Номаи офтобро хонем
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ
“Номаи Офтоб»-и Давлати Раҳмониёнро метавон дар қатори беҳтарин маҷмуаҳое ном бурд, ки дар солҳои ахир ба табъ расидаанд. Ашъоре, ки дар китоби мазкур гирд оварда шудаанд, дар мавзуъҳои Ватану Модар, обу хоки диёри аҷдодӣ, ишқу муҳаббат, футуввату ҷавонмардӣ ва дар маҷмуъ, дар бораи ҳар он чизе, ки барои як инсони ватандор муқаддас аст, эҷод гардида, аз соҳиби истеъдод ва табъи баланд будани муаллиф гувоҳӣ медиҳанд.
Шеърҳои «Ҳадиси муҳаббат», «Ғазали ишқу Ватан», «Ватанам лонаи шерони нар аст», «Ватандорӣ», «Иксири Ватан», «Меҳроби Ватан»… ифодакунандаи муҳаббати қавӣ ва беназири шоир ба сарзамини аҷдодӣ буда, на дар сурати назму шиор, балки дар сатҳи шеъри олӣ суруда шудаанд.
Бе ишқ Ватан Ватан набошад,
Билхоса, барои ман набошад…
Гӯянд, муродифи Ватан чист?
Ишқ аст, дигар сухан набошад.
Ишқро муродифи Ватан донистан аз беҳтарин ҳикматҳоест, ки ҳадиси «Муҳаббати Ватан аз гӯшаи имон аст»-ро дигаргуна ва дилнишину хотирмон баён мекунад.
Аз дигар ҷиҳат, ишқ дар фарҳанги адабиёти классикиамон пайвандгари аршу фарш (Кирдигор) низ фаҳмида мешавад, ки ин абёт ин ранг низ тобиш медиҳад.
Давлати Раҳмониён меболад аз таъриху фарҳанги миллат, ору номуси аҷдоди хеш ва дар баробари тараннуми ҳусну зебоиҳои диёри тоҷикон аз ин марзу бум шоирона пуштибонӣ мекунад:
…Пушти ҳар санги Ватан сангари мост,
Теғаи кӯҳ дами ханҷари мост,
Сафшикан аскари мо, лашкари мост,
Оҳанин бозуи мо, пайкари мост.
Ҷанг аз душману аз мо зафар аст,
Ватанам лонаи шерони нар аст!..
Теғаи кӯҳро «дами ханҷар» хондану Ватанро «лонаи шерони нар» эълон кардан, дар сурате, ки дар боло калимаҳои «ҷангу душман» омадааст, ифодаест, ки дар зер қаҳру ғазаб ва исёну ғурриши шеронаи муаллифро ба рағми ҷангу душман ифода мекунад ва ин далели муҳкамест аз табъи баланд доштани шоир. Метавон муҳаббати Давлати Раҳмониёнро нисбат ба Ватан ва самимияти баёни ӯро дар ҷодаи тарғиби нангу номуси ватандорӣ бо матлае аз як ғазали худи ӯ, ки хеле зебо суруда шудааст, дубора таъкид кард:
Ватандорӣ на даъвову на баҳси мовумандорист,
Гузаштан аз сари як мушт хуни худ ватандорист…
Ашъореро, ки Давлати Раҳмониён дар бораи беҳтарин офаридаи парвардигор, яъне Модар, сурудааст, ба ростӣ, бе резиши ашк ва кашидани оҳҳое аз таҳи дил қироат карда намешавад. Ҳис мекунӣ, ки шоир ин шеърҳоро дар лаҳзаҳое эҷод кардааст, ки худ дар оташи фироқи Модар месӯзад ва чакидаҳояш на ҳосили қасду нияти қаблии эҷоди ин гуна ашъор, балки табиист.
Гумон меравад, ки бадоҳатан, дар як даму нафас ва бо як нишасту эҳсоси дарду ғусса ва дарки амиқи буду набуди инсон рӯйи сафҳа омадаанд. Аз ин лиҳоз, дар шеърҳои мазкур, чун дар дигар навиштаҳои Давлати Раҳмониён ба қавле, косибӣ не, балки таровиши эҳсоси табиӣ ба назар мерасад:
Омадам бори дигар сӯйи мазорат, модарам,
Ёфтам бо шохаи гул интизорат, модарам.
