Саломи васли башарият
17-уми декабри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳамкории Китобхонаи ба номи Халилуллоҳи Халилӣ маҳфили бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар хусуси бузургии Мавлоно ва осори оламгири ў сухан ронда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Гардонандагони маҳфил – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ва шоири шинохта Давлати Раҳмониён ёдовар шуданд, ки имрўз рўзи урси Мавлоно, яъне рўзи даргузашти вай аст ва ба ин муносибат мухлисони осори шоир ҳамасола дар ин рўз ёди ўро гиромӣ медоранд.
Суханронӣ дар бораи ҷойгоҳи Мавлоно дар адабиёти дунё ва қироати ғазалҳои дилошўби ў аз сўи гардонандагон ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Ҳунарпешагони маъруфи кишвар Давлатманди Хол, Ибодулло Машраб, шоир Акбар Абдуллоҳ, сарояндаи афғонистонӣ Хушнуд ва овозхони навраси боистеъдоди тоҷик Худодод Хушназаров бо суруду навоҳои марғуби худ ғазалҳои Мавлоноро пару бол бахшиданд.
Қироати шеърҳо аз тарафи як гурўҳ донишҷўён ба аҳли толор таассуроти хуб бахшид.
Дар поёни маҳфил маҷмўаи ашъори шоирони форсигў дар васфи Мавлоно, ки аз ҷониби сарвари Китобхонаи Халилуллоҳи Халилӣ Ҷаъфари Ранҷбар таҳия гардидааст, муаррифӣ шуд. Дар маҷмўаи мазкур шеърҳои ба Мавлавӣ бахшидаи шоирони дирўзу имрўзи форсизабон фароҳам омадаанд.
«АС»