НАФАСИ ГАРМИ ҲАЁТ

Нахустин китоби Фазлиддин Муҳаммадиев таҳти унвони «Муҳоҷирон» бист сол муқаддам интишор ёфта буд. Аз очерку ҳикояҳои ин маҷмӯа бармеомад, ки ба ҷодаи адабиёт як нависандаи баистеъдод қадам гузоштааст; нависандае, ки дили пурэҳтиросу ҳаҷви нозук ва ҷаҳонбиниву мавзӯи баландтар дорад, забон ва тарзи баёнаш покизаву ҳамвор аст.

Инак, бист сол боз китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиев пайиҳам ба дасти хонанда мерасанд. Ва муҳаббати хонанда низ ба нависанда аз як китоби ӯ то китоби дигараш бештару устувортар мегардад, насри имрӯзаи тоҷикро вай  наметавонад бе асарҳои Муҳаммадиев пурра тасаввур кунад.

Пас суоле ба миён меояд: Фазлиддин Муҳаммадиев чӣ гуна нависанда аст? Сирри эҷодиёти рангини ӯ дар чист?

Ба фикри ман, ҷозибаи қалами адиб дар он аст, ки вай ба муҳимтарин мавзӯи адабиёт — ахлоқи иҷтимоӣ рӯй оварда, дар асарҳои худ паҳлуҳои нав ба нави онро тадқиқ мекунад. Чунин мавзӯъро ба тасвир гирифта, мувофиқи талаботи  давр ба сомон расондан ниҳоят мушкил аст. Унсурҳои ахлоқ — ба монанди вафодорӣ, муҳаббат, меҳри падарӣ ва ғайра — баробари инсон пайдо шудаанд, яъне пайванд ё фарзанди табиат  буданд. Одамизод то имрӯз ҳазорон занҷири  ба табиат вобастаро, ки худ побанди онҳо буд, пора карда, дар айни замон кӯшидааст — унсурҳои ахлоқ мураккабтар бошанд. Зеро инсон, пеш аз ҳама, бо ахлоқи ҳамидааш инсон аст. Вай ҳоло мутеи  табиат нест, балки аз он болотар  истода, роҳи байни сайёраҳоро тай карданист.

Қаҳрамонҳои Фазлиддин Муҳаммадиев маънии ҳаёт, мақому манзалати худ ва назари  шахс ба зиндагиро, ки ҳамеша сарчашмаи адабиёт буд, маҳз аз ҳамин ҷо, аз ахлоқи инсон меҷӯянд. Махсусан, ахлоқи коммунистӣ боз ҳам мураккабтар аст. Вай ҷиҳатҳои пешқадами ахлоқи тамоми давру замонҳоро фаро гирифта, дар рӯзгори сотсиалистии  мо  дар байни ҳама табақаҳои ҷамъият реша давондааст.

Сирри дигари эҷодиёти  Фазлиддин Муҳаммадиев дар тасвири пурҳаяҷону «равғанин», дар шиддати масъалагузорӣ, равшании фикр ва фаъолиятмандии қаҳрамонони ӯст. Асарҳои нависандаи нозуксанҷ хонандаро аз ваҷҳи  кӣ будани худ ба андеша водор месозанд ва ба ин васила дар дили ӯ тухми  накукорӣ кишт  мекунанд. Ин, албатта, аз санъаткор ҳам истеъдод мехоҳад, ҳам заҳмат. Ва Муҳаммадиев медонад: асари хуб танҳо дар сурате ба майдон меояд, ки ин ҳар ду — истеъдод ва заҳмат якҷоя шаванд…

Биёед, чанде аз ҳикояҳои нависандаро ба хотир орем. Масалан, ҳикояи «Роҳ», ки шонздаҳ сол муқаддам таълиф гардида.

