НАСИМИ ТОЗАИ АДАБИЁТ

Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи сеюми октябр дар вилояти Суғд оғоз шуда буд, 4-5 октябр кори худро идома бахшид. Ёдовар мешавем, ки осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбек мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар бахши назм, ки зери роҳбарии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим амал намуд, шоирони шинохта Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Озарахш, Сурӯши Абдуҷаббор, Адибаи Хуҷандӣ ва Нуралии Нурзод, дар бахши наср зери роҳбарии муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, нависандагону адабиётшиносон Атахон Сайфуллоев, Маъруф Бобоҷон, Ғайрат Ҳаким, Анвар Олимов, Аюби Кенҷа, дар бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ бо роҳбарии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, доктори илмҳои адабиётшиносӣ Матлуба Хоҷаева, адабиётшиносон Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, Баҳром Мирсаидов, Субҳони Аъзамзод, Замира Улмасова ва дар бахши адабиёти бачагона зери роҳбарии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, Неъматҷон Файзуллоев-доктори илми адабиётшиносӣ, дар бахши публитсистика зери роҳбарии Додохони Эгамзод, Парда Ҳабиб, дар бахши адабиёти ӯзбек зери роҳбарии шоир Акбар Абдулло, Фирӯза Қаюмова-номзади илмҳои филология як қатор адабиётшиносу нависандагони варзида осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 80 нафар адиби ҷавонро ҷамъ овард, рӯзи панҷуми октябри соли ҷорӣ дар толори китобхонаи вилоятӣ натиҷагирӣ шуд. Раиси ИНТ Низом Қосим зимни баромади худ ҷиҳати ҷамъбасти машварати омӯзишии адибони ҷавон ба ширкаткунандагони он изҳори сипос намуд. Мавсуф аз ҷумла гуфт: «Ман аз шумораи иштирокчиёни машварат бисёр хурсанд шудам. Вақте ин қадар сару садоҳои манфӣ нисбат ба адабиёт дар ҷомеа ба вуҷуд омадаанд, вақте ин қадар обрӯи адабиётамонро ба ном шоиру нависандаҳо ба хок яксон мекунанд, вақте дар фазои маҷозии интернет гурӯҳе аз одамон адабиёти алоҳида сохтанӣ мешаванд, боз дар ҳар кунҷу канори кишвари азизамон истеъдодҳои хуб ҳастанд. Мо хурсанд шудем, ки бо вуҷуди ин қадар камиву костагиҳо ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдоде дар ҳама кунҷу канор доштаем ва онҳо омодаанд бори сангини адабиётамонро бо масъулияти баланд ба дӯш бигиранд. Дар гурӯҳе, ки мо мавриди муҳокима қарор додем, тақрибан 38 нафар адиби ҷавон ҳузур доштанд ва аз ин миён 12 нафарашон бисёр ҷавонҳои соҳибзавқу соҳибистеъдод буданд. Дар баробари ин дар дигар гурӯҳҳо низ чунин истеъдодҳо пайдо шуданд, ки боиси ифтихор аст.»
Номбурда дар идомаи суҳбати худ ба масъалаи нақди адабӣ диққати ҷиддӣ дода, тарбияи мунаққидони ҷавонро кори зарур шуморид. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки мо бояд мунаққидони ҷавонро дастгирӣ намоем ва бо ин восита нақди адабиро ҷоннок кунем. Зеро то нақди адабии мо пеш наравад, асарҳои арзишиманди худамонро ба хонанда пешниҳод карда наметавонем ва инчунин раванди таҳқиқи адабиётамон парешон боқӣ мемонад. Танҳо нақди адабӣ метавонад барои адабиёти имрӯз роҳи таҳқиқи амиқро боз намояд. Ҳамчунин раиси ИНТ бахшҳои адабиёти бачагона ва очерку публитсистикаро, ки аз муҳимтарин бахшҳои адабиёти имрӯз маҳсуб мешаванд, қобили дастгирӣ ва барои ҷомеа зарур арзёбӣ намуд. Сипас аз роҳбарони гурӯҳҳои назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбек даъват ба амал оварда шуд, ки хулосаи омӯзиши худро ироа кунанд. Роҳбарони гурӯҳҳо аз бурду бохти осори адибони ҷавони мавриди омӯзиш қарордодаашон ба ҳозирин дар шакли фишурда маълумот доданд ва чопи осори беҳтаринҳоро дар шакли китоб муҳим донистанд. Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо пешниҳод гардид, ки аз бахши назм Фирдавси Аъзам, Шодӣ Шарифниё, М. Сабурӣ, Эҳсони Раҷабӣ, Насимбек Қурбонзода, Бобаки Суғдӣ, Бузургмеҳри Ҳаким, Бузургмеҳри Баҳодур, Дурдонаи Зафар, Фарзонаи Зарафшонӣ, аз бахши наср Башир Усмон, Фариштаи Назар, Малоҳат Собирзода, Зулолаи Нур, Одили Нозир ва дигарон барои ба узвияти ИНТ пазируфта шудан мавриди баррасии ҷиддитар қарор бигиранд.
Шоми панҷуми октябр ҳайати устодон ва иштирокдорони машварати омӯзишӣ ба фестивали Оши палав дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ки дар он муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ҳузур доштанд, ширкат варзида, аз ҳунару маҳорати мардуми вилоят дидан намуданд. Дар чорбоғи Камоли Хуҷандӣ шаби шеъру сухан барпо гардид ва дар он адибони саршиноси кишвар ва ҷавонон суханронӣ ва шеърхонӣ намуданд. Субҳи шашуми октябр ҳайати машварати омӯзиширо бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ-«Девони Камоли Хуҷандӣ», «Ҳама гул ҳама тарона»-и Фарзона дар ду ҷилд, «Фаслномаи илмию адабӣ»-и Камоли Хуҷандӣ, «Парешон»-и Ҳаким Қоонӣ мудири бахши вилоятии ИНТ Аҳмадҷон Раҳматзод ва намояндагони ҳукумати вилояти Суғд гусел намуданд.

Дигар хабарҳо