• 06.03.2026

…Ин тор нозук аст

 …Ин тор нозук аст

Ё чӣ гуна занон ва ишқи онон адабиёти ҷаҳонгири моро офариданд

Агар ба адабиёти оламгири форсии тоҷикӣ, ки руҳи миллӣ ва ифтихори тамаддунии мост, аз диди ҷойгоҳи зан нигарем, аввал чунин менамояд, ки аксари матни онро мардон навиштаанду дар садри сабку мактабу давраву ҳалқаҳои он маҳз мардон нишастаанд. Вале чун ба дохили ин водии ҳайрат пой гузорем, он гоҳ шигифтзада хоҳем шуд, ки ин адабиёти ба зоҳир мардсолор то чӣ андоза занмеҳвар аст!

Адабиёти бузурге, ки бо номи зан оғоз шудаву бо ишқи зан парвоз ёфтаву бо васфи зан шукӯҳ гирифтаву бо ҳусни зан ҷовидон гаштааст. Чи дар сатҳи адабиёти мардумиву шифоҳӣ ва чӣ дар сатҳи адабиёти касбию китобӣ; аз худи Одамушшуаро то имрӯзиёнаш:

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Дар ишқи ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод!
(Рӯдакӣ)

Ва бе ҳеҷ шакке метавон гуфт, ки маҳз зан ва симои зан ва тасвири зан ва ишқи зан бузургтарин мавзуъ ва рӯшантарин образи ин адабиёт будааст. Ин вуҷуди афсунгар гоҳе ба номи ҷону ҷонон, гоҳе ба номи дилу дилбар, гоҳе ба номи ёру нигор, гоҳе бо номи моҳу офтоб, гоҳе ба номи сарву гул, гоҳе ба номи шамъу маъшуқу ҳиндиву турку тоҷик дар саҳифаҳои фарохи ин водӣ ба ҷилва даромадаву ҳамчун мавзуи ҷовидонӣ ва султони ин қаламрав тамоми тулу паҳнои онро дар ихтиёр гирифтааст. Ва бузургони моро, ба қавли некуи Рӯдакӣ, дар ишқи худ «бадомӯз» доштааст:

Гар хоб кунам шабҳо в-ар хона равам танҳо,
Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам.
                                                                                   (Ҷомӣ)

Ин аст, ки шоирони мо аз бузург то сутург дар тавсифи ӯ, балки дар тавсифи ҳар тори мӯю ҳар ишорати абрӯи ӯ ё дар тасвири лаъли лабу даври ғабғабу пистаи даҳону зираи дандони ӯ ва дар баёни соқи симину нози ширину банди миёну сарви равони ӯ дарё-дарё байту рубоиву ғазалу қасидаву достон сурудаанд. Нависандагони мо низ боб-бобу ҷилд-ҷилд достону ҳазоруякшабу саргузаштҳои ишқӣ навиштанд, ки ҳамагӣ гирди номи зану даври миёни зану атрофи ишқи зану тасвири зан чарх мезананд. Ва ҳамин гуна падидаҳои ҷовидоние чун зан, ҳусн, ишқ ва маъшуқ ин адабиётро адабиёти ҷовидонӣ кардааст:

Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад!

То ҷое, ки дар фалсафаву таълими ин адабиёт арзиши меҳварии ҷаҳони ҳастӣ, нерӯи танзимгари низоми олам ва омили бақои он маҳз ишқ будааст:

Даври гардунҳо зи мавҷи ишқ дон,
Гар набудӣ ишқ, кай будӣ ҷаҳон?
Ишқ баҳре, осмон дар вай кафе,
Чун Зулайхо дар ҳавои Юсуфе.
                                            (Мавлоно Балхӣ)

Ва то ҷое, ки дар тасвиру тасаввури ин адабиёт арзиши меҳварии ҳаёт ишқ будаву авҷи қаҳрамонии як инсон ошиқӣ, мафҳуми мардонагию ашрофият дар ишқ хулоса гаштаву олитарин корномаи як мард вафодорӣ дар роҳи ишқ ва ё қурбонӣ гаштан дар кӯйи маъшуқ ба шумор мерафтааст.

Ва он ҳам марге бисёр зебо ва мутантан ва пурифтихор ва ҷоннисор:

Гар биёӣ, диҳамат ҷон, гар наёӣ, кушадам ғам,
Ман, ки боист бимирам, чи биёӣ, чи наёӣ.
                                                                              (Саъдӣ)

Ҳатто дар замонҳое, ки тасвири маъшуқи ҳақиқиву баёни ишқи зинда накӯҳиш мешуд, адабиёти бузурги мо боз ҳам ин мавзуи ҷовидонаро идома доду бо ҳазорон розу пардаву ишораву киноя ишқро ҳамчунон сурудааст.