Дар ин ҳикоя тафсилоти сафари  Фотима ном духтари деҳотӣ, ки дар мактаби олии пойтахт таҳсил мекунад, ба тасвир омадааст. Тасодуф чунин меафтад, ки духтарак шабона дар як мошини боркаш роҳи зодгоҳаш Фархорро пеш мегирад. Вай дар паҳлуи ронанда, ки марди камгап ва бисёр ҷиддист, танҳо нишаста, бо ҳарос фикр мекунад — дар ин бемаҳал ба сафар баромаданаш камоли беақлӣ буд, мабодо ки ронандаи «дамдузд» ба нисбати ӯ қасди бад дошта бошад! Шаб торик, роҳ дур, хилват…

Вале ронанда ба гӯшаи хаёлаш ҳам оварда  наметавонад, ки духтарак аз вай гумонҳо мебарад. Чунки тинати ӯ пок аст, вай қадри одаму одамгариро, ки нависанда низ дар ҳикояаш ҳамин масъаларо ба миён гузоштааст, бояду шояд медонад. Аз ин рӯ, то ки духтаракро беозор ба манзил расонад, бо як-ду нафар ҳамкасби белаҷомаш дастбагиребон ҳам мешавад.

Барои ӯ шарафу сарбаландии  инсон аз ҳама чиз, ҳатто аз бехатарии худаш  авлотар аст.

Кас ҳикояро хонда, ба хулоса меояд: характери Фотима, ки духтараки рӯҳаш  беолоиш ва  ошиқи зори  зиндагист, пас аз ҳамин шаби пуртаҳлукаи сафар ҷиддан шакл мегирад. Дар анҷоми он шаби тор дар дили вай нисбат ба одамон на танҳо эътимод, балки як навъ эътиқод ҳам хона мегузорад. ӯ дар оянда, агар лозим шавад, метавонад ба мисли он ронанда барои пойдории номуси  инсон мубориза барад.

Ва худи нависанда низ дар асарҳояш ҳамин хел одамонро орзу мекунад; одамонеро орзу мекунад, ки ба ишқ, ба вафодориву мардонагӣ, ба рӯҳи баланди инсон эътиқод доранд. Ин аст, ки дар охири ҳикояи «Сози Мунаввар» дар байни ронандаи  мошини раҳгузар  ва олими фолклоршинос  тахминан чунин гуфтугӯ ба вуқӯъ мепайвандад:

— Муаллим, ман қиссаи Мунавваршоҳро  ба сокинони дигар маҳалҳо чандин  бор гуфтам. Баъзеҳо бовар намекунанд…

— Ин қиссаро ба одамоне гӯед, ки эътиқод доранд.

— Эътиқод ба чӣ?

— Ба ишқ; ба ишқе ки оғозаш ҳасту анҷомаш нест…

Модоме гап аз «Сози Мунаввар» рафт, қайд кардан ҷоиз аст, ки ин ҳикоя гӯё бо як нафас ва саропо ба оҳанги шеър навишта шудааст. Дар он ҳар як сухан, ки алалхусус дар ҳикоя бағоят муҳим аст, бамавқеъ омада, дар роҳи  барҷаста тасвир гардидани характери Мунавваршоҳ хидмат мекунад.

Табиате, ки нависанда ба тасвир кашидааст, ба сари худ як ҷузъи бисёр нозуки  табиати Мунавваршоҳ мебошад. Чунин менамояд, ки қаҳрамон бе ҳамин манзараҳои  психологӣ — бе рӯд, ки ҳамсафараш аст, бе кӯҳ ва шабҳои пурасрори кӯҳистон, ки барои ӯ муттакову роздонанд, ноқис мемонад. Мунавваршоҳ аз ҳар ҷиҳат инсони комил аст. Бо вуҷуди он ки нависанда қаҳрамонашро зимни нақли дигарон ба хонанда  шинос мекунад, рӯзгори ӯ, худи ӯ ҳамон сарчашмаи  покизагӣ ва мардонагист. ки зиндагиро зиндагӣ мебахшад. Бе ин гуна мардони  додхоҳ ҳаёт берангу тароват мебуд…

Мунавваршоҳ тимсоли садоқат ва адолатро мемонад. Қиссаи ишқи вай, фоҷиаи вайро хонанда қариб ки  ҷисман ҳис мекунад, ошуфта мешавад ва дар баробари ин — чӣ аҷаб! — рӯҳаш тозатару тавонотар мегардад, ба муъҷизаи ишқ бештар эътимод мебандад.

