Уқоби қуллаҳои некномӣ
Ба муносибати 70-солагии шодравон Махсум Олимӣ
Шоиронро саодате насиб аст, ки каломашон баробари дилҳоро тахсир кардану таскин бахшидан номашонро дар оинахонаи муҳаббати инсоният сабт хоҳад намуд. Бисёр иттифоқ афтодааст, ки шояд исмеро ҳамеша ба забон меоварӣ танҳо ба хотири дилнишинии суханаш ва мешиносӣ, гӯё солҳост бо ӯ дӯстӣ варзидаӣ, вале дар асл боре ҳамсуҳбат нагардидаӣ. Каломи ҳамон дӯст аст, ки қаробате эҷод мекунаду муҳаббате меафзояд, каломе, ки аз дил бархоставу ба дилҳо нишастааст.
Ҳамин гуна, шодравон Махсум Олимӣ, шоире озодаву вораста ва ринде порсо барои мо, хонандагони мактаби солҳои ҳаштодум ва аввалин донишҷӯёни замони истиқлол, ошно буд. Ҳанӯз боре ҳам ӯро надида будем, ки ашъорашро аз забони ҳунармандон шунидем ва чандин аз сурудаҳояшро азбар медонистем.
Ҷанги бемаънии бародаркуш, ки ҳазорон доғ дар синаи мардуми мо гузошт, ки он яке доғ ҳамин марги мармузи худи Махсум Олимӣ аз дасти ноҷавомардон аст. Ононе, ки худи ӯ ёри ағёр унвонашон кардааст. Дар ифодаи дӯстони душманнамо Махсум Олимӣ парадокси зебои офарида, ки ба сурати «ёри ағёр» ҷилвагар аст ва вусъати ин таркиб чӣ миқдор ранҷу дарди маърифат аз ҳақиқати инсониро дар хеш нуҳуфта. Ин ҳарфи Махсум Олимӣ, ки тарс аз ёри ағёр дорад ва ёри ҳарҷоӣ бештару фаротар аз тасаввури мо дарду андуҳи маърифати ҳамин гуна як шикаст ва дарки ҳақиқати зиндагониро дар худ ҷой додааст:
Тарси ман аз ёри ағёр аст,
Тарси ман аз ёри айёр аст.
Шояд аз ҳамин сабаб он солҳо ин суруда аксар сари забонҳо буд, хоса аввалин солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки ҳамин гуна ёрони азиз ағёр шуданду ҳарҷоӣ, ки самарааш ҳамон фоҷиаи бемисли маъруф ба ҷанги шаҳрвандист.
Ва сурудаи дигаре аз Махсум Олимӣ, ки аз бар медонистем, ин буд:
Ташнаи оби Зарафшонам ҳанӯз,
Ошиқи моҳи Бадахшонам ҳанӯз.
Дар барору нобарорӣ раҳ ба раҳ,
Ҳамдами андӯҳу армонам ҳанӯз.
Ҳарчанд таассуф аз он дорам, ки боре дар суҳбати рӯ ба рӯ бо ин шоири зиндадил қарор надоштам, бо ин шеърҳо ва сурудаҳое мисли ин аз айёми наврасӣ ошно будам. Воқеан, ҳар нафар хонандае, ки ба ҷаҳони шеъри Махсус Олимӣ ворид мешавад, эҳсос мекунад, ки як самимияту садоқат ва соддагии хоси каломаш ӯро ба самти худ мекашонад.
Зарафшону Бадахшон ду порае аз тани Тоҷикистон ҳастанд, ки шоир ошиқи моҳу ташнаи оби онҳост, яъне ошиқи тамоми зебоиҳои Тоҷикистони азизаш. Ҳамин як байти содаву самимонаи Махсум Олимӣ ҳикмати ваҳдати миллиро барои мо тавзеҳ мекунад, ва маро бо зикри номи Зарафшону Бадахшон ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ҳар зарраи хоки поки Тоҷикистони азиз ва ҳар қатраи оби муқаддаси он бирасем ва ин Ватанро чун гавҳари чашм эҳтиёт кунем.
