Оинаи замон. Ба муносибати 70-солагии зиндаёд Пайванд Гулмуродзода

 Оинаи замон. Ба муносибати 70-солагии зиндаёд Пайванд Гулмуродзода

 Агар умр вафо мекард, 20-уми июли соли равон муҳаққиқ ва рӯзноманигори пуркор, яке аз поягузорон ва устодони соҳибноми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зиндаёд Пайванд Гулмуродзода  ба синни мубораки 70-солагӣ мерасид. Аммо тақдир фурсат надод, то шогирдон, ҳамкасбон ва дӯстдорони илму қалам ин ҷашни фархундаро дар канори эшон таҷлил намоянд. устод Гулмуродзода дар синни 56-солагӣ, ки пурбортарин марҳалаи зиндагии илмиву омӯзгорияш маҳсуб меёфт, нобаҳангом моро тарк гуфтанд, вале осори илмиву таълимӣ, мактаби омӯзгорӣ ва хизматҳои содиқонааш дар роҳи ташаккули журналистикаи миллӣ номи ӯро дар саҳифаҳои таърих ҳамеша ҷовидон хоҳад дошт.

Дар муҳити илмию фарҳангии тоҷикон исми муҳаққиқ Пайванд Гулмуродзода  бо таҳқиқоти фарогир дар бахшҳои адабиёту таърихи публитсистика пайванд мегирад. Аз пажуҳишоти илмӣ ва нигоштаҳои публитсистии ин муҳаққиқи номошно маълум мегардад, ки ӯ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳастии миллӣ, аз қабили худшиносии миллӣ, забон, таърих, фарҳанг, матбуот ва маориф бо диди таҳлилӣ ва масъулияти касбӣ муносибат кардааст. Осори ӯ на танҳо бозтоби воқеиятҳои гузашта ва имрӯз, балки кӯшише барои бедор сохтани шуури миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Баррасии осори устод Пайванд Гулмуродзода  имкон фароҳам меорад, ки вежагиҳои равиши таҳқиқии ӯ, аз ҷумла пайванди таҳлили илмӣ бо публитсистика ва дар ин замина ҷойгоҳи эшон дар рушди андешаи миллӣ ба таври муназзам баррасӣ гардад.

Доираи таҳқиқоти ва олими нуктасанҷ Пайванд Гулмуродзода  хеле фароху доманадор буда, аз нигоҳи фарогирии муҳтаво дар меҳвари андешаи ӯ баррасии масъалаҳои забон ва ҳувияти миллӣ, таърих, фарҳанг, тамаддун, матбуот, ҷомеа, маорифпарварӣ ва равшангароӣ ҷойгоҳи вежа дорад. Дар силсилаи таълифоти муҳаққиқ пайванди забон, таърих, матбуот ба сурати ҳамгиро баррасӣ шуда, бо хулосаи унсури худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҷамъбаст мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки қисми асосии фаъолияти илмии Пайванд Гулмуродзода  ба таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик ихтисос ёфтааст. ӯ аз ҷумлаи нахустин муҳаққиқоне ба шумор меравад, ки ба омӯзиши рӯзномаи аввалини тоҷикии «Бухорои шариф» дар шароите, ки дастрасӣ ба шумораҳои ин нашрия барои муҳаққиқон маҳдуд буд, бо равиши илмӣ рӯ овардааст. Ӯ аз камтарин олимони соҳа буд, ки ба аксар шумораҳои рӯзномаҳои аввалини тоҷикӣ дастрасӣ дошт. Бо такя ба чунин заминаи сарчашмавӣ муҳаққиқ имконият пайдо кардааст, ки равандҳои ташаккул ва рушди матбуоти тоҷикро на танҳо ба таври тавсифӣ, балки дар қолаби таҳлили муназзам ва таърихию муқоисавӣ баррасӣ намояд ва маҳз ин омил ба доираи таҳқиқоти эшон эътимоднокии манбаъшиносӣ ва арзиши баланди илмӣ зам кардааст. Пайванд Гулмуродзода дар суҳбатҳои инфиродӣ нияти ба шакли як таҳқиқоти мукаммал ҷамъбаст намудани давраҳои таърихии матбуоти тоҷикро ҳамеша таъкид мекард. Аммо сад дареғ, ки умр вафо накард, то ин орзуи деринаи эшон ба воқеият табдил шавад ва ҳанӯз ин самт муҳаққиқеро мисли устод Пайванд Гулмуродзода интизор аст.