Шояд қудрати нависанда низ дар ҳамин бошад?..

Ҳикоя жанри ҷанговар аст. Дар майдони бисёр хурди он дараҷаи ахлоқиву эстетикии ривояти адиб зуд ба назар мерасад; калима ё ибораҳои беҷо, ки дар асарҳои ҳаҷман калон метавонанд ҳал шаванд, дар ҳикоя безеб ва ҳатто бемаънӣ метобанд. Бинобар ин, нависанда аз хазинаи забони халқ танҳо гавҳари барояш зарурро интихоб мекунад. Ҳикоя яклухту  равшан будани воқиа ва ягонагии услубро мепарастад. Хонандаи хушзавқ дар аснои  мутолиаи ин ё он ҳикоя дарҳол пай  мебарад, ки нависанда воқиаи  тасвиркардаашро  то чӣ андоза дуруст омӯхтааст, оқибати он воқиа дар фаҳмиши ӯ  чӣ гуна аст ва ниҳоят, вай ба мақсад расидааст ё не…

Дар куҷое хонда будам, ки гуфтаанд: дар таълифи ҳикояи нағз на маданияти баланди  нависандагӣ кӯмак  расонда метавонад ва на таҷрибаи фаровони зиндагӣ: ҳикояи нағз зодаи дили бузург аст.

Ҳар боре ки навиштаҳои  Фазлиддин Муҳаммадиевро варақ мезанам, ҳамин суханон ба хотирам меоянд ва фикр мекунам, — ӯ на фақат истеъдоди баланди фитрӣ, балки дили бузург ҳам дорад; ӯ худро зарра-зарра сарфи қаҳрамонҳояш мекунад, — гӯё ки дили Мунавваршоҳи ошиқ дили худи ӯст, гӯё ки дар шаби тори  роҳи Фархор на ронандаи ба назари Фотима дарундор, балки худи ӯ месарояд! Хислатҳои шахсии Муҳаммадиев — аз қабили рафтору гуфтори батамкин, зарофати нишонрас, заҳматписандӣ ва ғайра — ба хислатҳои рангини бисёр персонажҳои мусбии ӯ ҷо-ҷо омехта шуда, симои онҳоро боз ҳам  зиндатар кардаанд.

Дар ҳақиқат нависандаи маъруфи мо соҳибдил аст. Вагарна гумон буд, ки «Суди рафиқон», «Даъво», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Хиёбони Нодир» ва «Ҷага» барин  ҳикояҳои дигари ӯ арзи вуҷуд намоянд.

Мавзӯи асосии ҳикояҳои номбурда низ ахлоқи иҷтимоист. Нависанда дунёи ботинии  қаҳрамонҳояшро устодона ба тадқиқ гирифта, симоҳои хотирнишин ва аз ҷиҳати психологӣ бақувват офаридааст. Агар Усто Оқил, бо вуҷуди заҳматкашиву баистеъдодиаш, шахси худбину канораҷӯй бошад ва аз ин сабаб сирри санъаташро, ки барои халқ ниҳоят зарур аст, ҳамроҳи кафан  ба гӯр бурда, боиси ҳукми одилонаи мардум гардида бошад, пас Аҳмадбеки паҳлавон аз ҳикояи «Даъво» фардест, ки дар симои ӯ бисёр хислатҳои неки инсонӣ таҷассум ёфтаанд: вай ҳамеша шарики  ғаму шодии  одамон аст, дар душвортарин вазъият ҳам тамкину бурдбории худро аз даст намедиҳад.