Ҳамин шеваи шинохт дар як ғазали дигари ӯ низ ҳувайдост, вақте аз саҷда бар мазори Туғрали ширинсухан дар роҳи Зосун то Зарафшон ва сарбаландии тоҷик аз сарбаландии Бадахшон сухан мекунад, зеро ба фармудаи ӯ қадри худро тоҷики бедорбахт аз баландии Бадахшон мешиносад:
Саҷда орад бар мазори Туғрали ширинзабон,
Ҳар касе аз роҳи Зосун то Зарафшон бигзарад…
Қадри худро мешиносад тоҷики бедорбахт, Э
Бо баландӣ, аз баландии Бадахшон бигзарад….
Махсум Олимӣ аз табори ҳамон шоироне буд, ки роҳи душвору парвозбахши худшиносиро интихоб намуд, то аз ин роҳ, ба қавли худаш, қуллаҳои сарбаландиро уқобона фатҳ кунад. Аз ин рӯ, дар ғурури ӯ танҳо ифтихори баланди инсон будан муҷассам мегардад, на кибру такаббури дунёиву зоҳирии бебунёд. Ғурураш аз он буд, ки марди роҳи кишвари зебои ишқ аст ва ҳамеша дар интизори корвон мемонад, то бираваду бираваду биравад.
Дар шеър ҳам бо он ки сазовори баҳои устодон гардид, камоли хоксорӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба худ, қонеъ набудан ба эҷод ҳамеша ӯро раҳнамоӣ мекард, то бештар пайи такмилу таҷдид бошад. Дар як ғазали худ ин нуктаро ба такрор таъкид мекунад ва ҳамон ҳисси худро тафсир менамояд. Ҳатто рози ҷовидонагии шоиронро дар сурудани як байте ошиқона маънидод карда, худро кӯдаки раҳомӯзи домани моми шеър медонад, ки дар ин ҷода афтону хезон равона аст:
Мо кӯдаки раҳомӯз домони мом дар даст,
Дар роҳи шеър афтон, нав гаштаем равона.
Бар қадри гул расидем чун булбули худогоҳ,
Гар нолае намудем як лаҳза булбулона.
Дар идомаи ин ғазал як дидгоҳи адабии хешро изҳор мекунад, ки тавре бо як гул баҳор намешавад, ба як шеър ҳам инсон наметавонад чун шоир муаррифӣ гардад. Ин шинохт барояш маҳсули панду ҳикматҳое ҳастанд, ки аз гузаштагон ба мероси расидаанд. Рози ҷовидонагии шоир ҳам дар гуфтани байте шоирона аст. Танҳо ҳамон шоир дар пиндори Махсум Олимӣ ҷовидонист, ки ҳамчун шоири замони хеш як шеъри шоирона гуфта бошад:
Як гул баҳор набвад, як шеър шоирӣ нест,
Неканд пандҳои бигзаштаи замона.
Чун шоири замона бошем ҷовидона,
Ар мо навишта бошем, як шеъри шоирона.
Ҷои дигар вақте аз ташнагии дидори кӯҳҳои сарбаланди деҳаи худ сухан мекунад, ҳамоно ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббату садоқати баландаш нисбати ин Ватани азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, ҷилваи равшан пайдо мекунад. Ӯ барои он ба деҳа мерафт, ки ташнаи дидори кӯҳҳои сарбаланди он буд, чун сарбаландиву сарфарозӣ ва ғуруру ифтихорро аз ин кӯҳсорон омӯхта буд.
Ойини ватандӯстии Махсум Олимӣ аз муҳаббати ӯ ба деҳа, як пораи хоки Тоҷикистони азизи худ, рустои Каздон сарчашма мегирад. Ҳар ҷо, ки рафтааст, ҳатто ба Маскав барои таҳсил ба Институти умумииттифоқии нависандагони СССР ба номи М. Горкий, ёду хотиротеро аз деҳаи зодгоҳи хеш бурдаасту бо ёдаш чакомаи садоқат хондааст. Чун илҳомбахши ӯ садои оби дарёи деҳа, канори сабзу домони поки он аст. Он ҷо ки мегӯяд:
Ба ёди тифливу тифлам зи Маскав,
Дилам раҳ ҷониби Каздон гирифта.
Ин марди кӯҳзодаи дарёдил, ки ҳамеша ба ёди обҳои мусаффои рӯди Каздон ва чашмасору сабзазори ин рустои биҳиштосои хеш аст, ба Душанбеи азиз, ки солҳо ӯро дар доманаш парварид, муҳаббати хос дошт ва ин муҳаббат ҳам сарчашма аз ишқи Ватан мегирад.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ



