Қадрдонии адибон дар Рӯзи пойтахт

 Қадрдонии адибон дар Рӯзи пойтахт

18-уми апрели соли 2026 Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чун ҷашни бузурги милливу давлатӣ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии пойтахт ба таври васеъ таҷлил гашт.

Дар Паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ба ин муносибат дар ҳамоиш ироа гашт, аз ҷумла таъкид шуд, ки «Имрӯз Душанбе рисолати муҳимми фарҳангиву маънавиро низ ба дӯш дошта, ба маркази табодули андешаҳо, рушди илму маърифат ва таҳкими худшиносии миллӣ табдил ёфта, симои фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамояд».

Дар доираи ҷашни Рӯзи пойтахт силсилаи озмуну мусобиқаҳое, ки дар тули сол аз тарафи шаҳрдории Душанбе эълон гашта буданд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибони онҳо диплом, ҷоиза ва мукофотҳои дахлдор супорида шуданд.

Аз ҷумла, як қатор адибон барандаи озмунҳои соҳавии Мақомоти иҷрояи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гаштанд. Дар ин миён аъзои ИНТ шоира Шаҳрияи Аҳтамзод дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар номинаи “Беҳтарин шеър дар васфи пойтахт” диплом ва ҷоизаи ҷойи аввал ва шоир Синои Абуалӣ дар ҳамин номина диплом ва ҷоизаи ҷойи дувумро ба даст оварданд.

Дар ин радиф узви Раёсати ИНТ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар озмуни “Китобхонаи беҳтарини пойхтахт” дар номинаи “Китобхонаи беҳтарини оилавӣ” сазовори дипломи ҷойи аввал ва корманди ҳафтанома Мирзошариф Абдусаломзода соҳиби ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои олимони ҷавон дар номинаи “Адабиёт ва таърих” гардиданд.

Иштироки фаъоли аҳли адаб дар ҳаёти илмиву адабии пойтахт ва қадрдонии онҳо аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ нишонаи ҳамкориву ҳамсӯии пайвастаи адибон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дигар хабарҳо