Номаи шодбошии ИНТ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мӯсо
Шералӣ Мусо ба адабиёт аз роҳи хос – аз истеҳсолот ворид шуда, дар ин ҷода қалами нависандагӣ ва сабку салиқаи эҷодиро ҳамвора сайқал дода, бо табъу нашри силсилақиссаҳои мустанаду бадеӣ, мақолаҳои рӯзмарраи публитсистӣ ва ҳикояву ҳаҷвиёти ҳадафрас худро ба алоқамандони сухани бадеъ муаррифӣ кардааст. Ӯ соли 1968 мактаби миёнаи № 1 шаҳри Ваҳдат ва соли 1974 бахши муҳандиси мошинсози Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро хатм карда, дар заводи «Тоҷикгидроагрегат» корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст.
Масъулиятшиносӣ, фарҳанги волои корбарӣ бо ҷомеа, қобилияти ташкилотчигиашро ба инобат гирифта, солҳои 1976-1980 ӯро ба вазифаҳои масъули ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон ва баъдан вакили Шурои депутатҳои шаҳри Душанбе интихоб намуданд. Чун мутахассиси ҷавони меҳандӯст ба сохтмонҳои муҳимтарини диёр – Неругоҳи барқи обии Норак ва «Роғун», корхонаи кимиёвии Ёвон ва алюмини тоҷик сафарбар шуда, бо ин коргоҳҳои азим аз наздик шинос гаштааст.
Дар тули ин солҳо шуғли навиштанро бо корҳои истеҳсолию ҷамъиятӣ тавъам пеш бурда, як силсила асарҳо офарид. Дар китобҳои “Асоси ғалабаҳои меҳнатӣ” (1983), «Шоҳроҳи зиндагӣ» (ба забони русӣ) (1985), “Боғи падар” (1986), «Интихоб» (1987), “Гароиши меҳнатии бригада» (ба забони русӣ) (1987), “Зинаҳои коргарӣ” (ба забони русӣ) (1989), “Қадр ва ҷазо” (1990), “Нек ва бад” (1995), “Дурбин” (1998), “Сӯг” (2000), “Осоиш” (2003), “Тулуъ дар ғуруб” (2008), «Ошёни уқобон» (2010), «Қомати сабзи имон» (2011), «Қиссаи баҳорӣ» (2011), «Телевизион ва радиои Тоҷикистон дар масири таърих» (2011), «Чеҳраи модар» (2012), «Мардистон» (2013), «Ситам» (2013), «Президенти мо» (2014), «Ота» (2014), «Саодати рӯ ба гардун» (2015), «Достони Роғун» (2015), «Ҷасорат» (2016), «Маҷмааи ифтихор» (2017), «Як қисса бо се забон» (2019), «Барфи сабз» (2020), «Мардистон» (нашри дувуми таҳриру такмил ва иловашуда, 2021), «Бахшиши тоҷикӣ» (2022), «Вақти гули себ» (2022), «Ҷонам фидои Роғун» (2023), «Бахтномаи миллат» (2019-2024), «Чароғафрӯзон» (бо ҳаммуаллифии Бахтиёр Муртазо, 2024), «Теғи Сино гирифт» (2025), «Роҳ ба сӯйи нур» (2025) ва ғайра арзишҳои маънавии инсон – виҷдону инсоф, адолат тасвир гашта, нуқсону мушкилоти баъзе шахсон, симоҳои хотирмон, сарнавишту талошҳои созандаи ҳамзамонони мо инъикос ёфтаанд.
Асарҳои солҳои охир иншокардаи Шералӣ Мусо – «Калиди бахт» аз ҳаёти одамони баруманди ҷумҳурӣ, «Достони ваҳдати миллат» дар хусуси ваҳдатӣ миллӣ, «Наврӯзи Роғун» доир ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо шеваи тасвир ва нигоришот мавқеи хос доранд. Намунаи зиёди осораш ба русӣ, узбекӣ, қазоқӣ, арманӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва интишор шудаанд.
Соли 2011 китоби «Ошёни уқобон»-и Шералӣ Мусо сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Барои хизматҳои арзанда бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон”, ордени “Нишони фахрӣ”, нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.
Ҳамқалами худро ба муносибати 75-солагияш табрик намуда, барояш саломатии бардавом, илҳоми саршор ва асарҳои нав таманно мекунем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