Вежагии дигари фаъолияти илмии устод Гулмуродзода дар он зоҳир мегардад, ки эшон матбуотро на танҳо ҳамчун манбаи иловагӣ ва ё сарчашмаи иттилоъ, балки объекти мустақили таҳқиқ баррасӣ мекунанд. Матбуот дар таҳқиқи Пайванд Гулмуродзода  ҳамчун манбаи муҳимми таърихӣ, нишондиҳандаи сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва воситаи муборизаи фикрӣ ифода меёбад. Бо такя ба чунин дидгоҳ муҳаққиқ ҳангоми таҳқиқи матбуоти ибтидои асри ХХ онҳоро на танҳо аз нигоҳи мундариҷавӣ, балки ҳамчун омили фаъоли ташаккулдиҳандаи равандҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ин равиш имкон медиҳад, ки матбуот дар таҳқиқоти ӯ ҳамчун ҷузъи фаъоли ҳаёти иҷтимоӣ арзёбӣ шуда, ҷойгоҳи он дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва ҷараёни равандҳои таърихӣ ба таври возеҳ ошкор гардад. Аз ҷумлаи ибтикорот ва саҳми намоёни устод Пайванд Гулмуродзода дар ин самт метавон муаррифӣ ва эҳёи арзиши таърихии рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро зикр кард, ки ба ташаккули анъанаи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) асос гузоштааст. Ин иқдом гувоҳи он аст, ки фаъолияти илмии Пайванд Гулмуродзода  бо дарки амиқи аҳаммияти матбуот дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад.

Тавре ишора рафт, яке аз мавзуъҳои марказии осори Пайванд Гулмуродзода  таҳқиқи масъалаҳои равшангароӣ ва маорифпарварии ибтидои асри ХХ мебошад. Ба ин мавзуъ ӯ аз диди маорифпарварона назар карда, донишу маърифатро ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҷомеа ва тағйири тафаккур арзёбӣ менамояд. Силсилаи мақолаҳои «Заминаҳои иҷтимоии ташаккули маорифпарварӣ дар Бухоро», «Инқилоби фикрӣ ва оғози бедорӣ дар Бухоро», «Оғози бедорӣ ва худшиносӣ», «Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон» намунае чанд аз ин паҳлуи таҳқиқоти муҳаққиқ аст. Дар ин мақолаҳо муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва матолиби адабиву публитсистӣ омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии зуҳури инқилоби фикрӣ дар Бухоро, қафомондагии аморати Бухоро ва таъсири муҳити иттилоотии беруна, аз ҷумла матбуоти хориҷиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Дар натиҷаи чунин баррасӣ ӯ ба хулосае мерасад, ки маҳз заминаи иҷтимоӣ ва инқилоби фикрӣ ба доман густурдан ва хусусияти амалӣ пайдо кардани маорифпарварӣ дар аморати Бухоро мусоидат намуда, намояндагони ин ҷараёнро водор сохтааст, ки мутобиқи талаботи замони нав ба таъсиси мактабу маориф, созмону ҷамъиятҳои алоҳида, рӯзномаву муассисаҳои фарҳангӣ ва дар умум, ба  ислоҳи вазъ бикӯшанд.

Дар шаклгирии афкори маорифпарварӣ ва таҷаддудхоҳӣ дар инқилоби Бухоро ӯ нақши ду омилро муҳим медонад. Якум, пайдоиш ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дуюм, таъсири адабиёти маорифпарварии тоҷик, ба вежа осори аллома Аҳмади Дониш ва адабиёту матбуоти халқҳои дигар, ки дар камолоти тараққипарварону ислоҳотхоҳон ҳиссаи муносиб гузоштааст. Дар ин замина муаллиф маорифпарвариро ҳамчун инқилоби фикрӣ арзёбӣ намуда, нақши маорифпарваронро дар ташаккули шуури миллӣ ва гузариш аз ҷомеаи суннатӣ ба ҷомеаи муосир махсус таъкид мекунад.

Мавзуи дигари таҳқиқоти устод Пайванд Гулмуродзода  ба масъалаҳои забон ва мубоҳисаҳои матбуотӣ дар атрофи забони тоҷикӣ, ки дар солҳои 20-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ доман густурда буданд, алоқамандӣ дорад. Ӯ ба масъалаҳои забоншиносӣ аз дидгоҳи падидаи иҷтимоиву таърихӣ ва унсури муайянкунандаи ҳувияти миллӣ будани забон ворид мешавад. Дар ҳамин замина масъалаи ҳифзи покизагии забон ва муқовимат ба таҳрифи онро ҳамчун вазифаи иҷтимоӣ баррасӣ намуда, таъкид мекунад, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки унсури ҳифз ва интиқоли арзишҳои фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Дар баробари баррасии масъалаҳои назариявии забоншиносӣ, фаъолияти илмии муаллиф бо иқдомҳои амалӣ низ шоистаи арҷгузорист. Дар ин замина яке аз ташаббусҳои муҳимми эшон гирдоварӣ ва таҳияи силсилаи мубоҳисаҳои матбуотии солҳои 20-ум ва ибтидои даҳаи 30-юми асри ХХ дар атрофи масъалаҳои забони тоҷикӣ ва тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Ин мубоҳисаҳоро, ки асосан миёни равшанфикрони тоҷик дар давраи ҳассосу тақдирсоз дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва нашрияҳои дигари тоҷикӣ ҷараён доштанд, ӯ аз хатти форсӣ ба хатти кириллӣ баргардон ва дар шакли маҷмуаи алоҳида бо пешгуфтори муфассал таҳти унвони «Забон ва худшиносии миллӣ» ба нашр расонидааст. Аҳаммияти ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки бо гузашти замон ва фарсуда гардидани сарчашмаҳои аслӣ хатари аз байн рафтани ин навъи муҳимми мероси таърихӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ, ин иқдоми эшонро метавон ҳамчун талоши арзишманд дар самти ҳифз ва эҳёи хотираи таърихии миллат арзёбӣ намуд, ки дар миёни дастовардҳои илмӣ ва публитсистии устод Гулмуродзода мавқеи вежа дорад.

