ЧӢ МЕХОНӢ?-ПОРСОЛА
(боз аз ғалатҳои фаҳш дар тақвимсозӣ)
Солҳост, ки дар рӯйи мизи кормандони соҳаҳои гуногуни ҷомеа тақвимҳои рӯимизии аз ҷониби нашриёти «Шарқи озод» батабърасида гузошта мешаванд ва ҳазорҳо нафар гунаи ғалати байтҳои шоирони классикамонро аз онҳо мехонанду ҳифз менамоянд. Таҳиякунандагони ин тақвимҳо, ки аз муҳимтарин ҷузъиёти техникии шеър, ба мисли вазну қофия, огоҳӣ надоранд, бепарвоёна онҳоро ҳамасола бе таҳриру такмили ҷиддӣ интишор додаанд. Мутаассифона, абёти пурғалати ин тақвимҳо чанд сол аст, ки бетаҳриру такмил такроран чоп мешаванд.
Ҳадафи мо баррасии тақвими соли 2017 (чопнамудаи нашриёти «Шарқи озод») аст, ки ба теъдоди 6 000 нусха интишор гардидааст.
Қаблан як чизро бояд гуфт: Дар тақвими соли 2012, ки дар матбуот дучори танқиди шадид гардид, Умар Алӣ ба ҳайси мураттиб ва Мустафо Алихон ба ҳайси муҳаррир зикр шудаанд, аммо солҳои баъд номи мураттиб ва муҳаррир аз саҳифаҳои тақвимҳо ғайб заданд. Бо вуҷуди ин, аз рӯи ғалатнависии байтҳо ва такрори бештари онҳо аз тақвими соли 2012 маълум мегардад, ки дастандаркори тақвимҳои солҳои баъдӣ, аз ҷумла соли 2017, низ ҳамон ашхосанд.
Саҳву хато дар тақвимҳои солҳои гуногун ба ҳадди ифрот расидаанд ва хонандаро ба иштибоҳ мебаранд. Мо ба табъу завқи аксари хонандагон эътимод дорем, аммо қисме аз онҳо аз назокатҳои шеър бехабаранд, ҳарчи ки ба чашмашон хӯрд, ҳифз мекунанд ва дар маҳфилу маъракаҳо бо ҳамон тарзи ғалат мехонанд.
Аз ҷумла, баъзе хонандагони тақвими мавриди назари мо наметавонанд дарк кунанд, ки ба хотири дурустии вазн ва хушоҳангии байти дар саҳифаи аввали он омада дар калимаи «бар» ҳарфи «р»-ро бояд талаффуз кард, то дурустӣ ва хушоҳангии вазни он ошкор гардад:
Боз омад ба сари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Навиштани калимаи «найшаккар» бо як «к» дар байти поён далели дигаре аз ин даъвост:
Тиҳидастӣ ба аҳли иззат охир оварад хорӣ,
Чу найшакар шавад аз мағз холӣ, бӯрё гардад.
Ба ҷои як ҳарф омадани ҳарфи дигар, навиштани ҳарфҳои зиёдатӣ дар калима аксари ашъори ин тақвимро пур аз иштибоҳи мантиқу таносуб ва вазну маъно кардааст:
Фалак меоварад моро бурун аз кӯраи меҳнат,
Вале рӯзе, ки худ бурун кунад ин рахти мотамро.
Ба ҷои калимаи «бурун» (сатри дувум) мебоист шакли маъмулии он-«берун» навишта мешуд, то дурустии вазни шеър таъмин мегардид.
Байти дигар:
Кори имрӯзаи ман чу сохта нест,
Кори фардо чӣ гуна хоҳам сохт?
Дар мисраи аввали ин байти Адиб Собири Тирмизӣ калимаи «имрӯзаи» бояд «имрӯзи» хонда мешуд, то вазни шеър халал намеёфт.
Ҷаҳон чун шумо диду бинад басе,
Нахоҳад шудаи ром бо ҳар касе.
Дар ин шеъри ҳакими бузург Фирдавсӣ низ ба ҷои ҳарфи «н» омадани ҳарфи «и» дар калимаи «шудан» вазнро халал додааст.
Ва боз дар ин байтҳо:
Ҳофиз аз хашмати Парвиз дигар қисса махон,
Ки лабаш ҷуръакашӣ Хусраву Ширини ман аст.
Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардан хеш реш.
Зи сидқи дӯстӣ он каст, ки баҳраманд бувад,
Шикастадил шавад аз марги душманон дидан.
