ҶИЛОИ АДАБИЁТИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Бори аввал дар таърихи адабиёти муосир аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи «Литературный Таджикистан» (бо забони русӣ) алманахи солона нашр гардид. «Литературный Таджикистан» таҳти таҳрири Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар матбааи «Сухан» бо сифати баланд ба зевари табъ ороста шуд.
Тавре дар сарсухан омадааст, он ба хотири огоҳии бештар пайдо кардани хонандагони русзабон аз ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик, бахусус адабиёти даврони соҳибистиқлолӣ, таъсис ёфтааст. Алманах дар бахшҳои «Из наследия современных классиков», «Проза», «Поэзия» ва «Очерк и публицистика» асарҳои гуногунжанру гуногунмавзўи адибони муосири кишварамонро пешниҳоди хонандагон гардондааст. Дар шумораҳои минбаъдаи нашрия дар назар аст, ки зери рубрикаҳои «Эссе и литературоведение» (эссе ва адабиётшиносӣ), «Новости литературной жизни» (навидҳо аз ҳаёти адабӣ) низ матолиби адабӣ пешкаш шаванд. Дар алманах маҳсули заҳмати тарҷумонҳои касбӣ ва шоирону нависандагони баркамол ҷой дода мешаванд.
Хонандагони русзабон аз асарҳои адибони муосири тоҷик, аз қабили Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Гулрухсор Сафӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Ато Мирхоҷа, Юнус Юсуфӣ ва дигарон, ки ба забони русӣ тарҷума шудаанд, ғизои маънавӣ мегиранд.
Б. ТОҶИДДИН, «АС»