Ишқи эҳёӣ ва шуҷоати адабии Робиаи Балхӣ

 Ишқи эҳёӣ ва шуҷоати адабии Робиаи Балхӣ

Нуктаи муҳимме, ки дар боби зиндагинома, шахсият ва осори Робиаи Балхӣ чун хатти сурх намоён мегардад, ишқи ҷонсӯзи ӯ мебошад. Ин масъала диққати аксари пажуҳишгарону адибони ҳамзамони Робиа ва асрҳои баъдиро беш аз ҳар масъалаи дигари марбут ба рӯзгор ва осори ӯ ба худ ҷалб кардааст. Зеро Робиаи Балхӣ нахустин занест, ки пас аз ислом аз ишқи воқеии зан сухан гуфт ва эҳсоси ошиқонаи занро беибо ва бетарс тараннум кард. Ба ифодаи дигар Робиа бори аввал аз ишқи самимонаи ду дилдода қисса ва ин воқеияти ширинро дар шахси реалии худ вориди адабиёт намуд. Бинобар ин, навангезии ошиқонаи ӯ дар шеър ғайричашмдошт метофт, зеро неруи меҳрпарварӣ ва зиндагибахшии реалистии занро дар адабиёт таҷассум мекард, ки бозтоби чунин мазмуну маънӣ на дар адабиёти тоҷикии форсӣ ва на дар адабиёти арабӣ дида нашуда буд. Бино ба қавли Авфӣ Робиа дар гуфтани шеър ба забонҳои тоҷикии порсӣ ва арабӣ низ яке аз чеҳраҳои намоён буд ва ба андешаи мо эҳсосҳои наҷиби ошиқони воқеӣ-реалии зиндагиро бо ду забон дар шеър матраҳ менамуд. То Робиаи Балхӣ мазмунҳои ошиқона дар қисмати ташбиб ва тағаззули қасида ба таври умумӣ ва беруҳияву хушк тасвир мегардид. ӯ ин қолаби маъмуливу якрангро шикаст ва эҳсоси воқеии инсонро дар шеър дар мисоли ишқи воқеии худаш таҷассум намуд. Аз ишқи реалистии зан сухан гуфтани Робиа дар шеър ҷасорати баланди адабӣ ва шуҷоати ошиқона мехост. Ва маҳз шуҷоати ошиқонаи Робиа, беибо ва ба таври ошкоро сухан гуфтани ӯ аз ишқи воқеӣ ба ҷасорати адабӣ оварда расонд. Ба ифодаи дигар, ҷасорати адабии Робиа, ки аз эҳсоси амиқи озодӣ сарчашма гирифта буд, ӯро ба он водошт, ки сухан аз ишқи воқеии зан гӯяд ва мазмунҳои ишқиро ба мавзуи асосии ғазал табдил диҳад.

Дуруст аст, ки мавзуи ишқро дар адабиёти асри X Дақиқӣ ва Шаҳиди Балхӣ ҳам пас аз устод Рӯдакӣ тараннум кардаанд. Аммо ишқи Робиа қиссаи мутаассиркунанда аст. Дар бораи Робиаи Балхӣ аз тазкиранигорон нахустин касе, ки маълумот овардааст, Муҳаммади Авфӣ мебошад. Авфӣ дар баробари зикри маълумот доир ба ҳунари шоирӣ ва дорои фазлу камол будан ва бо ду забон – порсии тоҷикӣ ва арабӣ доди сухан додани ӯ, ҳамчунин, дар бораи ишқи ӯ ишорат кардааст. Он маълумоти Авфиро, ки доир ба маҳоратҳои адабӣ ва инсонии Робиа мебошанд, дар ҷойи дигар муфассал баён намудаем ва такрори онро ин ҷо зарур намедонем. Ин ҷо лозим мешуморем, ки қисми охири маълумоти Авфиро, ки ба мавзуи ин мақола рабт дорад, зикр намоем. Он гуфтаи Авфӣ дар боби ишқи Робиаи Балхӣ ин аст: «… бо ғояти закои хотир (яъне, бо камоли фаросат ва тезии зеҳн, басират – А. М.) ва ҳиддати табъ (сиришти оташин, оташниҳодӣ ва тезӣ – А. М.), пайваста ишқ бохтӣ ва шоҳидбозӣ кардӣ ва ӯро (Робиаи Балхиро – А. М.) Магаси рӯйин хондандӣ ва сабаби ин он буд, ки вақте шеъре гуфта буд:

Хабар диҳанд, ки борид бар сари Айюб
Зи осмон малахону сари ҳама заррин.
Агар биборид заррин малах бар ӯ аз сабр,
Сазад, ки борад бар ман яке магас рӯйин
».

