Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт

 Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт

Рӯзи 23-юми майи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 1180 дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба тасвиб расид.

Бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб фармон дода шуд, ки Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад, фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил ёбад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.

Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Қобили зикри хос аст, ки дар осори илмии Абуалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.

Таҳқиқоти илмӣ ва назарияву пешниҳодҳои амалии Абуалӣ ибни Сино то ба имрӯз аҳаммияти илмӣ ва амалии хешро натанҳо нигоҳ доштаанд, балки барои рушди солимии ҷомеаи ҷаҳон, махсусан, дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ, ки солҳои охир аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд, мусоидат карда, тавассути усулҳои ҳозиразамон тасдиқ гардидаанд.

Ҳоло дар кишварамон Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе як ноҳия ба номи ин нобиға номгузорӣ шудааст.

Ҳамзамон, ҳар сол рӯзи 18-август тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат як иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани ҷоиза эътироф намудани дастовардҳои назаррас дар соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Фармони мазкур масъалаҳои таъсис, таҳияву тасдиқи низомномаҳо ва фонди ҷоизаро дар бар мегирад.

Иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб натанҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона шуда, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.

Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ нақши муассир гузошта, чун дигар иқдомҳои сатҳи ҷаҳониашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҷонибдорӣ меёбад.

Дигар хабарҳо