Ҳофиз, чу тарки ғамзаи туркои намекунӣ,
Донӣ, куҷост ҷои ту Хоразм ё Хуҷанд.
Он киро нест ба ҳушёри ақл,
З-ӯ ба мастӣ тамаъи ақл мадор.
Нодон чӣ донад он, ки сухандон ба гоҳи назм,
Ҷонро тудохтасту аз он шеър сохтаст.
Шоҳидон дар ҷилваву ман шармсори кисаам,
Бори ишку муфлисӣ саъб аст, мебояд кашид.
Дар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хомуш.
Зи доно тавоно ёфт ороми дил,
Зи нодон наёбад касе коми дил.
Чун маро панди ӯ ба гӯш омад,
Гарчи хуи заҳр буд нуш омад.
Ҳавасро арсаи майдон кушода,
Тамаъро оташ андар ҷои кушода.
Нест бар аҳли тамаъ ғайр аз қудурат ҳосиле,
Даст агар кӯтоҳ гардад, остин бечин шавад.
Агар пил бо шиша кин оварад,
Ҳама раҳна дар доду дин оварад.
Сайидо, мӯҳтоҷи арбоби каромат нестам,
Аз қаноат чӯ пур аз оби равон дорам ҳанӯз.
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларуҳе ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост.
Марзаъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.
Табдили калимаҳои ҳашмат бо хашмат, кардаи бо кардан, кас бо каст, туркон бо туркои, ҳушёрӣ бо ҳушёри, гудохтаст бо тудохтаст, ишқ бо ишк, хамӯш бо хомуш, тавон бо тавоно, худ бо хуи, ҷон бо ҷои, кудурат бо қудурат, рахна бо раҳна, ҷӯ бо чӯ, лоларух бо лоларуҳ, мазраъ бо марзаъ вазну мазмуни байтҳои болоро хароб кардааст.
Ба ин монанд байти дигареро мехонем:
Ба пирӣ хидмати модар падар кун,
Ҷавонию кунун аз сар бадар кун.
Мураттиби тақвим, ки ҳанӯз қобилияти фаҳму дарки шеърро надорад, калимаи «ҷунун»-ро дар мисраъи дувуми байти боло бегона медонад ва бо овардани калимаи «кунун», ки шояд ба андешаи худи ӯ дуруст афтодааст, маънои ин байтро ба хоки сияҳ мекашонад. Суоли хонандаи закӣ ба мураттиби тақвим ин аст, ки мухотаби шеър чиро бояд аз сар бадар кунад?
Абёти боло дорои хурдтарин иштибоҳоте буданд, ки аз ҷониби мураттиби тақвим сар задаанд, аммо байтҳои аз ин бадтару вайроншуда низ дар тақвим ҷой доранд.
Чунончи:
Ҳарки саъи бад кунад дар ҳаққи халқ,
Ҳамчу саъи хеш бад бинад дуо.
Ин байт аз он абётест, ки соли 2012 аз тарафи устод Низом Қосим дар мақолаи «Тақвими раҳгум» сахт интиқод шудааст, вале то имрӯз ислоҳ нагардида, дар тақвими мавриди назари мо низ ғалат омадааст. Иштибоҳ дар ин байт дар калимаи «саъ» аст, ки бояд «саъй» навишта мешуд.
Байти дигареро аз тақвим мехонем:
Эй дил зи баҳои дӯст дар оташ макон макун,
В-ар кардаӣ, ки сӯхта гардӣ, фиғон макун.
Ноҷо омадани ибораи «баҳои дӯст» дар мисраъи аввали байти мазкур, ки ба рӯзи 29 октябри тақвим рост омадааст, мантиқу таносуб ва мазмуни байтро ба боди фано додааст. Мебоист ба ҷои «Эй дил зи баҳои дӯст…» «Эй дил, барои дӯст» ва ё «Эй дил, зи баҳри дӯст» хонда мешуд, то мантиқи байт боқӣ мемонд.
Байти Ҳофизро, ки ҳамеша вирди забонҳост, ба гунаи ғалат ва ба ҷои «ҳаҷла» «ҷумла» овардан мояи афсӯсу дареғ аст:
Эй арӯси ҳунар аз бахт шикоят манамой,
Ҷумлаи ҳусн биорой эй, ки домод омад.
