Ҳамдилӣ бо ҳамзабонон
Шашуми марти соли ҷорӣ ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе рафта, бо изҳори таслият нисбати шаҳодати роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дафтари меҳмонони Сафорат ёддошти ҳамдардӣ гузоштанд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим пас аз анҷоми маросим изҳор дошт, ки мо аз рӯйдодҳои ахири Эрон андуҳгин буда, комёбии Эронро комёбии худ ва нокомии онро нокомии худ мешуморем.
Ӯ ба адибони эронӣ муроҷиат намуда, таъкид кард, ки ҳамқаламони тоҷик дар ин рӯзҳои вазнин дар паҳлуи онҳоянд ва асарҳои онҳо, меҳру муҳаббати онҳоро ба кишвари худ ва фарҳанги муштарак пеши назар меоранд. Ин гуна ҷангҳо наметавонанд робитаҳои адабии миёни ду кишвари бародарро барҳам зананд.
Низом Қосим ҳамчунин қайд кард, ки ҷанг душмани фарҳанг, ҳамкорӣ ва созандагӣ буда, инсонҳои ҳушманд ҳамеша мухолифи ҷанг, хунрезӣ ва таҷовузи марзӣ мебошанд. Пеш аз ин мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва намояндагони илму фарҳанги кишвар низ ҷиҳати арзи таслият ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон омада буданд.
Ба ин муносибат Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб эҳсоси ҳамдилии худро бо мардуми ҳамзабони Эрон чунин баён доштааст:
Миллати эронии моро бубин,
Панҷаи дар мушт якҷо гаштааст.
Рустами Дастони Золи Зар зи нав
Аз дили таърих эҳё гаштааст.
Руҳи Фирдавсӣ магар хоб аст? На!
«Шоҳнома» парчами мо гаштааст.
Аз расадхона, бубин, Хайёми мо
Ҷоми Ҷам дар даст пайдо гаштааст.
Бо каломи Саъдии ширинсухан
Насли одам ҷумла аъзо гаштааст.
Аз Лисонулғайб меояд суруш,
Ҳар як эронӣ чу Доро гаштааст.
Эй Куруш, аз хоб бархезу бубин,
Он ғуломат душмани мо гаштааст.
Он адуи хом, чун деви сафед,
Рӯ ба рӯ бо Рустами мо гаштааст.
Ӯ надорад аз Авасто огаҳӣ?
Сарбасар бо Ориёно гаштааст.
Зарбаи шамшери Рустам мехурад,
Бин, сараш дар зери поҳо гаштааст.
Парфишон буд парчами Эрону боз
Парфишони рӯйи дунё гаштааст.



