Феҳристро ба тоҷикӣ дастрас намоем

 Феҳристро ба тоҷикӣ дастрас намоем

Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев, ки дар сохтори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди раёсати АМИТ фаъолият мекунад, яке аз бузургтарин марказҳои осори қаламии Тоҷикистон ва махзани ёдгориҳои арзишманди хаттии халқҳои Шарқ дар қаламрави иттиҳоди Шуравии собиқ маҳсуб мешавад. Имрӯз дар он зиёда аз 6120 ҷилд дастхат ва 6400 нусха китобҳои чопи сангии нодир ба забонҳои форсии тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ, ибрӣ, пашту, узбекӣ ва ғайра нигаҳдорӣ мешавад. бояд ёдовар шуд, ки дар ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тавсифу тарвиҷи осори хаттӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ нақши академик Абдулғанӣ Мирзоев (1908-1976) хеле назаррас аст. Зеро ӯ аз рӯзи таъсиси Ганҷинаи дастнависҳо (соли 1953) дар сохтори аиҶТ (ҳоло АМИТ) ва махсусан, баъд аз ташкили Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ дар тобеи АИҶТ, ки устоди равоншод сарварии онро ба уҳда дошт, дар баробари харидорӣ, нигаҳдории осори хаттӣ ба омӯзишу таснифбандӣ, барганависии осори хаттии дар ганҷина маҳфузбуда, ба омӯзишу тавсифи библиографӣ ва таҳқиқу тарвиҷи онҳо таваҷҷуҳи хосе мабзул медошт.

Ду хидмати бузурги устод А. Мирзоевро дар муаррифии ганҷинаи мазкур мо бояд фаромӯш накунем. Пеш аз ҳама, дар шиносондани нусхаҳои нодиру мунҳасир ба фарди он дар миқёси байналмилалии шарқшиносӣ талоши беандоза кардаааст. Аввалин шуда, доир ба нусхаҳои нодири ганҷина аз ҷумла, “Музаккир-ул-аҳсоб”-и Малеҳои Самарқандӣ,  девони Саййидои Насафӣ, Мулҳами Бухороӣ, нусхаи тозаёфти як маснавии Ҳилолӣ, “Номаи аъзам”-и Аҳмади Дониш, нусхаи асли “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш, “Зафарнома”-и Бадриддини Кашмирӣ, девони Сайфии Бухороӣ, “Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ”-и Мутрибӣ, “Хотироти Мутрибӣ” ва “Тазкират-уш-шуаро”-и Ҷаҳонгирӣ як силсила таҳқиқоти арзишманд анҷом дода, арзишу ҷойгоҳи онҳоро дар рушду такомули адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ дар илми адабиётшиносии тоҷик ва эроншиносии ҷаҳонӣ мушаххас сохтааст. Баъд аз табъу нашри таҳқиқоти эшон, таваҷҷуҳи муҳаққиқони адабу фарҳанги форсӣ ва ховаршиносони аврупоӣ ба ин Ганҷина бештар гардид ва то ба имрӯз ҳамасола чандин ховаршиносони Ғарбу Шарқ ба мақсади омӯзишу пажуҳиши дастхатҳои ин махзани осори қаламӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Хидмати дигари устоди зиндаёд, ки хеле арзанда ва мондагор аст,  тавсифу тадвин ва чопи Феҳристи дастнависҳои ганҷина ба забони русӣ зери унвони «Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР” маҳсуб мешавад.