Гузашта аз ин, нидои бемавриди «эй» дар мисраъи дуюм чун тарошаи аз бом афтода солҳост аз тақвим ба тақвим мегузараду мураттиб ба худ иҷозат намедиҳад, ки ин хатои фаҳшу гӯшношунидро ислоҳ намояд. Агар ин иштибоҳ ҳанӯз соли 2012 ба мураттиби тақвим аз ҷониби муаллифи мазкур гӯшзад намешуд, гапи дигар буд.
Дил неҳ ба насиби хосаи хеш,
Хондани ризқи кас маяндеш!
Мисраъи дуюми байти боло аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ мисоли равшанест аз бесаводиву бефаҳмии мураттиби тақвим. Агар хатои вазни байтро як сӯ гузорем, боз ҳам бовар мекунем, ки ин мураттиб ҳанӯз қобил нест биандешад, ки «хондан» наметавонад мақоми «хоидан»-ро дар ин маврид бигирад ва бо калимаҳои «насиб»-у «ризқ» аз рӯи талаботи маъно иртибот пайдо кунад.
Мирғи як аслем, айби мо бувад айби ҳама,
Аз чӣ ҳамчун мавҷ доим дар паи якдигарем.
Аз назари мо, дар ин байти Калими Кошонӣ ҳарфи «ф» дар калимаи «фаръ» «м» хонда шуда, бо сабаби ба ҳарфи «ъайн»-и калимаи «фаръ» наздик будани нуқтаи он боиси «ғайн» хонда шудани «ъайн» мегардад ва калимаи нестандарҷаҳони «мирғ» пайдо мешавад, ки маъное надорад. Вақте матншинос ба чунин хатои ҷиддӣ роҳ медиҳад, аз мураттиби аз дунёи шеър фарсахҳо дур чӣ ҷои гиламандист?
То, ки ҷони мо бувад андар бадан,
Мушти хок душман нагирад аз ватан.
Агар аломати вергули миёни «то» ва «ки» ноогоҳии мураттиби тақвимро аз имлои забони тоҷикӣ нишон диҳад, таркиби «мушти хок»-ро овардан ва бад-ин минвол вазни шеърро хароб намуданаш далели бехабариаш аз ҷузъитарин паҳлуҳои техникаи шеър аст ва бо чунин фаросат набояд кас ҳаққи даст задан ба ин корҳоро дошта бошад. Мисраъи дуюми байт бояд чунин хонда шавад:
Хоки мо душман нагирад аз Ватан.
Ривоҷ ёфтани сикка аз зари сухан дар ин байти Мавлоно Ҷомӣ низ ҷои баҳс дорад:
Дар сухан нест ба зар кас муҳтоҷ,
Сикка аз зарри сухан ёфт ривоҷ.
Абдураҳмони Ҷомӣ бо он донишу бинише, ки дар бахши шеъру шоирӣ доштааст, ҳеҷ гоҳ шеъре бо чунин содагӣ ва бемантиқӣ нагуфтааст. Ҳеҷ гоҳ тангае, ки аз мис ва ё фулуз сохта шудааст, бо суханҳои баланд зар намегардад ва ривоҷ намеёбад. Асли ин мисраъ ин аст, ки дар девони ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ бо хати форсӣ омадааст:
Сиккаи зар зи сухан ёфт ривоҷ.
Мақсади шоир дар ин мисраъ баланд бардоштани мақоми сухан аст, ки ҳатто ривоҷу равнақи зар ҳам ба он вобастагӣ дорад.
Чунин байтҳо, ки бештарашон аз ҷониби баргардонкунандагони мутуни осори классикӣ ғалат баргардон шудаанд, дар тақвим кам нестанд. Аз он ҷумла, мураттиби тақвим ин байти устод Рӯдакиро насанҷидаву наомӯхта, дар тақвим ҷой додааст:
Чи хуш гуфт он мард бо он хадеш,
Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш.
Дар аксари нашрҳои осори устод Рӯдакӣ ба ҷои «он мард» «муздур» омадааст, ки дурусту мантиқист. Ҳоло дар ин байт калимаи «хадеш» танҳо ба маънии кадбонуи хона хулоса шуда, мазмун дар маҳдудаи муносиботи хонаводагии як зану шавҳар боқӣ мондааст, дар ҳоле ки «хадеш» маънии подшоҳро ҳам дорад ва дар муқобили «муздур» омаданаш мантиқист. Соҳиби луғати «Онандроҷ» асли «хадеш»-ро «соҳиб» ва «кадхудо» маънидод мекунад ва эҳтимоли ба кадбонуи хона иртибот гирифтани ин калима низ аз ҳамин ҷост.
Ин мураттиб, вақте ки «кимиёи саодат»-ро аз байти Ҳофиз «кимиёи саодати рафиқ» хондаву калимаи «буд»-ро «бувад» пиндошта, ба ин минвол вазни мисраъро хароб мекунад, дигар чӣ гуна аз ӯ домангир бошем, ки байти Рӯдакиро насанҷидаву надониста интишор додааст:
Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,
Ки кимиёи саодати рафиқ бувад, рафиқ.
Ин гуна хатохониву хатобинии мураттиби тақвим то ҳадде расида, ки камтарин хонандаи шеърро нороҳат мекунад. Ҳатто хонандагони мактаб ҳам медонанд ва ҳифз кардаанд, ки ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино дар рубоии машҳураш «Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи зуҳал…» гуфта буд, на ба қавли мураттиби «кордон»-и мо «Аз қаври гули сиёҳ» (тақвими соли 2015).
Дар тақвимҳои рӯимизии солҳои гуногун чопнамудаи «Шарқи озод» як амали дилгиркунанда ва беназокате, ки шояд барои мураттиби он аҳаммият надорад, такрори абёт (бе таҳриру такмил) аст. Ҳар соле пайиҳам такрор шудани байтҳоро дар тақвимҳои солҳои гуногун сарфи назар намоем, мебинем, ки ин амал танҳо дар тақвими соли 2017 аз ҳарсола бештар ривоҷ ёфтааст. Дар тақвими мавриди назари мо байтҳое ҳастанд, ки то чор маротиба такроран чоп шудаанд.
Гузашта аз ин, дар тақвим ба муносибати идҳо ва ҷашну маросимҳо байтҳое оварда шудаанд, ки натанҳо иртибот ба он рӯзҳо надоранд, балки хандаовару масхараомезанд. Гоҳо байтеро берабт ба рӯзи иди энергетикҳо мехонию чанд саҳифа онсӯйтар онро дар рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ мебинӣ. Агар байте ҳам муносиб ба рӯзҳои ид оварда шудааст, аз ягон ҷиҳат заъф дорад. Масалан, дар рӯзҳои иди байналмилалии Наврӯз ин байтро мехонем:
Осори беҳрӯзи бувад ойни Наврӯзи Аҷам,
Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи Ҷамшеди Ҷам.
Агар ғалати калимаи «беҳрӯзӣ»-ро ҳам сарфи назар намоем, дар мисраъи дуюм мебинем, ки ӯ бе фаҳми маънои шеър калимаи «ҷам»-ро бо ҳарфи калон навишта, дар натиҷа ду бор номи Ҷамшедро такрор мекунад. Агар мураттиб андаке барои заҳмати худ дилсӯз мебуд ва луғатҳоро варақ мезад, пайдо менамуд, ки дар ин байт калимаи «ҷам» (аз луғати «Амид») ба маънии подшоҳи бузург омадааст, на ба маънии номи подшоҳ Ҷамшед. Ин иштибоҳ дар тақвими солҳои 2015-2016 низ такрор шудааст.
Ба ин монанд, мураттиб ба муносибати Наврӯз байти дигареро аз осори Манучеҳрии Домғонӣ ба гунаи ғалат меорад ва хонандаро ба раҳгумӣ мебарад:
«Наврӯзи бузургам»-ам бизан эй мутриби Наврӯз,
Зеро ки бувад навбати Наврӯз ба Наврӯз.
Такрори дубораи бандакҷонишини соҳибии «-ам» дар ибораи «Наврӯзи бузург» (номи оҳанг) комилан ғалат ва бемавқеъ буда, гувоҳи беэътиноии мураттиб ба забон аст. Хеле ҳайратовар аст, ки ин иштибоҳи содаву аён аз тақвими соли 2015 то кунун дар тақвимҳои дигар низ такрор меёбад.
Дар тақвими мавриди назари мо хандаовартар аз бемаврид омадани байти «Ин ҳамоқат чӣ аҷаб бошад аз он риши бузург, Ҳаркиро риш бузург аст, хирад кӯса бувад» дар рӯзҳои иди байналмилалии Наврӯз ҳолате нест. Ин амал абёти ба муносибати рӯзи ангиштканон овардаи мураттибро дар тақвими соли 2015 хотиррасон мекунад:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи ангиштканон дар соли 2017 ин байти ба он рӯз берабтро низ мехонем:
Суханро, ки гӯянда бадгӯ бувад,
На некӯ бувад, гарчӣ некӯ бувад.