Албатта, ин ҷо бояд ба баҳси ҳассосе ишорат шавад, ки оре, дар адабиёти ирфонии мо гоҳо ишқ маънои маънавӣ гирифтаву маъшуқ симои илоҳӣ ёфтааст ва мурод аз ин ду мафҳуми марказӣ ҳамеша заминӣ набудааст. Агарчи бахшҳое аз осори Саноиву Аттору Мавлонову Саъдиву Ҳофизу Бедилу Ҳилолӣ, бе ҳеҷ шубҳа, дар ишқу сифоти маъшуқи азал офарида шудаанд.

Аммо, дар осори бузургоне чун Рӯдакиву Фирдавсиву Анвариву Унсуриву Низомӣ ва ҳамасрони бузурги онҳо ва низ шоирони сабки бозгашту асри навин ишқ, бе ҳеҷ шакке, ҳамон ишқи инсонист ва маъшуқи сутудашуда маҳз зан ва ҷамолу висоли он мебошад.

Аз ин рӯ, ҳангоми сухан аз мавзуи ишқ ва маъшуқ дар адабиёти форсии тоҷикӣ набояд пойбанди яксӯяи бардоштҳои даҳрии ирфонситез ё тафсирҳои маслиҳатии мазҳабгаро буд, балки ин адабиёти бузург ва мавзуъ ва маъшуқи онро чуноне, ки ҳаст, бояд шинохт ва пазируфт. Бо он фарогирие, ки замину осмонро дар худ ҷой додааст.

Ин аст, ки мавзуи зан ва ишқу ҳусну висоли ӯ ҳамвора дар марказу маснади адабиёти бузурги мо қарор дошта ва ҳамон гуна, ки ҳусни гул боиси зебоии садои булбул гаштаву ишқи гул ҳунари булбулро офаридааст, маҳз вуҷуду ҷойгоҳи зан ва ишқи поку бепоён бар ӯ ин адабиёти бузурги форсии тоҷикиро ба ин авҷ авҷ раҳнамун гаштааст:

Булбул аз завқи гул омӯхт сухан, варна набуд,
Ин ҳама савту ғазал таъбия бар минқораш.
                                                                                          (Ҳофиз)

Њамон гуна, ки агар Лайлие набудӣ, Маҷнуне низ намебуд ва агар Ширине набудӣ, Фарҳоде низ намебуд ва агар Манижае намебуд, ишқи Бежане намебуд, ҳамин гуна Вису Ромину Вомиқу Узрову Тоҳиру Зуҳро… Яъне агар маъшуқе набуд, ошиқе низ намебуд… Ва ҳамин гуна пайвастагиву вобастагии унсуриву абадии ин ду маънӣ:

Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ,
Оре, оре, ин ду маънӣ ошиқи ҳамдигаранд!
                                                                               (Ҳилолӣ)

Аз ин нигоҳ, фоҷиаи ширин ва саҳнаи марказии адабиёти мо ҳамин фурӯ рехтани ҳастии ошиқ бар пойи маъшуқ, хокистар шудани парвона даври шамъ ва ё фидокории мард барои зан аст. Ин аст, ки на танҳо мавзуи асосӣ, балки соҳибу муаллифи асосии ин адабиёт низ маҳз зан мебошад. Ин фарши зебо ба пойи ин маликаи якто густурда шудааст… Ба ин маъно, ин шоҳкори ҷаҳонии моро, ки бо он ифтихор дорем, маҳз зан офаридааст!

Ба эътирофи Саъдӣ:

Ҳама гузаштаи ман олимони дин буданд,
Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омӯхт.

Ва дар идомаи он суннати неку, адабиёти навину навтарини мо низ таровише аз ишқи зан, шефтагие бар ҷойгоҳи зан ва таслимие пеши мақоми зан будааст ва ҳаст: аз «зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо»-и устод Турсунзода то «дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст»-и Устод Лоиқ. Ва ин мавзуъ ҳамоно ҳамчун мавзуи аввалу олии ин адабиёти боқӣ мемонад ва боз ҳам беҳтарин тасвиру таъбирҳоро меофарад:

Ин кӯҳи лолагардан,
Монанди дилбари ман,
Аз мавҷи лола хуни гарми занона дорад.
Ин дарраи чаканпӯш, сурхида то баногӯш,
Шарми занона дорад…
                                 (Бозор Собир)

Абдуллоҳи РАҲНАМО

Дигар хабарҳо