Аҳмадбек, азбаски пешааш накукорист, намехоҳад ба мисли Усто Оқил  асрори ҳунарашро ба гӯр барад. Бинобар ин, аз паҳлавониҳои Муҳаммадмуроди ҷавон, чун падар аз шуҳрати  фарзанд, хурсанд мешавад. Ва ҳатто даме ки ӯро барои беадабиҳояш сахт танбеҳ медиҳад, дар гӯшаи хилват, якка ба якка ва падарвор танбеҳ медиҳад. Зеро вай асло намехоҳад, ки мардум аз Муҳаммадмурод рӯй тобанду музофот бе паҳлавон монад…

Аз хусуси ҳикояҳое, ки зикрашон дар боло рафт, танқиди адабии мо на як бору ду бор фикри худро баён кардааст. Ҳоло ин асарҳо аз беҳтарин ҳикояҳои адабиёти тоҷик шинохта шудаанд. Ман фақат ҳамин қадар мегӯям, ки аз «Сози Мунаввар», «Даъво», «Рӯзи дафни Усто Оқил», «Хиёбони Нодир» ва ғайра ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев зимни воқиаҳои тезу тунд ва ривояти батааннӣ мусиқии дилнишине ба гӯш расида, ҳодисоти тасвиршударо дар назари хонанда  басо муассир нишон медиҳад. Баъзе манзараҳои психологӣ асари комили санъати рассомиро ба хотир меоранд, ки дар он ҳар ранг хидмати худро  то охир иҷро мекунад.

Барои мисол як ҳикояти ниҳоят хурди Муҳаммадиев, ки «Дар соҳили кӯл» ном дорад:

«Бачаҳои бисёре дар кӯл  оббозӣ мекунанд. Садоҳои хандаву бозӣ ва ҷастухези шодиомези онҳо дар фазои дараи кӯҳистон ғулғула андохтааст.

Марди солхӯрдае дуртар аз соҳил дар рӯи алафи сабз нишаста, тани то миён бараҳнаи худро  офтоб медиҳад. Дар паҳлуяш як ҷуфт бағаласо. Вай оҳиста пои  шими худро боло карда, соқи чӯбинашро мемолад ва  ба оби зулоли кӯл бо ҳасрат менигарад.

Дар осмон чанд ҳавопаймои  реактивӣ рахҳои сафед мекашанд; рахҳои каҷ, рост, мудаввар. Акси он рахҳо ба оби соф афтида, морсон мелаппанд ва мехазанд.

Мард ба осмон муддате чашм медӯзад. Нуқтаи дурахшонеро, ки аз паси он рахи  тозаи сафед пайдо мешавад, дида табассум мекунад. Баъд назараш боз ба бачаҳои саргарми бозӣ афтида, лабханд аз чеҳрааш дур мешавад.

Рӯи чашмонашро пардаи хаёл мепӯшад».

Дар ин ҳикояча, ки матнашро пурра овардем, чун дар мусаввара, ҳама чизи даркорӣ ҳаст. Ҳам асари ҷанг, ҳам рӯзгори босаодати  мо, ҳам бачагони хушбахти даврон ва ҳам — муҳимтаринаш — таҳлука аз он ки мабодо ҷанги нав бархезад!

Ана ҳамин хел порчаҳои манзараи психологӣ қариб дар ҳар асари  нависанда вохӯрда, боиси пуртаъсир баромадани воқиаҳо мегарданд.

Боз… Муҳаммадиев дар офаридани образи мӯйсафедон,  онҳое, ки умри дароз дидаанду пастиву баландии зиндагиро нағз медонанд, устодӣ кардааст. Вай мардуми солхӯрдаро аксар вақт дар як давраи муайяни  ҳаёташон ба тасвир мегирад, ки он давра пуршӯру сергунҷоиш буда, чун як ҷузъи пурқимати рӯзгори инсон садо медиҳад. Он давраи муайян боз сабаб шудааст, ки  нависанда олами ботинии қаҳрамонҳояшро амиқтар кушода, муносибати онҳоро ба табиату ҷамъият  бояду шояд  тадқиқ ва таҳлил кунад.

Аз ин ҷиҳат дар қатори Абдурауф-амаку Аҳмадбек, Абдувоҳид-амаку Мунавваршоҳ хилқати Зиё-бобо ҳам аз повести «Одамони куҳна» ҷолиби диққат аст. Вай мардест, ки дар сохтмони колхозӣ хидмати босазо карда, имрӯз пир шудааст, нафақа мегирад, вале аз ташвишҳои зиндагӣ худро ба канор намекашад. Ва азбаски ба ҳаёт меҳр дорад, роҳҳои беҳбуди онро  меҷӯяд, аз муфтхӯриву бадахлоқиҳо ба риққат меояд. Маънии зиндагиро ӯ дар росткориву ҳалолхӯрӣ ва шарики ғами мардум будан мебинад. Пас меарзад, — ахлоқи Зиё-бобо барин «одамони куҳна», ки таҷрибаи худро  ба таҷрибаи бойи  халқ пайваста, дар зиндагӣ оқилона ба кор мебаранд, меъёри ахлоқи  инсонҳо бошад.

