберо барои таҳкиму идомаи робитаҳои адабию фарҳангӣ эҷод кард. Нашрияи миллии “Садои Шарқ” шумораи наврӯзии соли 2016-и худро махсуси ин ҳамоиш ва маводи он намуд ва дар шумораҳои баъдӣ ҳам аз он мавод истифода кард.
Ҳамчунин бештари саҳифаҳои шумораи ёздаҳуми имсолаи маҷалла, бо пешниҳоди расмии адибони ҳавзаи Самарқанд ба муносибати 90-солагии “Дониш-биниш” – “Садои Шарқ” ба дарҷи осори адибони ин ҳавза махсус гардид, ки чунин иқдом собиқа надошт.
Дар ин шумора низ, ки махсус ба таҷлили 90-солагии “Садои Шарқ” аст, бо вуҷуди маҳдудияти сафҳаҳо барои фаро гирифтани манзараи кулии нашрия, таҳиякунандагон кӯшиш карданд то мавод тавре мавриди интихоб қарор бигирад, ки умдатарин вижагиҳои маҷалла муаррифӣ бишавад. Танҳо дар мавриди устод Абулқосим Лоҳутӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷашни 130-солагии ин адиби забардаст, ки барои адабиёти навини тоҷик хидматҳои бедареғ кардааст, ба таври истисно чанд матлаб пайиҳам дарҷ гардид, ки дар айни ҳол ёдгоре аз муаллифони ин мавод ҳам ҳастанд.
Хулоса, “Садои Шарқ”, баъди паймудани роҳи навадсолаи пурфарозу фуруд ва вартаҳои муҳлики таърихӣ, ҳамчунон пурбору пирӯзманд ба соҳили амни истиқлоли комили миллӣ ва маънавию фарҳангӣ расида, дар пеши рӯйи худ уфуқҳои васеъро мушоҳида менамояд ва умед аст, ки дар роҳи хидматгузорӣ ба халқу Ватан ояндаи басо фараҳбахштару саодатмандтар дошта бошад. Бо гиромидошти ёду хотири ҳамаи ходимони равоншоди нашрия муаллифон ва хонандагони азизро аз тарафи ҳайати таҳрир ва ҷамъи кормандони “Садои Шарқ” ба ин муносибати фархунда муборакбод мегӯем ва барояшон умри пурбаракат ва дастовардҳои дурахшони эҷодӣ орзу менамоем.
САДОИ ШАРҚ.№12-2017
Рустам Ваҳҳобзода