Ин маълумоти Авфӣ дар бораи Робиа дорои аҳаммияти вежа дар шинохти шахсияти исёнӣ ва шуҷоати адабии ӯст, ки барои дарки ишқи воқеии ӯ далели муътамад шуда метавонад. Ба ифодаи дигар, андешаи Авфӣ дар бораи ишқи Робиа қазовати воқеъбинона ва боварбахш менамояд. Зеро пас аз баёни андешаи худ дар бораи ишқи ӯ Авфӣ қитъаеро ҳам аз Робиа меорад, ки шинохти муаллифи тазкираро аз ишқи ӯ муътамад месозад. Аз маълумоти Авфӣ аён аст, ки Робиаро ба хотири ҷасорати ошиқонааш, ки беибо сабри айбиро бо бесабрии шахси ошиқ дар тазодди ҳам гузоштааст, ҳамасронаш бо таъбир ва ё ташбеҳи талмеҳие, ки дар қитъааш истифода кардааст – «магаси рӯйин» ба истеҳзо гирифтаву ӯро мазаммат кардаанд ва ин ном миёни мардум ба лақаби шоира табдил шудааст. Оҳанги ин лақаб хусусияти мазамматгуна гирифтааст.

Ривоятгари нахустини қиссаи нокоми Робиаи Балхӣ бо Бактош дар адабиёти бадеӣ шоири бузурги ориф Фаридуддини Аттор дар «Илоҳинома» мебошад. Ва сарчашмаи Аттор дар боби ишқи Робиа бино  ба гуфтаи худи ӯ навиштаҳои Абусаиди Абулхайр будааст:

Зи лафзи Бусаиди Миҳна дидам,
Ки ӯ гуфтаст: Ман он ҷо расидам.
Бипурсидам зи ҳоли духтари Каъб,
Ки ориф гашта буд, ӯ орифе саъб.
Чунин гуфт ӯ, ки маълумам чунон шуд,
Ки он шеъре, ки бар лафзаш равон шуд.
Зи сӯзи ишқи маъшуқи маҷозӣ
Бинакшояд чунон шеъре ба бозӣ.
Надошт он шеър бо махлуқ коре,
Ки ӯро буд бо Ҳақ рӯзгоре.
Камоле буд дар маънӣ тамомаш,
Баҳона буд дар роҳ он ғуломаш.
Ба охир духтари ошиқ дар он сӯз
Ба зорӣ шеър мегуфтӣ шабу рӯз.

Аз ин навиштаи Аттор аён мешавад, ки ашъори дилнишини Робиа миёни мардум, хусусан, дар маҳфилҳои орифону ошиқони дилбохта садо медод ва Абусаиди Абулхайр низ дилдодаи ашъори ӯ будаву дар ҳолатҳои гуногуни равонии худ аз онҳо мехондааст. Ва Аттор низ аз қавли Абусаид ва зоҳиран дар асоси ривоятҳои зиёде, ки миёни мардуми он рӯзгор дар бораи Робиа маълуму машҳур будаанд, таваҷҷуҳ намудаву дар маснавии «Илоҳинома» (дар баъзе нашрҳо 411 байт ва дар нашри Ҳилмут Риттер, ки он манбаи истифодаи мо буд, 408 байт) ба назм даровардааст. Ва Аттор аз қавли Шайхи Меҳна ишқи Робиаро ишқи илоҳӣ таъбир кардаву ӯро шоири ориф шинохтааст. Сарчашмаи Аттор гуфтаҳои Абусаид будааст. Қиссаи ишқ ва саргузашти Робиа ба ҷуз аз «Илоҳинома» дар маснавии «Гулистони Ирам» мавсум ба «Бактошнома»-и Ризоқулихони Ҳидоят (а. XIX) низ омада ва хусусияти ривоятгуна дорад, ки манбаи он яқинан «Илоҳинома» аст. Бинобар ин, баъзе аз пажуҳишгарон, аз ҷумла Бертелс ба ҳақиқат будан ва воқеияти таърихӣ доштани андешаҳои Аттор нисбат ба Робиаи Балхӣ ва хонадони ӯ шубҳа кардаанд.