Ман дар бораи Зиё-бобо андеша ронда, аз романи  «Палатаи кунҷакӣ» беихтиёр Ивон-амакро ба ёд меорам, ки сабаби бемории Носир Аббосро ба Иброҳимҷон шарҳ дода, бо ҳаяҷон мегӯяд:

«…Вай дарди дигаронро аз дарди худ зудтар ҳис мекунад… Дар назари аввал ин гап гӯё ба ақл  рост намеояд, чунки шарики ғами дигарон будан аз ақл дида, бештар кори дил аст… Барои дарки ин маънӣ аз ҳамин қавм будан, ё аққалан ҳаводори он будан шарт аст. Қавме, ки номуси башар аст, шираи замин, гули сари сабади  бани одам аст…»

Ин гапро, ки аз номи як нафар коммунисти куҳансол гуфта шудааст, дар ҳаққи Зиё-бобо ё Аҳмадбек низ гуфтан мумкин. Зеро онҳо низ шираи заминанд, гули сари сабади  бани одаманд!

Дар адабиёти имрӯза тезу тунд будани воқиаҳо чизи аз ҳама муҳим аст, ки ин аз худи рӯзгори  тезрафтори  мо сар мезанад. Зеби асари бадеӣ бошад, шахсият аст;  шахсияте, ки барои некӣ мубориза мебарад; ҷояш ояд, мағлуб мешавад, ғалаба мекунад…

Дар романи Фазлиддин Муҳаммадиев «Палатаи кунҷакӣ» ана ҳамин ду ҷиҳат созгор омадаанд — ҳам ривоят тезу тунд аст ва ҳам Носир Аббосу Ивон-амак барин шахсиятҳо зеби асар гардидаанд. Дар ин роман, ки бо рӯҳи баланди публитсистӣ таълиф шуда, устоди тасвири психологӣ будани муаллифи  худро боз як бор собит мекунад, хонанда ба рӯзгори фарзандони се насли  замони мо — Ивон-амак, Носир Аббос ва Иброҳимҷон батафсил шинос мегардад.

Ивон-амак шахсест, ки дар се набард — ҷанги якуми ҷаҳон, ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, танаш афгор шуда бошад ҳам, рӯҳи шикастнопазир дорад. Вай дар қатори садҳо ҳамсолонаш ба бинои муҳташами сотсиализм поя гузошта, онро мустаҳкам сохтааст. Аммо чӣ будани миннатро ҳаргиз намедонад ва ҳатто аз зиндагии худ, ки намунаи қаҳрамонист, ҳикоя кардан ҳам намехоҳад, гӯё шарм медорад. Зеро вай медонад: дар назди партия ва халқ ҳамчун коммунист танҳо қарзи граждании худро ба ҷо овардаасту бас!

Носир Аббос ҳам коммунист  аст; вай ҳам мехоҳад ба монанди Ивон-амак вазифаи граждании худро адо кунад. Аз ин ҷост, ки ӯ ба холабеғамӣ, порахӯрӣ ва мансабпарастӣ барин зуҳуроти зараровар сахт мубориза мебарад. Вай марди ҳассос аст ва ҳамин ҳассосӣ оқибат ӯро ба бистари беморӣ мекашад.

Вақте ки Иброҳимҷон чӣ хел одам будани Носир Аббосро мефаҳмад, фикр мекунад — рост, Носир Аббос инсон аст, вай на фақат ғами худ, балки ғами дигаронро низ мехӯрад. Агар дар вуҷуди навъи башар ҳамин нури муқаддас намешуд, тараққиёт ҳам намебуд, дар бадали  ин даҳ ҳазор соли охир вай аз табари сангӣ то ба киштиҳои кайҳоннавард ҳам намерасид.

Духтур Алихон Зардодхон ҳассосии Носир Аббосро  тарафгирӣ карда, ба профессори  бемористон мегӯяд, ки:

«…ҳассосии фавқулодда ҳам ҳодисаи типист. Ва дар он айбе нест, балки ҳуснест ниҳон. Владимир Илич аз ҳассостарини ҳассосон буд. Дӯстони ҳамсафаш гуфтаанд, ки ӯ ҳанӯз дар охири асри гузашта дидаву дониста, аз худ шамъе сохта буд ва он шамъро, такрор мекунам, муаллим, дидаву дониста, аз ҳар ду тарафаш  оташ дода буд, то ки хонаи зулмоти Россияи қабл аз инқилобро  ҳар чӣ бештар равшан созад..»

Рӯзҳои бемории  кинооператори  ҷавон Иброҳимҷон, ки то имрӯз гирифтори ғами худаш буд, танҳо аз дард иборат нестанд. Иброҳимҷон дар он айёми вазнин ба қадру қимати одаму олам расидан ва дар хидмати халқ буданро меомӯзад, ки ба ин таъсири суҳбатҳои  Ивон-амаку Носир Аббос, бешубҳа, чун нақше дар санг аст. ӯ амиқ мефаҳмад — ҳар як фарди поквиҷдон барои беҳбуди ҷамъияте, ки дар он зиндагӣ мекунад, бояд мубориза барад, вайро аз ҳар гуна хасу хошок ва ифлосиҳо эмин дорад. Инчунин мефаҳмад, ки маҳбубаи ӯ Хиромон чӣ зани соҳибдил будааст!

Кас дар сари андешаҳои шиддатноки Иброҳимҷон андеша ронда, ба хулоса меояд: ӯ дар оянда инсони комил мешавад; ҳамон шахсияте мешавад, ки ба мисли Ивон-амаку Носир Аббос ғами дигаронро аз ғами худ боло мегузорад.

Бояд гуфт, ки Фазлиддин Муҳаммадиев дар офаридани характери мураккаби  Хиромон ҳам заркориҳо кардааст. Хиромон тимсоли дурахшони вафодориву покизагист. Вай он фарзанди Замин аст, ки шарафи инсон, эҳсосоти нозуки дили инсонро аз ҳама чиз муқаддастар медонад…

Умуман, ба майдон омадани романи «Палатаи кунҷакӣ» дар насри тоҷик оғози як таҳаввулоти сифатӣ буд, ки ин таҳаввулот аз психологизми доманадори адабиёти Назди Балтика ва насри пешқадами дигар халқҳои мамлакатамон об мехӯрад. Рӯҳи публитсистӣ, ки худ зуҳуроти иҷтимоист, ба тору пуди роман мутаносиб омада, барои равшантар кушодани  характерҳо ба нависанда ёрӣ кардааст.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар давоми беш аз бист соли эҷодиёташ як силсила ҳикояҳои хуби ҳаҷвӣ ҳам навиштааст, ки беҳтарини онҳо «Навовар», «Минбар ва Ҷорӯб», «Усто Гараж» ва «Нахустин нутқи банда-фақир» мебошанд. Ҳаҷви ӯ одамони мафкураашон вайронро на танҳо ба зери тозиёна мегирад, балки инчунин теғи  обдорест, ки онҳоро ҷарроҳӣ карда, шифо ҳам мебахшад. Нависанда дар ҳикояҳои ҳаҷвиаш ба қаҳрамонони худ гӯё аз гӯшаи хилвате назар андохта, ғарибтарин хислату хандаовартарин  ҳолати онҳоро ба қалам медиҳад; гӯё назари ӯ кинокамераест, ки аз сели мардумин чеҳраҳои барояш даркориро алоҳида-алоҳида ва хеле моҳирона интихоб мекунад. Ин, албатта, аз санъаткор нисбат ба касби худ меҳри беандоза ва бурдбориву мардонагӣ мехоҳад…

  Июни 1978

САТТОР ТУРСУН

Дигар хабарҳо