Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир…

 Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир…

Ҳангоме гуфтугӯ болои як номае, ба гунаи китоби ин фарзонамарди хуросонӣ, тайи замону макон гарм мегузарад, боз ҳам аз пайванди одам ба кайҳони ҷовидон гувоҳӣ медиҳад ва ӯро дилбастаи дирӯзу имрӯзу пагоҳ нигориш мекунад.

Фирдавсӣ низ ба ин орзуву армон аз «пажуҳандаи рӯзгори нахуст», ки «гузашта суханҳоро боз меҷӯяд», ёрӣ мехоҳад ва «аз ҳар даре ранг-ранг сухан мегӯяд», то андарзе ҳамоҳанги ҷаҳони бекарон сароида бошад. «Зи ҳар дар фаровон суханҳо биронд»-ани ӯ бар рағми андешаи нагуфтану накардану ҳиштан аст ва муҳтавои ин байт: «Сухан ҳарчи гӯям, ҳама гуфтаанд«, «Бари боғи дониш ҳама руфтаанд» баёнгари ғояти фурӯтании шоир аст, аммо бо зикри ин нукта, ба таъбири имрӯзаи тоҷикӣ, хотирҷамъ намешинад, ангушт бар девори яъсу навмедӣ намезанад ва роҳро на ҷониби торикӣ, балки сӯйи хуршедҳо пеш мегирад: мепӯяд, мековад, меомӯзад таърихномаҳоро, рӯйдодҳоро аз парвезани андеша мегузаронад ва дили худро ба дерпойии фарҳанг, ки аз табиати инсон аст, бо бузург донистани беҳтарин ёдгори фарҳангӣ, яъне, сухан, ки нишони ҷовидонӣ сари сина дорад, аз нури имон оганда месозад ва ба ин бовар, ки то гетӣ пойдор аст, забон паёмовари ҷисму ҷон аст, дар тангнову шоҳроҳи рӯзгорон гом мебардорад ва ёди сухан мекунад, ба умеде, ки аз сухан ёде бишавад ва риштаи зиндагӣ ҳеч гоҳ гусаста нагардад.

Аз корномаҳои пешиниён ҳамин «Шоҳнома» аст, ки аз шикастурехти ниёкон беш бо мо ҳарф мезанад (Суханҳои дерина боз оварем, Ба гуфтор лабро ниёз оварем), бурдубохти куҳанзамонҳоро пешорӯямон мегузорад, ки аз он бардошт бикунем, дар паҳлуи як маънии бузург як забони  пурвожаву пуррангу нигорро низ дар хидматамон қарор медиҳад, ки бар асари нобасомониҳои даврон раҳгум назанем, воқеиятро бо чашми хирад

Агар бихрадӣ, як сухан ёд гир:
Ки наздики бихрад сухан хор нест;
Хирадманд бошеду равшанравон,
Ниюшандаву чарбу ширинзабон

бубинем ва агар сухане дорем, он гуна ба забон биёрем, ки неругирифта аз хостгоҳи маъниёфтагон

Зи доно сухан бишнав, эй шаҳриёр,
Ҷаҳонро бад-ин гуна обод дор

буда бошад. Ва мо низ битавонем кореро анҷом бидиҳем, ки гузаштагон бар дӯшамон мондаанд.

Дар «Шоҳнома» ёддошти таърих ва адабиёт бо ҳикмат омехта рӯйи кор омада ва мафоҳим ба сурати андарз буруз намуда, ки саршор аз мояи дилрасу зеҳнмон мебошад ва бо гузашти айём дархӯри завқи замон ҷило медиҳад. «Чапу рост ҳар сӯ тобидан» ва «Сару пойи гетӣ наёфтан»-и Фирдавсӣ тасвири маҳзи авзои гоҳи бостон ва ё даврони ӯ нест, «сару пойи гетӣ»-ро имрӯз ҳам ёфтан душвор аст, аммо «чапу рост» кофтан ройи дурустест, ки шоир пешниҳод менамояд, чаро ки бо нишастан кор пеш нахоҳад рафт…

Дар поёни садаи бист ва оғози садаи нав афзоиш ёфтани ҷангу ҷадал дар дунё аз худношиносӣ ё хешро ба нодонизаданҳост, ё нодида гирифтани сабақ аз китоби зиндагии башар аст, ки баҳимавор мехоҳем ҷойе сар пеш бинамоем, ки ҷойи сардарорӣ нест, аммо муҷиби чӣ қадар нооромиву парешонии дигарон хоҳем шуд. Тундбоди ҳаводиси иҷтимоӣ ношӣ аз каммоягии фарҳангӣ ва бепоягии фаҳму фиросат аст; ё сухан дониста намегӯем, ё бебаркаш аз рӯйи сухани дигарон рафтор мекунем. Қасди ҷоҳталабӣ ё вонамуди бузургманишӣ низ аз камдонишист, ки саранҷом ҷойгоҳи худро дар тангно ё паҳнои зиндагӣ дарнамеёбем ва ё бо заҳри забон фазои покро олуда месозем.

