Сӯгворӣ. Адиби маҳбуби бачаҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ даргузашт

 Сӯгворӣ. Адиби маҳбуби бачаҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ даргузашт

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, адиби маҳбуби кӯдакону наврасон Ҷӯра Ҳошимӣ 28 октябр аз олам чашм пӯшид.

Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби миёнаи №25-и зодгоҳаш ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)  ба сифати мусаҳҳеҳи Нашриёти давлатии «Ирфон», муҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», котиби масъули маҷаллаи «Чашма», сардабири ҳафтаномаи мактаббачагон –  «Гул-гул» ва солҳои тӯлонӣ ҳамчун  мудири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дошт ва дар рушди ин шохаи муҳимми адабиёт саҳми чашмрас гузошт.

Устод Ҷӯра Ҳошимӣ инсони дӯстдоштанӣ ва адиби тавонову пурҳунар буд. Шеърҳои ширину рангини ӯро кӯдакон бо шавқ мехонданду ҳифз мекарданд.

Маҷмӯаҳои «Соябони садранга» (1980), «Офтобак», «Хати амонӣ», «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии А. Баҳорӣ), «Нинӣ ба по шуд», «Куда я бегу?», «Аз як-як то лак-лак», «Кулча чаро  ширин аст?», «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ), «Ре» мегӯям ман бурро!», «Рӯзи нав» ,  «Чаро шамолак вазид?», «Баччаҳову кӯчаҳо», «Мусиқии хомӯшӣ», «Гунҷишк ва гурба», «Зоғак ва ғозак», «Биё, бо ҳам бихонем» ва ғайра номи ӯро зинда хоҳанд дошт.

Аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандони устоди равоншод ҳамдардӣ баён мекунем. Рӯҳаш шоду номаш ҳамеша гиромӣ бод!

Дигар хабарҳо