Аммо Аттор ишқи Робиа бо ғуломи турки бародараш Бактошро дилангезу муассир ба тасвир кашида, боиси ҷовидонӣ гардидани ишқи як зани озоднажоди Балхӣ бо ғулом шудааст. Ва таваҷҷуҳ намудани Авфӣ, Абусаиду Аттор ва Шамс Қайси Розӣ ба зиндагинома, шахсият ва ибтикороту ҷасорати адабии Робиа фарзияи дар охири асри Сомониён зистану суханвари маъруф будани ӯро тасдиқ менамояд.

Робиа намоди барҷастаи ишқи воқеии зан пас аз ислом мебошад. ӯ на танҳо мазмунҳои ишқиро дар шеър тараннум кард, балки ҳикмати ишқро дар ҷони худ таҷриба намуд ва бардошти худро аз ишқ дар қолаби шеър суруд. Ба ифодаи дигар ӯ ишқи воқеии занро ба шеър ворид кард ва қаҳрамони ғиноии ӯ низ ғуломи турки бародараш Бактош буд. Қаҳрамони ғиноии ғазал дар мисоли шахсони воқеии ҳаётӣ дар шахси маҳбуба Робиа ва маҳбуб Бактош намоён мегардад.

Дар эҷодиёти Робиа воқеият бахшидан ба мазмунҳои тағаззулӣ ва дар образи зани эҷодкор баён гаштани сӯзи ишқи реалии инсон вориди адабиёт шуд. Ва қаҳрамони ғиноии ғазал худи Робиа мебошад, ки воқеияти ишқи занро ба тасвир гирифтааст ва шахси ошиқ низ инсони реалӣ буд, аммо дар ғазал қиссаи ин ишқро Робиа самимӣ ва муассир офарид, ки он аз ишқи қисмати тағаззул ва ташбиби қасидаҳо, ки мавзуи асосии онҳо низ ишқ буд, ба куллӣ тафовут дошт. Фарқи ҷиддии ошиқонаҳои Робиа самимияти онҳо буд. Бо садоқату вафодории воқеӣ саршор будани ошиқонаҳои шоира аз сухани умумӣ ва як дараҷа хушку беруҳи ишқияҳои қисмати ташбиби қасидаҳои мадҳӣ таъсирбахшии сурудаҳои ӯро афзун намуда буд. Маҳз ин хусусият боиси ҷалби таваҷҷуҳ намудани шоирони ориф ба монанди Абусаиду Аттор ва Ҷомиву Ҳидоят ба ошиқонаҳои Робиа шудааст. Ва ин самимияти воқеии ошиқонаҳои Робиа сабаби шоири ориф шинохта шудани ӯ гардид, ҳол он ашъори Робиа ривоятгари воқеии ҳоли ошиқони реалӣ ва ишқи заминии занест, ки ба эҷодӣ бадеӣ машғул буд. Шахсияти Робиа низ диққатҷалбкунандаву муассир аст. ӯ аз хонадони дарбориёни номдори Сомониён буд, ишқи воқеии инсонро низ дар дарбор суруд. Паёми озодии ӯ аз дарбор оғоз гардидаву ҷомеаро фаро мегирифт. Овозаи ин ишқ аз дарбори амири Сомонӣ – ҳокими Балх дар байни мардум паҳн гардид, бинобар ин, ҷасорати Робиа боиси гуфтугӯи доираи васеи мардум нашуда наметавонист. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки суннатшиканона ишқ бохтани Робиа муассиру ғайричашмдошт иттифоқ афтода буд, аз ин рӯ Аттор онро ба назм кашид.

