Сӯгворӣ. Даргузашти адиб Неъматуллоҳи Худойбахш
Хабари даргузашти нависанда ва рӯзноманигори варзидаву хушқареҳа, узви Иттифоқи нависандагон Неъматуллоҳи Худойбахш дар синни 75-солагӣ ҳамқаламонашро андӯҳгин кард. Марҳум инсони шарифу фурӯтан ва қаламкаши заҳматкашу хушкор буд.
Фаъолияти эҷодии Неъматуллоҳи Худойбахш аз давраи донишҷӯйӣ оғоз ёфта, аввалин ҳикояҳояш «Ду дона картошка», «Санҷиди каҷ» ва «Кӯтали Харкуш» дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ба табъ расидаанд. Аз ӯ маҷмуаҳои «Кӯтали Харкуш» (1979) ,«Дунё калон аст, ака» (1991), «Амаки Абдуқуддус», «Ишқи духтари Кӯлоб» (1992), «Одамони барӯманди Кӯлоб», «Бе ту намемирам» (2006), «Гӯшвори тилло» (2020) ва қиссаҳои ҳуҷҷатии «Марде бо диду дидаи зебо», «Занҷири заррини авлодӣ», «Бозгашти шери захмин” ва монанди инҳо ба ёдгор монданд.
Аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба наздикону пайвандони равоншод ҳамдардӣ ва таслият баён мекунем. Ёду номашон ҳамеша гиромӣ бод.



