МАВЛОНО: “ДАВЛАТИ ҶОВИДОН МАНАМ!”
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ базми шеъру суруд баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.
Гардонандаи маҳфил Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон, ки ҳунари навозандагиву сарояндагӣ низ дорад, дар баробари мардумро бо шеър, бо санъати худ бањраманд кардан дар бораи мусиқии шеъри Мавлоно андешањои ҷолибу шуниданӣ изҳор кард. Ў аз ҷумла гуфт:
«Яке аз сабабњои асосии оламгир шудани ашъори шоирони классики тоҷик саршори мусиқӣ буданашон аст. Дар ғазалиёти бузургонамон ҳарфҳо дастбадаст бо зарби дилу рўҳ омадаанд. Ғазалиёти Мавлоно дар баробари шеърияти ниҳоят баланд доштан ҳамон қадар мусиқӣ ҳам дорад. Шоир дар ашъори оламгири худ аз асбобҳои мусиқии миллӣ низ ёд кардааст, ки яке аз далелҳои ба мусиқӣ шавқу рағбати зиёд доштани ўст».
Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон аз таърихи нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон сухан кард. Ёдовар шуд, ки њунарпешаи маъруф Ҷўрабек Муродов дар асри XX яке аз аввалин сарояндањо ба њисоб меравад, ки шеърњои Мавлоноро бо садову оњанги худ ба мардум ба тарзи дигар расонида тавонист.
Зимни суханронии худ мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва муњаққиқи шинохта Муњаммадалии Аҷамӣ гуфт, ки тамоми осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои инсонро инсонтар кардан офарида шудааст. Ғазале, ки шоир аз эҷодиёти худ хонд, ба њозирин таассуроти амиқ бахшид.
Чанде аз донишҷўён аз ашъори мондагори Мавлоно қироат карда, мањфилро њусни дигар бахшиданд. Ҳунарпешаи мардумии Иттињоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов, Хунарпешаи мардумии Ҷумњурии Тоҷикистон Хосият Ортиқова сарояндаи ҷавону шинохта Фараҳманд Каримов аз ашъори Мавлоно сурудҳо хонданд. Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо таассуроти зиёд ба анҷом расид.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»