Ин феҳрист таҳти роҳбарӣ ва ширкати бевоситаи академик Мирзоев бо ҷалби беҳтарин муҳаққиқони дохилӣ ва эроншиносони маъруфи рус бо истифода аз таҷриба ва равиши беҳтарин феҳристнигории ҷаҳонӣ дар 6 ҷилд тайи солҳои 1960-1988 бо вақфаҳо тавассути нашриёти “Дониш”-и АИ ҶТ ба зевари чоп даромада, ба 70 маркази шарқшиносии маъруфи ҷаҳон ирсол гардидааст. Ҷои басо ифтихор аст, ки ҷилди аввали он дар арафаи Кунгураи 25-умини байналмилалии шарқшиносон, ки дар соли 1960 дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ба нашр расида, ба ширкаткунандагони ин ҳамоиши бошукӯҳ тақдим гардид, ки барои муаррифии илми шарқшиносии тоҷик бетаъсир набуд. Нашри феҳрист ба истиқболи хуши ховаршиносони хориҷӣ ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии собиқ ва муҳаққиқони эронӣ мувоҷеҳ шуд. Барои ба сомон расонидани ин кори дандоншикан устод Абдулғанӣ Мирзоев адабиётшиносон, муҳаққиқон ва нусхашиносони маъруфи Тоҷикистон: Расулхон Ҳодизода, Камолиддин Айнӣ, Михаил Занд, Ҷаҳонгир Дуррӣ, С. Тоҷиддинов ва муҳаққиқони ҷавони умедбахш Муҳаммадвафо Бақоев, Зулфия Ҳасанова, Гулсум Галимова, Г. Лузянова, Н. Зарбахт, Э. Улуғзода Т. Голс, Ғиёсиддин Қодиров ва амсоли онҳоро ҷалб намуда, корҳояшонро бевосита роҳбарӣ ва назорат мекард.

Ҳар як ҷилд бо муқаддимаи муфассали академик А. Мирзоев бо зикри саҳми ҳар як узви ҳайати илмӣ ва фаннии гурӯҳи корӣ ва ҳадафу усули тавсифи нусхаҳои хаттӣ бо вижагиҳои ҳар як ҷилд тибқи мавзуъ ва меъёрҳои китобшиносии ҷаҳонӣ ба чоп расидааст. Дар 6 ҷилди феҳрист дастхатҳои аз асри ХI то асри ХХ дар Ганҷина маҳфуз буда, дар маҷмуъ 2372 асари қаламӣ тавсифу шиносоӣ гардидааст.

Дар таҳриру назорати чопи ҷилдҳои феҳрист устод  Мирзоев бо марказҳои шарқшиносии Маскаву Санкт-Петербург ҳамкории зичро ба роҳ монда, ховаршиносони маъруф, чун докторҳои илмҳои филологӣ, профессорон А. Н. Болдирев ва А. Е. Бертелс бевосита дар таҳрири ҷилдҳо якҷо бо худи Мирзоев саҳмгузор буданд. Танҳо ҷилди шашуми феҳрист, ки баъд аз вафоти устоди равоншод ба чоп расид, зери назару таҳрири бевоситаи дӯсту ҳамкори эшон Андрей Бертелс мунташир гардид.

Ҷилди аввали феҳрист тавсифи илмӣ-библиографии 288 асари дастнависи ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва туркӣ-чағатоиро дар бар мегирад, ки дар сатҳи меъёрҳои китобшиносии байналмилалӣ анҷом дода шуда, ба соҳаҳои таърих, ҷуғрофия, топографияи таърихӣ, саёҳатномаву ёддоштҳо ва моддаҳои таъриху санадҳои расмӣ-давлатӣ иртибот дорад. Ҷилди дувум тавсифи илмӣ-библиографии 469 дастхатро шомил аст, ки иборат аз тазкираҳо, зиндагиномаҳо, яъне манобеи адабӣ ва осори адабии асрҳои ХI-XV мебошад. Ҷилдҳои сеюм ва чаҳорум идомаи мантиқии ҷилди дувум буда, тавсифи илмӣ библиографии осори манзуми адабӣ-бадеии ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва узбекии дар асрҳои XVI-XX таълифшударо фарогир аст.