Воқеан ин гуна ногаҳон аз қиссаи ба банди ишқи ғуломи мутриб ва хушовози бародараш гирифтор шудани худ паём додани зане суханвар дар дохили дарбор ва ҷомеаи феодалии печида ба пойбандиҳои суннатӣ, ки аз ишқи худ сухан гуфтани занро нораво медонист, шуҷоати бемонанди адабӣ ва инсонӣ мехост:

Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Азобу уқубати дар натиҷаи дигарандешӣ ва озодманишӣ кашидаи зани рӯшанфикри замони феодалиро, ки мехост ҳамчун инсон аз ҷӯшиши эҳсоси наҷиби ошиқона паём диҳад ва аз ҷониби мутаассибони замон қотеона маҳкум мегардид, дар ин абёти Робиа метавон ба хубӣ эҳсос кард:

Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.

Қиссаи ишқи Робиа яке аз пурэҳсостарин қиссаҳост, ки қаҳрамони марказии он худи шахси суханвар мебошад. Ин шахси шоир, ки шарҳи ҳоли худро дар ғазал баён мекунад, шахси фаъолу кӯшо буда, бо фаросату ҳушмандӣ ва бе тарсу ибо ба ишқбозӣ майл кардааст, аммо маҳбуби ӯ шахси камфаъолу беэҳсос ва дар ошиқӣ камҷуръату беҷасорат намоён мешавад ва бинобар ин, шахси шоир, ки дорои ишқи ҷӯшон аст, аз камҷуръатии маҳбуб қонеъ набудааст:

Маро ба ишқ ҳаме муҳтамал кунӣ ба ҳиял,
Чи ҳуҷҷат орӣ пеши Худои азза ва ҷалл?
Ба ишқат андаросӣ ҳаменаёрам шуд,
Ба динам андар тоғӣ ҳамешавӣ ба масал.

Аз ин байтҳои Робиа аён мешавад, ки маҳбуби ӯ Бактош аз ошкор намудани эҳсоси ошиқонааш бо Робиа пинҳонкорӣ менамуда, зеро ин гуна рафтор аз ғуломи дарбор табиӣ ба назар мерасад. Робиа чун фарди озодандешу озодихоҳи дарбор дар баёни – эҳсосҳои ошиқӣ боҷуръат ва ҷасорати хос зоҳир мешавад. Робиа аз ҳаққу ҳуқуқи худ ва ҳамнавъони худ дифоъ намудаву баҳри расидан ба орзуяш талошҳои пайгирона анҷом медиҳад ва ишқи худро беибо изҳор менамояд, аммо ин гуна ҷасоратро аз ғуломи дарбор чашмдор будан ғайриимкон менамуд, зеро ҳам маҳдудиятҳои ҷомеаи феодалӣ ва ҳам пойбандии ғулом ба аҳду паймони қатъии худ дар назди хоҷааш монеи эҳсоси масъулияти ҷавобгарӣ кардани маҳбуб дар назди ишқи ҷӯшони маъшуқа гардидааст.

Чун ишқи Робиа, ки баёни ҷӯшиши қалбии яктарафа асту чашмдоште – баёни аҳду паймон ва меҳру илтифоте аз тарафи муқобил анҷом намегирад, бинобар ин, ин ишқро ишқи воқеии бидуни чашмдошт ва як навъ исёни озодихоҳона ва дигарандешии эҳёӣ метавон номид, на ишқи ирфонии гӯшагирона, балки ишқи исёнии шахси озодтинати зебоипарвар, ки ба хотири ҳунарҳои мутрибӣ ва хушовозии ғуломе гирифтори ӯ мегардад ва гирифтории худро озодии он ғулом медонад, ки ин тарзи фаҳмиши ҳакимонаи ишқ хосси инсони замони эҳё мебошад. Гирифторӣ ба ишқи бандае ҳунармандро озодии шахсии ғуломе донистани Робиа камоли инсонӣ ва дараҷаи баланди дарки озодӣ ва дигарандешии эҳёии занест, ки қадру манзалати инсони ҳунарвари зебоиофарро сарфи назар аз мавқеи иҷтимоии ӯ амиқ дарк менамояд. Ва бинобар ҳамин хусусияти Робиа аст, ки Авфӣ ӯро ба «шоҳидбозӣ» сифат кардааст. Ин маълумоти Авфӣ дар боби ишқи Робиа пеш аз ҳама шоири бузурги лирик – сарояндаи ашъори ғиноӣ ва ё ба истилоҳ тағаззулӣ будани ӯро тасдиқ менамояд. Табиист, ки суханварони тағаззулӣ ба зебоӣ ва ҳунарҳои нафисаву зебо таваҷҷуҳи бештаре доранд. Сиришти зотии шоирони тағаззулӣ ҷонпайвандии онон ба зебоӣ мебошад. «Шоҳидбозӣ»-и Робиа низ бастагӣ ба шоири тағаззулӣ будани ӯ дорад, ки иртиботи бемайлони ӯро ба зебоӣ ва шахсиятҳои зебоиофар нишон медиҳад.

Ишқи Робиа дар адабиёти эҳёии форсизабонони давлати озодипарвари Сомониён нахустин шакли зуҳури ишқи зебоиписандонаи як зан мебошад, ки шахсияти ӯ ташаккулёфтаи даврони Эҳё буда, бо дарки амиқи озодагӣ ба ҷилва меояд. Шахсияти Робиа намоёнкунандаи ошиқи дилдода ба зебоӣ ва ҳунар мебошад ва ишқи ӯро аз назари зебоиписандии реалии ақлгароёнаи ҳакимона бояд тафсир намуд.

Тафсири ин ишқро Ибни Сино дар фасли панҷуми «Рисолаи ишқ» «Дар зикри ишқи зарифон ва ҷавонмардон мар рӯйҳои некуро» ин гуна баён кардааст: «… аз шаъни инсон он аст, ки суратҳо ва манзарҳои неку дӯст дорад ва дӯст доштани вай он суратро на аз барои қазои шаҳавоти ҳайвонӣ бошад, ки дар он мазаррати нафси нотиқа бошад… Зеро муқтазои қувваи нутқӣ куллиёти ақлӣ аст, доим аст, на ҷузвиёти ҳиссӣ, ки фосид аст. Ва ҳар гоҳ ки сурати некуро ба эътибори ақлӣ дӯст доранд, … он муҳаббатро василате шумуранд сӯи рифъат ва таноҳӣ дар хайрият, зеро ки майли ӯ сӯи чизе бошад, ки аз инояти ҳақ ба мазиди хусусият ва камоли насаб ва ёфти эътидол махсус бошад ва монандагии ӯ ба умури олии шариф бештар бошад … ва соҳиби ин нафсро зариф ва ҷавонмард хондан раво бошад».

Сино шарҳу тафсири ишқро воқеъбинона ва аз нуқтаи назари файласуфи ақлгаро анҷом додааст. Ва чунин тарзи шинохти ақлгароёнаи ишқ ба раванди инкишоф ва ғояву ормонҳои маърифатгароёнаи инсони замони Эҳё комилан мувофиқ аст. Натиҷаи ин ишқи ҳакимона, мувофиқи гуфтаи Сино, ба неру бахшидани қувваи нотиқа боис мегардад, зеро он бо шаҳват ва нафси ҳайвонӣ омезиш надорад, чунки дорандаи ингуна ишқ инсони зарифу ҷавонмард ва хушахлоқ аст. Зеро зарифон суратҳои некӯро ба эътибори ақлӣ дӯст медоранд ва он муҳаббатро василате сӯи улвият ва бузургворӣ медонанд. Ишқи Робиаи Балхӣ аз ин ҷумла ишқи покизаи некувон мебошад. Ин андешаро байтҳои Аттор, ки аз ишқи Бактошу Робиа ҳикоят дорад, тасдиқ менамояд:

Бидидаш ногаҳе Бактошу бишнохт,
Ки умре ишқ бо нақши рухаш бохт.
Гирифташ доману духтар барошуфт,
Барафшонд остин, он гаҳ бад-ӯ гуфт.
Ки «Ҳон, эй беадаб, ин чӣ далерист,
Ту рӯбоҳӣ, туро чӣ ҷойи шерист?
Кӣ бошӣ ту, ки гирӣ домани ман,
Ки тарсад соя аз пиромани ман?
»
«…
Чунин коре чӣ ҷойи сад ғулом аст,
Ба ту додам бурун, инат тамом аст.
Туро он бас набошад дар замона,
Ки ту ин корро бошӣ баҳона?!
Асоси кӯж бинҳодӣ дар ин роз,
Ба шаҳватбозӣ афтодӣ аз ин боз
».

Ишқи тарғибнамудаи Робиаи Балхӣ, ҳамон гуна, ки дар тасвири Аттор низ ба мушоҳида расид, ишқи поку беғараз буда, бо шаҳват омехта нест. Зеро он ишқи зарифони некукирдор аст ва дӯст доштани рӯйи некувон, чунонки Сино шарҳ додааст, баҳри тақвияти нафси нотиқа мебошад. Ва агар он ба хотири шаҳавоти ҳайвонӣ бошад, мазаррати нафси нотиқа мегардад. Дӯст доштани рӯйҳои некӯ аз қалби поки инсони хирадманду маърифатгаро зуҳур менамояд. Ва дар тасвири Аттор низ Робиа пас аз мушоҳидаи ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии Бактош ба ӯ дил мебандад, зеро Бактош ҳам некӯрӯй ва ҳам дорои ҳунарҳои зебо будааст, ки дӯст доштани зебоиҳо боиси тақвият ёфтани нафси нотиқа мегардад. Лаззати завқӣ бардоштан аз зебоӣ дар инсонҳои зарифу ҷавонмард бар пояи ақл бунёд ёфтааст, на бар пояи нафсу эҳсос ва ҳавову ҳавас.

Ишқи зарифон, ки шарафи инсонро нигаҳ медорад ва баҳри такомули ақлу идроки ӯ ёрӣ мерасонад ва ин гуна ишқ ҷаҳонсозу инсонсоз маънидод мешавад,  вежагии муҳимми шоири тағаззулӣ мебошад. Ва он ишқи созанда тамоми тану ҷони шахси ошиқро тасхир намудаву чун хуни ҳаётбахш дар рагҳои шарёни ӯ гардиш дорад ва суханвари дилдодаро дар худ гирифтор намудааст:

Кошк танам боз ёфтӣ хабари дил,
Кошк дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кошк ман аз ту бирастаме ба саломат,
Ой, фусусо, куҷо тавонам растан?

Дар қитъаҳои ошиқонаи Робиа низ чунин ишқи созанда тараннум шудааст. Як вежагии барҷастаи ишқияҳои Робиаи Балхӣ хосса дар қитъаҳояш, ки сухани ӯро ба сухани шоирони ориф ҳамсангу мушобеҳ ҷилва медиҳад, лоқайдӣ ва озодманишии ошиқона дар тарзи ифода гардидани эҳсос аст. Озодиписандӣ ва ишқи лоуболонаю бепардагӯйии Робиа шояд сурудаҳои ӯро бо шеъри шоирони сӯфимашраб ҳамсону шабеҳ ба ҷилва оварда бошад, аммо дар асл ишқи ӯ ишқи инсони хирадгарову ҳушманд ва зани ашрофманиши замони Эҳё мебошад:

Хабар диҳанд, ки борид бар сари Айюб
Зи осмон малахону сари ҳама заррин.
Агар биборид заррин малах бар ӯ аз сабр,
Сазад, ки борад бар ман яке магас рӯйин.

