Модар яктост, Тоҷикистон яктост…

 Модар яктост, Тоҷикистон яктост…

Рӯзи 20-уми май дар шаҳри Панҷакент 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии адабии “Нилуфар” Лоиқ Шералӣ бо иштироки адибону олимон, рӯзноманигорону санъаткорон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.

Иштирокдорони ҷашн нахуст ба зодгоҳи шоир – деҳаи Мазори Шариф рафта, дар пояи муҷассамаи устод гулгузорӣ карданд, аз хона-музейи ӯ ва мақбараи таърихии Хоҷа Муҳаммади Башоро, ки ба феҳристи мероси башарии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, дидан карда, дар маъракаи фарҳангии ин деҳаи зебоманзар ширкат варзиданд.

Муҷассамаҳои шоир дар деҳаи Мазори Шариф ва шаҳри Панҷакент, хона-музейи ӯ ва Кохи Лоиқ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъмиру тармим гардидаанд.

Ҷойгоҳ ва нақши Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосир дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – мазҳари ман”, ки дар Кохи Лоиқ сурат гирифт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Конфронс бо гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоир дар саҳни ин кохи муҳташам, ироаи паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва сухани ифтитоҳии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода оғоз гардид.

Гардонандаи ин чорабинӣ профессор Тоҷибой Султонӣ, ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло, шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Фарзона, Аҳмадҷон Раҳматзод, Хайрандеш, Озарахш, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, профессор Абдунабӣ Сатторзода, пажуҳишгарон Нуралӣ Нурзод, Мубашшир Акбарзод, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода ва дигарон назарашонро ба вижагиҳои эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ва шахсияти нотакрори ӯ баён доштанд.

Бегоҳи ин рӯз дар саҳни Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” бо иштироки санъаткорони ҷумҳурӣ ва шаҳр, намояндагони аҳли адабу фарҳанги мамлакат ва ҳазорон ҳаводори шеъри Лоиқ Шералӣ оғоз ёфта, то нимашаб идома кард.

Дар ифтитоҳи барномаи фарҳангию фароғатӣ аз сӯйи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода таъкид шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифтани 85-солагии шоир баёнгари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва намояндагони барҷастаи адабиёти оламшумули тоҷик мебошад. Дар ин бахши ҷашн ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, адиб ва муҳаққиқи кишвари ҳамсояи Узбекистон Амина Шарофиддинова, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур, котиби масъули бахши суғдии ИНТ Аҳмадҷон Раҳматзод, котиби масъули бахши панҷакентии ИНТ Исмоил Зарифӣ, Меҳринисо, шоирони ҷавон Кӯҳзоди Фатҳулло, Синои Абуалӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур ва ғайра шеърхониву суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат ҳанӯз соли 2018 дар маросими ифтитоҳи Кохи Лоиқ ва пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи устод дар шаҳри Панҷакент ба хидматҳои бузурги ӯ дар таҳкими ватандӯстию худогоҳӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ баҳои баланд дода, аз байтҳои машҳури шоир бахшида ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки ба сарҷамъии миллат ва рушди Тоҷикистон ибтидо гузошт, ёдоварӣ намуданд:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Ба муносибати 85-солагии устод Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр куллиёти шоирро дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд дар ду ҷилд нашр кардааст, ки ба меҳмонон тақдим гардид.

Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Баҳодур Неъматов, сарояндагони маҳбуб Орзугул Хӯҷамова, Эркин Одинаев ва дигарон сурудхонӣ карданд.

Субҳи рӯзи 21-уми май ин ҷашн бо зиёрати оромгоҳи саромади шеъри тоҷикӣ-форсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо