БОЛИ ПАРВОЗ

ХУДОӢ ШАРИФОВ,

аз китоби “Савти аҷам”, Душанбе, 2002

Таҳсили ибтидоиашро Муъминшо дар ҳамон деҳаи Курговад сар кард. Мактаб дарсхонаи муқаррарии тоҷикӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, дар оғоз бо алифбои лотинӣ пас аз соли 1940 бо алифбои русӣ буд. Ҷиҳати ҷолиби дарсҳо, бо иловаи ахбору нақлу ривоятҳои халқию адабӣ, таълими забони русӣ буд. Барои мардуми маҳаллӣ забони русӣ, чи дар таълим ва чи дар гуфтугӯи аскарҳои сарҳадбони рус, кайфияте дошт. Муддати ду сол Муъминшо дар шаҳрчаи маркази ноҳия, дар хонаи амакаш Ғайрат зиндагӣ мекард ва таҳсилро идома медод. Зиндагӣ дар маркази ноҳия, ки дар он ҷо суннатҳои гӯштигирӣ дар маросимҳои шодӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ ривоҷу равнақе доштанд, хотироти зиёдеро ба Мӯъминшо бахшидааст. Мувофиқи нақли мӯйсафедон ва ҳамсиннон Муъминшо дар кӯдакӣ ҷуссаи қоқина, қомату дастони дарозе дошт, ки ба сабаби харобии тан, дар назари аввал номутаносиб менамуданд. Ангуштони дарози панҷаҳои даст нишонае аз танумандии Баҳром, ки лақаби Чӯбинаро дошт, медоданд. Фақат чашмони бузурги ин бача гувоҳи назари фарох ба ҷаҳон ва эҳсос кардани талаввуни табиӣ ва радду бадали авзоъ ва симоҳо буда метавонистанд. Зимнан, бинандагони он замон дарвозаи басирати тавонои соҳибашон будани онҳоро нашинохта,аз сурати зоҳирии чеҳраи хурду чашмони бузург изҳори тааҷҷуб ва шӯхиҳои калонгирона менамуданд.

Мактаби миёнаро Муъминшо дар шаҳраки Ғарм, маркази вилояти он вақтаи Ғарм соли 1951 хатм кард. Дар он солҳо дар саросари вилояти Ғарм як мактаби миёнаи даҳсола ва як омӯзишгоҳи педагогӣ мавҷуд буд. Ҷавонони ноҳияҳо барои таҳсил ба ҳамин мактаби миёна, ки интернат барои омадагон дошт ва омӯзишгоҳ аввалҳо маҷбурӣ ва баъдҳо ба ихтиёри худ ҷалб мешуданд. Омӯзишгоҳи педагогӣ дар шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибона барои мактабҳо муаллимон тайёр мекард. Дар он вақт шавқи дониш хеле зиёд буд. Зиндагӣ дар интернат ва омӯзишгоҳ, ки давлат хӯроку либос ҳам медод, нисбат ба ҳаёти деҳоти қашшоқи баъди ҷанд беҳтар ва ин як сабаби ҷалб шудани талабагон буд. Аз ҷониби дигар, таҳсил роҳи ягонаи раҳоӣ аз кори колхоз ба кинояи мардуми он замон – досу каланд буд, ки то охири давлати шӯравӣ мардум ба он назари бад ва дар мавридҳое нафрат доштанд. Баъди таҳсил муаллим шудан мумкин буд, ки гарчи дар дидаи мардум беэътибор буд, ба ҳар ҳол қурбаш аз колхозчигӣ болотар менамуд. Ба ғайр аз ин таҳсил асоси кор кардан дар муассисаҳои комсомолӣ, ҳизбӣ ва давлатӣ медод ва пешрафти табақотии иҷтимоиро таъмин мекард. Муъминшо бо ҳавас ва ҳавсалаи тамом дар мактаб мехонд, китоби зиёде мутолиа мекард.

