БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарине, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти раъйи мардуми ҷумҳурӣ қабул гардид, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба 6 ноябри соли 1994 рост омад ва он аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Бидуни шак, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади воқеан таърихиву муқаддаси давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад, падидаи бузург ва саҳифаи дурахшони таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, метавон бо итминон онро бахтномаи миллат номид, зеро тамоми санадҳои ҳуқуқӣ, ки фаъолияти моро дар тамоми самтҳо барои дарёфти саодати зиндагӣ ба низом медароранд, аз он маншаъ мегиранд.
Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 эълом гардид, ки давлати тозабунёду тозаистиқлоли мо соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст ва ҳамзамон ба арзи ҳастӣ кардани омилҳои гуногуни демократӣ дар кишварамон заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд ва онҳо тадриҷан рушду равнақ ёфтанд.
Конститутсияро шиносномаи давлату миллат медонанд ва ин беҳикмат нест, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Асоси низоми ҳуқуқии давлат маҳз дар Конститутсия муайян мегардад. Тавре дар фавқ ишора кардем, он умдатарин қонуни давлат буда, дигар қонунҳо аз он бармеоянд. Маҳз ба баракати қабули Конститутси- яи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аст, моро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанду эътироф намуданд.
Дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармало собит сохт, ки ифодагари манфиатҳои мардум аст, орзуву омоли меҳнаткашонро инъикос менамояд, барои пойдории ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ нақши муҳим мебозад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба эътибор гирифтани назари коршиносони сатҳи байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорй дар Аврупо қарор гирифт.
Эҳтироми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мост.
Сироҷиддин ИКРОМӢ, мудири шуъбаи насри ИНТ