Вожаи нав ҷӯяд, то шеъри нав гӯяд

 Вожаи нав ҷӯяд, то шеъри нав гӯяд

Мувофиқи барномаҳои ҷашнии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот таҷлил мегардад. Ба ин муносибат рўзи 8-уми май дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагон маҳфили бошукўҳи адабиву фарҳангӣ баргузор шуд.
Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз карда, бо табрики солгарди шоири навпардози миллат, ҳамаи ҳозиринро аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагон ба ин ҳамоиш хайрамақдам гуфт.
Раиси ИНТ ҳангоми суханронияш иброз дошт, ки қисмати шоирии Доро Наҷот маҷозан шабеҳи роҳи пурпечутоб ва ҷустуҷўҳои таҳаввулхоҳонаи шеъри мост. Ў роҳи эҷодии тайкардаи шоирро аз шеърҳои нахустинаш, ки бо жанрҳои суннатӣ суруда шудаанд, то шеърҳои сафеди имрўзаш баррасӣ намуда, бо ҳам муқоиса кард ва аз комёбиҳои рўзафзунаш ёдовар шуд. Ба гуфтаи Низом Қосим, шеърҳои суннатии аввалини Доро Наҷот бо замину замон ва табиат пайванди ногусастанӣ дошта, муҳити зебои деҳа, симои нуронии падари чўпон, модари хонабон ва ҳайра дар онҳо мушаххас, заминӣ ва диданӣ тасвир ёфтаанд.
Дар идомаи суҳбат мавсуф ба таҳлили шеърҳои сафеди шоир пардохта, гуфт, ки Доро Наҷот ҳангоми фаъолият дар Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон шеъри муосири он кишварро амиқ омўхта, аз он сабк тозагиҳо омўхт. Аммо он чизе, ки ў офарид, на тақлид, балки осори “комилан тоҷикона ва бесобиқа” мебошад. Таъкид шуд, ки шеъри Доро Наҷот мактаби заруриву омўзанда барои насли нави сапедсароёни тоҷик аст. – Вижагие, ки шеъри сафеди Доро Наҷотро ба дилҳо наздик мекунад, табиӣ будани он аст, – хулоса намуд Низом Қосим.
Маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким гардонандагӣ карда, бо овардани пораҳое аз осори Доро Наҷот ва зикри лаҳзаҳое аз зиндагии ў шеъри Дороро аз диди нақди адабӣ арзёби намуд.
Намояндаи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммад Ҷавонмард аз номи ин ниҳоди дипломатӣ ба соҳибҷашн барои хидматҳои арзишмандаш дар таҳкими робитаҳои адабии ду кишвари ҳамзабон самимона изҳори сипос кард.
Дар идомаи маҳфил Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона аз робитаи дерини худ бо шахси Доро ва шеъри Доро ва ҷойгоҳи ў дар ҳавзаи адабии форсизабон сухан гуфтанд.
Фарзона ишора кард, ки дар оғози рўоварӣ ба шеъри сафед, Доро Наҷот дар Тоҷикистон то ҷое танҳо монда буд ва ҷонибдоронаш ангуштшумор буданд, аммо имрўз толор лабрез аз ҳаводоронаш аст.
Ў дар бораи вижагиҳои сабки Доро Наљот гуфт, ки бо вуҷуди омўзиш аз мактаби Нимо Юшиҷ, шеъраш комилан мустақил ва фарқкунанда аст. Шеъри Доро шеъри нимоӣ нест, шеъри дороӣ аст, шеъри хос, бесобиқа, асил ва комилан тоҷикона, хотирнишон кард Фарзона.
Озарахш ошноии нахустинашро бо шеъри Доро Наҷот ба хотир оварда, илова намуд, ки шеъри ў бўйи зираву кокутӣ медод ва мисли чашмаҳои деҳаи мо мусаффову зулол буд.
Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, ки аз овони ҷавонӣ бо Доро Наҷот дўстӣ доштааст, аз хотираҳои ҷолиби худ, аз ҷумла аз талошҳои Доро Наҷот барои ҷустуҷўи вожаҳои асили тоҷикӣ ёд оварда, гуфт, ки бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд ў барои таҳияи фарҳанги бузурги тоҷикӣ вақт ва заҳмати зиёд ба харҷ додааст. Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, Лола Азизова ва овозхони маҳбуб Орзугул Хўҷамова бо иҷрои таронаҳои дилкаш аз ашъори шоир маҳфилро пурбортар карданд.
Сипас хонандагони мактаби деҳаи Урметан ва мактаби рақами 120-и шаҳри Душанбе ашъори соҳибҷашнро қироат намуданд.
Дар ҷамъбасти маҳфил муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода ба сухан баромада, паёми шодбошии раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва мардуми ноҳияро ба муносибати солгарди Доро Наҷот ба самъи њозирин расонид.
Ў аз Раёсати ИНТ барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд сипосгузорӣ намуда, эълон кард, ки рўзи 16-уми май ҷашни расмии 80-солагии устод Доро Наҷот дар маркази ноҳияи Айнӣ идома хоҳад ёфт.

Дигар хабарҳо