Устод Пайванд Гулмуродзода дар заминаи зиндагӣ ва кору пайкори як зумра аз маорифпарварон ва сарсупурдагони матбуоти тоҷик низ пажуҳишҳои арзишманд анҷом дода, муҳимтарин бахши осори онҳоро барои хонандаи имрӯзаи тоҷик дастрас намудааст. Ин фаъолият гувоҳи он аст, ки дар баробари таҳқиқоти назариявӣ, муҳаққиқ Гулмуродзода ба ҳифз ва интишори сарчашмаҳои муҳимми таърихию фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст.

Як нуктаро бояд зикр намуд, ки аз ҷиҳати услуб ва тарзи нигориш осори Пайванд Гулмуродзода  бо ҳузури мавқеи фаъоли муаллиф дар баррасии ҳар гуна масоили мавриди таҳқиқи ӯ тафовут дорад. Ӯ дар таҳқиқи масъалаҳо аз рӯйи принсипи бетарафии комил кор нагирифта, баръакс, дар баррасии масъалаҳо мавқеи мушаххаси таҳлилӣ ва арзёбикунандаро ихтиёр мекунад. Ӯ танҳо ба тавсифу таҳлили воқеаҳо маҳдуд намешавад, балки бо пешниҳоди хулосаҳои асоснок хонандаро ба андеша ва хулосабарории мустақилона раҳнамун месозад. Бахусус, дар ҳоле ки дар бархе аз таҳқиқоти илмии муосир камбуди мавқеъ ва ифодаи андешаи шахсии муҳаққиқ ба назар мерасад, дар осори Пайванд Гулмуродзода ин унсур бо тавозуни илмӣ ва масъулияти таҳлилӣ ҳузури фаъол пайдо кардааст. Муҳаққиқ на танҳо дидгоҳи худро нисбат ба ҳодиса ва равандҳои таърихӣ баён менамояд, балки бар асоси таҳлилҳои худ пешниҳодҳои созанда низ ироа мекунад.

Аз баррасии фаъолияти илмию публитсистии устод Пайванд Гулмуродзода маълум мегардад, ки  ӯ танҳо ба таҳлили воқеият маҳдуд нашуда, балки роҳҳои дарки он ва ташаккули худшиносии миллиро талқин менамояд. Бахусус дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо тағйироти босуръат рӯ ба рӯст, ниёз ба чунин андешаи амиқ ва таҳлили ҷиддӣ барои шинохт ва гиромидошти мероси маънавӣ бештар эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, муҳтавои осори муҳаққиқ Пайванд Гулмуродзодаро метавон ҳамчун саҳми назарраси эшон дар рушди андешаи миллӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи тоҷик арзёбӣ кард, ки дар навбати худ чунин мавқеъгирӣ метавонад ҳамчун манбаи муҳимми рушди тафаккури миллӣ ва худшиносӣ хизмат намояд.

Дар идомаи ин бардошт, ҳамзамон таъкид карданием, ки осори Пайванд Гулмуродзода бо фарогирӣ, амиқият ва аҳаммияти иҷтимоиву фарҳангии худ ба ҳайси объекти мустақили таҳқиқоти илмӣ аз арзиши баланд бархӯрдор аст. Таҳлили жанрӣ, методологӣ ва консептуалии фаъолияти пажуҳишии ин муҳаққиқ метавонад самтҳои нави таҳқиқро дар соҳаҳои публитсистика, забоншиносӣ, таърих ва фарҳангшиносӣ боз намояд. Аз ин рӯ, зарур ва бамаврид аст, ки дар оянда осори муҳаққиқ ва донишманди саршиноси тоҷик Пайванд Гулмуродзода дар шакли таҳқиқоти амиқ, аз ҷумла рисолаҳои номзадӣ мавриди омӯзиши мукаммал қарор дода шавад.

Фаридун Раҳмонзода,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо