ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 25 ИЮНИ СОЛИ 2019
25 июни соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати ИНТ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бузург — Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки бисту ду сол қабл бо талошҳо ва хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расид ва иттиҳоду ҳамдилӣ сармашқи рўзгори навин ва созандагию бунёдкории тоҷикон гардид.
Адибонамон бо осори шоистаю арзишманд ин рўйдоди бузургро васфу ситоиш намуда, бо сухани созандаю дилраси хеш баҳри таҳкими истиқлолият ва ваҳдату бунёдкории миллат, сулҳу дўстӣ содиқона хидмат менамоянд.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамовозии гарму ҷўшони хешро нисбат ба ғамхориҳои Пешвои миллат баён доштанд.
Аъзои Раёсат рўзномаи ҷаласаро тасдиқ намуданд, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- Муайян намудани барандагони ҷоизаҳои адабии ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2019.
- Қабул ба узвияти ИНТ.
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Раёсат Анвар Мирзоҳакими Олим (барои китоби «Вақти гули зардолу», Хуҷанд, 2017), Абдурауф Муродӣ (барои маҷмўаи «Пайкори мўрон», Душанбе, 2018), Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин (барои романи «Спитамен», «Эр-граф», 2018)-ро бо ҷоизаҳои адабии ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ, Муҳтарам Ҳотам (барои маҷмўаи шеърҳои «Сухандору», «Адиб», 2018), Акбар Абдулло (барои маҷмўаи шеърҳои «Тирамоҳи сабз», Хуҷанд, 2018), Абдусаттори Раҳмон (барои маҷмўаи шеърҳои бачагонаи «Чанори пур аз лона», «Маориф», 2018), Муродалӣ Собир (барои маҷмўаи шеърҳои бачагонаи «Чашмасор», «Адиб», 2018), Салими Зарафшонфар (барои силсилаи шеърҳои «Як сафҳа баҳор», «Адабиёт ва санъат», 2018)-ро бо ҷоизаҳои адабии ИНТ ба номи Мирзо Турсунзода сазовор донист.
Адабиётшинос ва мунаққид Ҳафиз Раҳмон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дар баррасии масъалаҳои рўзнома аъзои Раёсат Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Давлат Сафар, Мансур Суруш ширкат карданд.