Дар ин қитъа Робиа бо талмеҳ кардани қиссаи Айюб сабри айюбиро бо бесабрии хеш – шахси ошиқи дилбохта, дар тазоди ҳам гузошта, гуфтааст, ки агар подоши Айюби собир пас аз таҳаммули тӯлонӣ дар панҷаи азобу уқубати беморию ранҷурӣ он шуда бошад, ки ба сари ӯ аз осмон малахони заррин боридаанд, ман розиям, ки ба хотири бесабриям дар роҳи ишқ бар ман магаси рӯйин (аз рӯй ном филиз, ки қиматаш аз зар ба маротиб пойинтар аст), бибораду аммо ба муроди дили хеш – ба маҳбубам бирасам. Ин ҳолат, яъне муқобилгузории озодманишии лоқайдона дар баёни эҳсоси ошиқона аз як тараф бетааллуқию озодандешии ӯро ба намоиш гузорад, аз ҷониби дигар садоқату самимияти ошиқонаҳои ӯро таъмин кардааст. Чунин руҳияи лоқайдонаи ишқӣ танҳо хосси шеъри ирфонӣ набуда, балки ба ошиқонаҳои замони Эҳё низ хос мебошад, ки баъдан шояд манбаи илҳоми шоирони ориф гардида бошад.

Муқобилгузории сабри айюбӣ бо бесабрии шахси ошиқи дилдода дар ин гуна ашъор аз озодандешии маърифатгароёна ва хиради инсони ҳакиму донишманди озодаи шуубӣ ва миллатдӯсти ғаюру шуҷое, ки ҳамеша дар байни мардум аст ва ишқро маҳз ба хотири ишқ мепарварад, берун омадааст ва ин ишқ аз ишқи хилватгузидагони гӯшаи танҳоӣ, ки тарки дунё кардаанд, куллан тафовут дорад. Ба ифодаи дигар, чунин шуҷоати адабӣ ва озодандешии шахси ошиқро дар ин аҳд набояд ба ишқи ирфонӣ ҳамл намуд. Балки чунин ҷасорати адабӣ хосси инсони донишманди хирадгаро ва ё ҳакими замони Эҳё низ мебошад, ки озодфикрии онҳо аз доноӣ ва ақли дарроку қудрати ҳисси нотиқа сарчашма гирифтааст. Чунин озодфикрии оқилона, бино ба қавли Сино, аз ақлу нутқи баланд ҳосил шуда, баъдан манбаи баҳрагирии шоирони ориф гардидааст. Ин навъи озодандешӣ озодфикрии ақлгароёнаи инсони замони Эҳёст! Зеро он ишқи инзивоҷӯёнаву гӯшагиронаи танҳоӣ нест.

Бинобар сабаби он ки шахсият ва ашъори Робиаи Балхӣ барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва инкишофи худшиносӣ ва худогоҳии миллии мо дар замони Истиқлол намунаи ибрат ва сарчашмаи омӯзиш аст, зарур мешуморам, ки чанд пешниҳод намоям:

  1. Чун Робиаи Балхӣ модари шеъри порсии тоҷикист, месазад, ки дар радифи ҷоизаи давлатии ба номи падари шеъри форсии тоҷикӣ ҷоизаи давлатии ба номи Робиаи Балхӣ низ таъсис дода шавад.
  2. Дар пойтахти кишвари азизамон сохтани Боғи Робиаи Балхӣ ва гузоштани тандиси ӯ низ барои зинда нигаҳ доштани ҳофизаи таърихии ниёгон хеле муҳим ва зарурӣ менамояд.
  3. Дар Душанбе гузоштани бино, кӯча ва ё муассисаи фарҳангие ба номи Робиаи Балхӣ низ зарур мебошад.
  4. Ҳамасола ё дусол як бор баргузор намудани ҳамоише ба номи Робиаи Балхӣ, ки ба таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забон ва адаби порсии тоҷикӣ оид бошад, муҳим ба назар мерасад. Як бахши ин ҳамоиш ба омӯзиши «Саҳми зани ориёӣ дар инкишофи илму адаб ва фарҳангу тамаддуни бумии миллӣ ва ҷаҳонӣ» ихтисос дода шавад, то ин ки ҷойгоҳи зани тоҷик дар густариши илму адаб муайян гардад. Зеро ин масъала барои боло бурдани ҳисси худшиносии зани тоҷик аҳаммияти вежа дорад.

Анзурати МАЛИКЗОД

Дигар хабарҳо