Ин ҳангом ҳам месазад, ки аз панди Ҳакими Тӯс дастур бигирем, «то ҷаҳонро ба бад наспарем» ва «ба кӯшиш ҳама даст сӯйи некӣ барем».

Назари Фирдавсӣ ба сухан аз ҳамин дидгоҳ аст ва омӯзишу баррасии он имрӯз ҳам аҳаммият дорад.

Арзиши сухан дар «Шоҳнома» худ ба худ ҳувайдост, яъне, бидуни гузоришҳои масоили назарӣ аз ҷониби шоир мавзуъ маълум аст, яъне, достон сартопо бо сухани нағзу фарруху дилпазиру умедбахши ӯ

Нигаҳ кун бад-ин номаи пандманд,
Дил андар сарои сипанҷӣ мабанд;
Чу ин номвар нома ояд ба бун,
Зи ман рӯйи кишвар шавад пурсахун;
Суханҳои уммед гӯям кунун,
Ки дилро ба шодӣ бувад раҳнамун

ороиш ёфта, ки қиматмандии онро афзун гардондаанд.

Ва Фирдавсӣ бо тафохур аз ҳунари суварнигории хеш лаб кушода:

Намудори гуфтори ман ман басам,
Бар ин достон ибрати ҳар касам.

Аммо чеҳраҳои офаридаи Фирдавсӣ ғолибан донишмандона аз забон ва хирад бар дили хеш пироя доранд ва ӯ хостори ҳамин гуна фарзонагиву хирадмандӣ ҳам аст:

Ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй,
Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй…

                         ***

Зи гуфтори фарзонадил марди пир
Сухан бишнаву як ба як ёд гир.

Ва дар баёни калом шабеҳи пажуҳишгари ҳикмату фалсафаанд ва суханашон дақиқу пандманд аст ва, ба пиндори мо, ҳама барои пур кардани фазои тиҳӣ аз маънавиёте, ки бар асари шӯришҳои пайдарпайи душманони Эронзамин ба вуҷуд омада, часпу талош дорад ва бо фараҳмандӣ дар ин айёми хуҷаставу фархунда, замони эҳёи дигарбораи тамаддуни муддате аздастрафта, фурӯзон шудани чароғи хомӯшгардида, ҳангоми тулуи хуршеди озодӣ сухан поку мубарро ба арз мерасонанд ва ба ҳам андарз медиҳанд ба ибрати дигарон.

Ҳикмати сухан бисёр печида аст ва ин аз пурпаҳлуии он аст. Фирдавсӣ ва паҳлавонони достон бар эътибори шоху барги зиёди он хешро ҳамеша ботадбир нишон медиҳанд, ки дигарон низ, дар воқеъ, боэҳтиёт бошанд.

Нигоҳи шоир ба забону сухан сода нест. Барои исботи бузургии он гоҳе ба моварои табиат сафар мекунад, ки «сухан осмонӣ» ба даст биорад, то аз дари худотарсӣ азамати онро ба ҳазрати одам бирасонад ва ӯро ба ҳушёрӣ бозхонад:

Агар беҳ набудӣ сухан аз Худой,
Набӣ кай будӣ назди мо раҳнамой?

Дар назарияи каломи Фирдавсӣ «сухандониву раҳнамунӣ» баста ба фазли Худованд аст (Касеро, ки Яздон фузунӣ диҳад, Сухандониву раҳнамунӣ диҳад) ва аз «хирадманди равшанравон» мехоҳад, ки дар забон танҳо номи Яздонро:

Кунун, эй хирадманди равшанравон,
Ба ҷуз номи Яздон магардон забон.

бигардонад ва низ ҷойе ки сухан танг андармеояд, ба Худои пок паноҳ бибарад:

Ба ҷойе, ки танг андаромад сахун,
Паноҳат ба ҷуз покяздон макун.

Ва «осмонӣ сухан»-ро ҳам атои лутфи Эзади якто медонад. Ниҳоят, аз «довари кирдигор» барои ба поён расондан ва достоне ёдгор мондан аз ин «номвар номаи бостон» аз рӯзгор амон:

Ҳамехоҳам аз довари кирдигор,
Ки чандон амон ёбам аз рӯзгор.

К-аз ин номвар номайи бостон,
Бимонам ба гетӣ яке достон.

Ва аз дигарон низ дар «кори сухан» ҳамин гуна рафторро умед дорад ва боз талқин мекунад:

Ба Яздон гирову сухан з-ӯ физой,
Ки ӯяст некидеҳу раҳнамой.