Ҷилди панҷуми феҳрист тавсифи илмӣ-библиографии 429 дастнависро шомил аст. Ин ҷилд аз нигоҳи асарҳои дар он тавсифшуда ба ду бахш ҷудо гардидааст. Бахши аввал тавсифи баёзҳо ва маҷмуаи “Радоиф-ул-ашъор”-ҳоро дар бар мегирад. Бахши дуюми феҳрист тавсифи осори насри бадеии аз асри XI то XX эҷодшударо шомил аст. Ҷои тазаккур аст, ки ҳарду бахши ин ҷилд дорои арзиши хоссест, зеро дар онҳо тавсифи дақиқи нусхаҳои басо нодир ва барои илми эроншиносӣ ҷолиби таваҷҷуҳе ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, дар бахши аввал метавон аз нусхаи қаламии “Маҷмаъ-ул-қасоид” ном бурд, ки дар асри XVI тадвин шуда, шомили маҷмуи қасоид аз 18 шоири маъруфи форсу тоҷик аст, ки ба ашъори якдигар назира гуфтаанд. Ин нусха, ки зери № 1949 дар ганҷина маҳфуз аст, як манбаи арзишманд дар таҳқиқу баррасии раванди такомули жанри қасида дар адабиёти форсии тоҷикӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, барои пажуҳандагони таърихи адабиёт маҷмуаҳои “Радоиф-ул-ашъор”, ки дар ганҷина шаш нусха мавҷуд буда, ғазалҳои шоирони асрҳои XIV-XX-ро, ки бо шакли назира дар як радиф эҷод сарчашмаи гаронбаҳоянд.

Ин “Радоиф-ул-ашъор”-ҳо ҳангоми омӯзиши вижагии ғазали ҷудогона ва соири масоили поэтикаи ғазали форсии тоҷикӣ манбаи муҳимме метавонанд бошанд. Тавре ки дар пешгуфтори ин ҷилд устоди фақид А. Мирзоев таъкид медорад: “Ба шарофати “Радоиф-ул-ашъор”-и № 2256 (тавсифи 1507) барои мо маълум гашт, ки шоирони Мовароуннаҳру Хуросони нимаи дуюми асри XVII ва ибтидои асри XVIII ғазалҳои хешро таҳти таъсири Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) эҷод кардаанд. Агар ин сарчашма набуд ин факти адабӣ, имкон дошт дерзамон номаълум мемонд”.

Ба ҳамин минвол метавон аз маҷмуаи “Рубоиёти мутафарриқа” ёдовар шуд, ки намунаи рубоиёти яксаду даҳ шоири форсу тоҷикро аз асри X-XVII дарбар мегирад.

Бахши дуюми ҷилди мазкур, ки ба тавсифи илмӣ-библиографии нусхаҳои осори насри бадеии форсии тоҷикӣ ихтисос дода шудааст, ба се гурӯҳи зайл тақсим мегардад: а) Ба гурӯҳи аввал тавсифи нусхаҳое шомиланд, ки аз нигоҳи қадимат, ороишу танзим ва китобат дар сатҳи хуб қарор доранд. Масалан, “Ҷомеъ-ул ҳикоёт”-и Авфӣ (соли китобат 1612), “Тӯтинома”-и Нахшабӣ ва амсоли он. б) Ба гурӯҳи дуюм тавсифи дастхатҳои нодир ва мунҳасир ба фард ҷой дода шудаанд, ки нусхаҳои онҳо дар феҳристи дастхатҳои форсии дигар марказҳои захираи нусхаҳои қаламӣ зикр нашудаанд. Мисли “Латоифи Субҳонӣ”-и Абдуссалом ибни Муҳаммадраҳими Ҷигдаликӣ,  асари ахлоқии Бурҳони Шавқӣ “Роҳати ҷон” гардидааст. в) Ба гурӯҳи сеюм як теъдод маҷмуаи ҳикоёт дохиланд, ки ҳамчун нусхаҳои арзишманди насри бадеии форсии тоҷикӣ дар ганҷина маҳфузанд ва аксари онҳоро муаллиф ё мураттибашон номаълуманд. Ин нусхаҳо аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳанд, ки дорои ҳикоёти нодиру ношинохтаанд.

Барои мисол, дар “Ҷомеъ-ул ҳикоёт”-и муаллифи номаълум, ки зери № 1301 мавҷуд буда, рақами тавсифаш 1009 аст, ҳикоятҳои “Маликаи ҳазор гесу”, “Ҳикояти Беҳрӯзшоҳ” ва амсоли он ҷой доранд ва нусхаи дигари он дар ҳеч аз феҳристҳои дастхатҳои шарқӣ зикр нашудааст.