Баъди хатми мактаби миёна дар ҳамон соли 1951 ба шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда пас аз панҷ соли таҳсил онро хатм кард ва барои кор ба идораи маҷаллаи “ Шарқи сурх”, ( баъдҳо “Садои шарқ” ) даъват шуд. Дар ҳамон рӯзи хатми донишгоҳ Муъминшо бо ҳамкурсаш, духтари зебои Самарқандӣ Матлуба Раҳматуллоева тӯи хонадоршавиашро гузаронд. Бо ҳамин таҳсили расмии Муъминшо анҷом ёфта айёми кору фаъолиятҳояш оғоз гардид, ки то имрӯз ( аввали соли 2002 ) ба муддати чиҳилу шаш сол идома дорад ва минбаъд ҳам иншооллоҳ, солҳои дарозе давом хоҳад кард.

Шеърҳои ҷиддии шоиронро аҳли фазлу китоб мутолиа мекарданд, шеърҳои ҳазломез дар забони омма шӯҳрате доштанд. Муъминшо аз синни кӯдакӣ чунин шеърҳоро дар хонадони падар дар сӯҳбатҳои сари кӯча ва хонагии калонсолон мешунид. Ошноӣ бо шеъри шоирон ва махсусан бо ному шахсияти онҳо мояи ҳавас ва парвариши табъ ҳам буд. Одатан чунин шеърҳо таърихи эҷоди худашонро доштанд, ки гӯянда аввал онро нақл мекард ва баъд шеърашро мехонд. Масалан, мегуфтанд, ки дар қишлоқи Нусай ду духтар Мулло Ёрро дида гуфтаанд, ки “ мегӯянд, шумо шоир ҳастед, барои мо шеъре бигӯед”. Мулло Ёр ин шеърро фавран гуфтааст. Баъди ин гӯянда он шеърро мехонад. Ё ин ки Иззатшо Тӯқсаборо нақл мерафт, ки гурбае дошт ва гурбаашро дар наздаш монда пушташро мемолид ва шеърҳояшро андеша мекард. Ровии ин хабар баъди чунин муқаддима, ки ба нияти гуфтани шеъри Иззатшо буд, онро қироат мекард. Дар бораи Мирзо Авлиёҳусайни Мағмум нақли хеле шефтаи шоирӣ буданаш ба ривояти гуногун гуфта мешуд. Аз ин қабил хабару шеърҳо Муъминшо дар айёми кӯдакию наврасӣ бисёр шунида ва имрӯз ҳам қисме аз онҳоро дар ёд дорад. Кӯтоҳи сухан, адабиёт ва шеъри касбию гоҳе ҳаваскоронаи шоирони Дарвоз мактаби сеюми шоирӣ барои Муъминшо буд. Нақши ин мактаб дар шеъри Мумин Қаноат маҳсус ва диданӣ аст. Агар образҳои шеърӣ ва таъбироту таркиботи ашъори Қаноатро бо шеъри ин шоирон муқоиса кунем, нақши сухани онҳоро дар шеъраш ба осонӣ мушоҳида хоҳем кард. Муъминшо дар мактаби шӯравӣ таҳсил карда ва, чунон ки гуфтем, дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик таҳсили донишгоҳиро ба поён расонидааст. Маълум, ки намунаҳои шеър ҳанӯз дар китоби “ Алифбо”- и таълифи Ҳилол Каримов оварда шудаанд. Мутолиаи ин шеърҳо ва зиндагиномаи шоирон ба шахсияти Муъминшо, албатта, бетаъсир набуд. Дар намунаҳои шеърии китобҳои таълимии мактаби миёна ва ҳатто дар дарсҳои мактаби олӣ диққати муаллифони китоб ва муаллимону устодон асосан ба мавзӯи шеър аз лиҳози мундариҷа ва арзиши мафкуравию иҷтимоӣ равона мешуд. Ин ҳамон адабиётшиносии иҷтимоъгар дар татбиқи таълим буд. Зеҳни шоири оянда ҳам ба ин иҷтимоъгар оҳиста-оҳиста одат мекард ва натиҷаашро дар фаъолиятҳои эҷодиаш бевосита ё бавосита мушоҳида мекунем. Таълими адабиёт маънои шиносоиро ба тартиби замону таърихи адабиёт ва паиҳам омадани шахсиятҳои адабӣ ҳам дошт. Чунин шиносоӣ андешаи таърихӣ ва шуури миллии толибилмро қувват медод, бо далоили адабӣ, анвои адабӣ, асарҳои адибон шинос мекард. 

Дигар хабарҳо