МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 31-УМИ МАЙИ СОЛИ 2018
31-уми майи соли 2018 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси Садорат доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим онро оғоз бахшид. Дар ҷаласа масъалаи меҳварӣ «Устод Айнӣ ва Истиқлолияти миллии тоҷикон» буд.
Дар ҷаласа қарори Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид.
1.Маърӯзаҳои узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров ба эътибор гирифта шаванд.
2.Маърӯзаҳо дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон чоп карда шаванд.
3.Аъзои Иттифоқи нависандагон даъват карда шаванд, ки дар тарғиби ормонҳои бузурги умумимиллии асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сиёсати бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути навиштаву суҳбатҳояшон саҳмгузор бошанд.
4.Нашрияҳои ИН вазифадор карда шаванд, ки перомуни мавзӯи мазкур мунтазам мавод ба табъ расонанд.
Дар баррасии масъалаи рӯзнома аъзои Садорат, адибон Аскар Ҳаким, Абдураҳмон Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода, Ҳақназар Ғоиб, Саттор Турсун, Абдуҳамид Самад, Барот Абдураҳмон, Мирзо Шукурзода, Додохон Эгамзод, Муртазо Зайниддинов, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон ширкат намуданд.