Бад-ин хотир, Ҳакими Тӯс ҷиҳати кушоиши муаммои сухан «ба номи Худованди ҷону хирад» ибтидо мекунад ва комёб низ мегардад ва анҷом пазируфтани ин «номвар номаи бостон» аз пешрафти кори номанависии эшон мадрак аст. Аммо ин оғози матлаб аст. Сухани росту расоро шоир аз они покяздон медонад, ки ҳеч ниёз ба андарзу дастуру машварат надорад, аммо дигар канораҳои онро барои бандагон, ононе ки зодаи гардуни «бадкирдору каҷниҳод»-анд ва доиман ба ройи савоб муҳтоҷ, мехоҳад бознамояд.

Чун забону сухан василаи пайванди замонҳост, бояд ба он арҷ гузошт, ба «сару бун»-и он нигоҳ кард ва ба ғизои донишу маънӣ шодобаш гардонд, то омили эҷоди осори монданӣ бишавад. Ба қавли суханварони пасин: «Лафзи хубу маънии барҷаста мебояд гирифт!» Ва худи Фирдавсӣ ҳамин корро карда:

Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир,
Суханҳои покизаву дилпазир…

Аз каронаҳои арзишманди бунёди пояи забон донишро мешуморад ва сухани пурдонишу бомағзу ҳушро дӯст медорад, ситоиш мекунад, чаро ки сухани бодонишу хирад метавонад росту росиху устувору раҳнамо бошад ва ҷиҳати даст ёфтан ва ноил шудан ба он пайваста омӯхтан:

Чу гӯйӣ, ҳамон гӯ, ки омӯхтӣ,
Ба омӯхтан-дар ҷигар сӯхтӣ.

гуфтану (гуфтори фаровон, яъне, талқину такрор, ки бад-ин шева шамъи забон афрӯхта мемонад) шуниданро:

Шунида суханҳо фаромуш макун,
Ки тоҷ аст бар тахти шоҳӣ сахун…

Бияндеш бисёру букшой гӯш,
Сухан аз хирадмандмардум ниюш…

илқо мефармояд, зеро:

Касе, к-ӯ ба дониш забонаш фирӯхт,
Ба чора бад аз бун тавонад сипӯхт.

Ба дастури пирону дабирону донандагон рафтор кардан шарти судманди касби дониш аст ва боястӣ сухангӯй ва «сарояндаи бисёрҳуш» низ ҳарферо аз забони эшон фурӯ нагузорад.

Чунин пиндошта мешавад, ки Фирдавсӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ва саҳеҳ гардондани ихлоси хонандаву шунавандаи хеш нахуст симои солормард, «шоҳи жарфбин», «сухангӯву равшандилу поктан»-ро, ки «сазои ситудан ба ҳар анҷуман» аст, чун фоли нек намудор мекунад ва мехоҳад бо гӯшзади ин байт:

Шумо, ҳар чи гӯям, зи ман бишнавед,
Агар кор бандед, хуррам бувед,
–

ки оғозгари қиссаи рӯзгори подшоҳи Яман аст (Ки чун ӯ набошад ба ҳар анҷуман), дар тақвияти панду мавъизати бузургон ҳикмате бигӯяд ва амалкардро ба ҳидояти онон савоб бишуморад. «Ба гуфтори донандагон», «ба гуфтори деҳқон», «сароянда мард», «донишимард», «меҳтар» роҳ ҷустан ва «аз хирадманд мардум», «аз ин номбардор пири куҳан», «зи доно» ва «аз бародар» сухан шуниданро метавон аз хитобаҳои шоир дар суди суханандӯзӣ ҳисоб кард.

Устод Фирдавсӣ худ «забонваре чарбгӯй» аст ва бо ин лаҳни шевову гӯё дар муқобили гуфтори сарду тунду дурушт байтпораҳоеро ёдгор монда, ки лабрез аз маъниҳои иршодгароёна ва ширинсуханиву нармгӯйӣ ҳастанд:

Ба чарбӣ суханҳо-ш посух диҳед,
Чу пурсад сухан, ройи фаррух ниҳед.

                              ***

Сухан нарм гӯй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард.

«Пурнигор» овардани сухан ҳам беш «ба чарбӣ ба кор овардан» (Ба ҳар кор чарбӣ ба кор оварӣ, Суханҳо чунин пурнигор оварӣ) вобаста аст.

Чун дили шоир беш бо забон ошноӣ дошт, андешаҳояш паёмбарона борик ва суханонаш бо хирад андархӯрда буд, ҳеҷ гоҳе «хира» на, бал тозаву рӯшан андарз дод ва ҳар байт, ки аз «Шоҳнома» пиромуни мушкилоти ҷойгоҳи сухан дар рӯзгорон ба даст меояд, арзиши ҳангуфте хоҳад дошт ва чун «дирафше бар сари бихрадон» хоҳад буд:

Нигаҳ кун, ки ин нома то ҷовидон
Дурафше бувад бар сари бихрадон.

Дигар хабарҳо