Дар тақвими соли 2017 байте, ки ба муносибати Рӯзи куҳансолон омадааст, хандаовартар аз байти тақвими соли 2015 аст:
Одамизод бегунаҳ набувад,
Эминӣ нест кабкро аз боз.
Тасаввур кунед, мураттиби тақвим аз номи шоире ба пиронсолони муҳтарами мо мегӯяд, ки шумо бегунаҳ нестед, аз чанги боз, яъне аҷал халосӣ надоред!
Ҳамин тариқ, дар рӯзи 12 марти тақвими соли 2017, ки рӯзи иди Сада мебошад, мураттиби «хушзавқ»-и мо байти дур аз ин мавзӯи Адиб Собирро меорад, ки чунин аст:
Касе, к-ӯ некӣ андешад ба ҳар кас,
Ба некӣ дар ҷаҳон соҳибқирон аст.
Аммо, як-ду саҳифа баъд, байте аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оварда мешавад, ки марбут ба ҷашни Сада аст:
Ниҳод андар он дашт оташкада,
Бузургӣ ба Наврӯзу ҷашни Сада.
Ба ин монанд дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ин байтро мехонем:
Парвона, ки нури шамъ афрӯхт,
Чун базмнишини шамъ шуд, сӯхт.
Ва дар Рӯзи илми тоҷик байти «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе, Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе»-ро меораду ҳамаро сардаргум мекунад.
Ҳамин тариқ, дар Рӯзи геологҳо мехонем:
Чу пажмурда шуд рӯйи рангини ту,
Нагардад касе гирди болини ту.
Дар Рӯзи забони тоҷикӣ:
Абр агар оби зиндагӣ борад,
Ҳаргиз аз шохи бед бар нахурӣ.
Дар Рӯзи кормандони сӯхторхомӯшкунӣ:
Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,
Ҷуз ба фармони Худо макшой лаб.
Дар Рӯзи роҳсозон:
Ҷуръае, к-аз соғари аҳли сафо резад ба хок,
Хоки он бар хони арбоби риё дорад шараф.
Дар Рӯзи «Фалак»:
Гар ӯ бифканад фарру номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Дар Рӯзи милитсия:
Такя бар ахтари шабдузд макун к-инайёр,(?)
Тоҷи Ковус бибурду камари Кайхусрав.
Дар Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон:
Тааммулд кун аз рафтани рафтагон,
Ки буданд чун ту ба нафсу нафас.
Ба муносибати Рӯзи кимиёгарон байти «Тарсам, нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ, К-ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст»-ро оварда, онҳоро таҳқир карда буд, инак дар соли 2017 ба ин муносибат чи шеъреро меорад:
Суханвар дар ин аҳд чун кимиёст,
Сухан меҳр гӯӣ, суханвар вафост.
Суханвар, ки дар ин шеър арзишаш чун кимиё нишон дода шудааст, ба кимиёгар чӣ муносибат дорад? Маълум, ки завқи мураттиби румузфаҳми мо ба маънии ин шеър нарасидааст. ӯ дар шеър калимаи «кимиё»-ро дида, онро ба ин рӯз муносиб донистааст.
Зиндаги хуш аст(?) агар бо муҳаббат бигзарад,
Ваҳ чу намард аст дунё (?)бозӣ, бозӣ бигзарад.
Ин байт, ки ба муносибати Рӯзи байналхалқии оила оварда шудааст, бо ин парешониву сустӣ, пур аз ғалатҳои имлоию мантиқӣ, заъфи баёну вазн шояд офаридаи табъи мураттиби «салимуфитра» бошад!
Аз ҳама масъалаи нанговару нигаронкунанда муносибати мураттиби тақвим ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 2017) аст, ки вобаста ба он байти дағалу таҳқиромез ва дур аз мавзӯъро овардааст:
Дигар онро, ки бошад фаҳшгуфтор,
Наёбад назди мардум қадру миқдор.
Шаш ҳазор нусха теъдоди кам нест, вале, шояд ба худи масъулони нашриёти «Шарқи озод», Кумитаи забон, вазорати фарҳанг ва дигар идораҳои марбут нарасидааст, ки хамӯшанд? Ё рӯи мизашон гузоштаву ҳамарӯза бетафовут ба он менигаранд?
Муҳриддин Сабурӣ
(«Адабиёт ва санъат» №30, 26-уми июли соли 2018)