Ба андешаи академик Абдулғанӣ Мирзоев, “бештари ҳикояҳои ин маҷмуа ба зоти худ нодиру асланд ва яқин, ки дар асрҳои наздик эҷод шудаанд, зеро забони ин асарҳо хеле шабеҳ ба забони гуфтории тоҷикист. Аз ин нигоҳ онҳо барои омӯзиши забони тоҷикии асрҳои XVIII-XIX дорои аҳаммияти хосанд”.

Ҷои таассуф аст, ки то ба имрӯз забоншиносони тоҷик ба ин маводи ҷолиб барои омӯзиши раванди забони адабӣ ва гуфтории тоҷикӣ (форсии мовароуннаҳрӣ) таваҷҷуҳе накардаанд. Ҷилди шашуми феҳрист, ки соли 1988 мунташир шудааст, тавсифи илмӣ-библиографии 444 дастхати ба забонҳои форсии тоҷикӣ, туркӣ ва қисман арабӣ таълиф гардидаанд, дарбар мегирад. Ин нусхаҳои қаламӣ соҳаҳои гуногуни илмҳои асримиёнагии шарқиро фаро гирифта, тибқи соҳаҳо ба 17 бахш тақсим шудаанд.

Дар бахши луғатшиносӣ 70 нусха анвои мухталифи фарҳанг тавсиф шуда, ки муштамил аз фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, мутародифот, истилоҳоти тасаввуф ва шеър мебошанд. Дар бахшҳои “Ҳайату нуҷум”, “Мусиқӣ”, “Риёзӣ” як силсила дастхатҳои нодир тавсиф шудаанд, ки барои мутахассисони таърихи илм ва мусиқӣ сарчашмаи муҳим ва арзишманданд. Ин ҳама осори қаламӣ, ки ғановати фарҳанги миллии мо мебошанд, муҳаққиқини хешро интизоранд.

Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол ва забони тоҷикӣ ба ҳайси забони расмӣ-давлатӣ шинохта шудаасту забони илмии он дар марҳалаи рушду такомул қарор дорад, ба забони тоҷикӣ баргардондани ин феҳристи мунҳасир ба фард аз чанд ҷиҳат як амри зарурӣ ва ногузир мебошад. Аввал ин, ки феҳрист аз соли 1960 то 1988 ба чоп расида, шояд дар китобхонаҳои бузурги шаҳриву вилоятӣ ва миллӣ,  дар бархе аз китобхонаҳои донишгоҳҳо мавҷуд бошад ва он ҳам ба забони русист, ки муҳаққиқони ҷавони имрӯз, бавижа, онҳое, ки муҳаққиқони улуми башарианд, мутаассифона, забони русиро хуб намедонанд ва барои дарки истилоҳоти нусхашиносӣ душворӣ мекашанд.

Сониян, мушоҳидаҳои чандсола собит сохтанд, ки мутаассифона, муҳаққиқони ҷавони мо, ки доираи таҳқиқашон асрҳои XVI-XIX Осиёи Миёна аст, аслан аз мавҷудияти Ганҷинаи дастхатҳои шарқии ба номи А. Мирзоеви Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ ва феҳристи он иттилое надоранд. Бо итминон гуфта метавонам, ки дар 30 соли ахир беш аз 10-15 нафар муҳаққиқи тоҷикистонӣ аз осори қаламии ин ганҷина истифода накардааст. Баръакси он, муҳаққиқони хориҷӣ ин ганҷинаро хеле зиёд мавриди истифода қарор додаанд. Аз ин рӯ ба забони тоҷикӣ баргардони ин феҳрист ва интишори он дар баробари муравваҷ сохтани истилоҳоти тоҷикии нусхашиносӣ, тазйини китоб ва саҳҳофӣ дар забони илмии тоҷикӣ кумак намудан, муҳаққиқони ҷавонро бо захираи осори адабӣ-фарҳангии ниёгонамон, ки пажуҳишгарони худро интизоранд, ошно месозад.

Олимҷон Хоҷамуродов,
профессор

Дигар хабарҳо