Дар мазорат ҳар гиёҳе бо дилам суҳбат кунад,
Бо дили дар ҳарду олам дӯстдорат, модарам.
Дар канори хоки ту сад сол агар хиргаҳ занам,
Дар дили ман нашканад ҳаргиз хуморат, модарам.
Кош, мешуд лаҳзае аз хок берун мешудӣ,
Бӯса медодам ба дасти гулнисорат, модарам.
Кош, мешуд мезадам ҷавлон ба даврат аз дигар
Побараҳна, ҳамчу тифли найсаворат, модарам.
Кош, мешуд сар ба зонуи ту мемондам зи нав,
Сар намемондам ба зонуи мазорат, модарам.
Орзуи охирини баччаат донӣ, ки чист?
Хок мехоҳам шудан андар канорат, модарам!
Воқеан, дар ин гуна ашъори Давлати Раҳмониён бештар симои ботинии Модар бо ибораҳои зебову шаккарин тасвир ёфтааст, ки аксари онҳо дар сафҳаи хотироти хонанда нақш мебанданд. Зеро ҷо-ҷо дар онҳо ҳолатҳое тасвир гардидаанд, ки аз сари бештари инсонҳо дар айёми наврасию ҷавониҳо гузаштаанд. Масалан, порае аз «Достони Модар»-и шоир:
Дарди ман пинҳон набуд андар замони модарам,
Рози ман мерафт аз дил бар забони модарам.
Аз ду гӯшам мегирифту метаконидам сабук,
Пур буд аз «бе дарду ғам гардӣ!» баёни модарам…
Тасаввур намоед, ки «Модар аз ду гӯши фарзандаш, албатта, ҳангоми «гуноҳе» содир кардани ӯ, гирифта, метакад». Шоир таъкид мекунад, ки: «….сабук». Ва ин сабукиро дуои Модар, ки ба фарзандаш «бедарду ғам гардӣ» мегӯяд, бештар дар зеҳни хонанда ҷилва медиҳад ва ҳамзамон ӯ худ ба худ, гултабассуме дар лаб, мегӯяд: «Охир, Модар меҳрубон аст-ку!». Яъне, дар шеърҳои Давлати Раҳмониён ин гуна гуфтугӯҳои ниҳонии ӯ бо хонанда эҳсос карда мешавад, ки пазируфтаниянд.
Дар идомаи ҳамин ғазал шоир байте дорад, ки дар он анъана, ё хулқу атвореро меситояд, ки хосси на ҳар миллат аст ва чуноне ки дар боло гуфтем, аз зеҳни хонанда ин суханро гузаронида метавонад: «Бале, дуруст гуфтӣ, шоир, тоҷикон ҳамингунаанд…»:
… Дӯст медорам қади ҷон, балки афзунтар аз он
Хоҳарони ҷониамро чун нишони модарам…
Албатта, Давлати Раҳмониён дар сифоти Модар ва шарҳи ғаму андӯҳ аз ҷудоии ӯ ба ҷуз ғазал ашъоре дар шаклҳое гуногун низ дорад, ки ҳар кадом бо истифода аз санъатҳои бадеӣ ва калимоти зебои шоирона оро ёфтаанд.
Дар аксари онҳо ифодаҳои шоир тоза ба назар мерасанд. Масалан:
Абр ашки ҳасрат рехт,
Хоки модарам тар шуд.
Осмон ба чашми ман
Оқибат баробар шуд.
Осмонро бо чашми худ баробар хондан, на баръакс, ба гумони мо, баёни навест дар тасвири чашми борандаю осмони абрию боронӣ.
Боиси шодию сурур аст, ки ҳунари шоирии Давлати Раҳмониён дар ҳама ашъори ӯ эҳсос карда мешавад. Ҳатто дар шеърҳое, ки ба ҷумлае аз устодон ва дӯстони худ бахшидааст, метавон дарёфт кард, ки сухани шоир на танҳо ба хотири баёни самимият, балки бо мақсади эҷоди абётест дилнишину шоирона, ки аз дили ӯ сар задаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар таҷассуми хислати ин ё он шахсият низ ҳунармандона суруда шудаанд.
Чанд мисол:
Гар низоме ҳаст дар шеъри муосир,
Сабт бо номи ту хоҳад гашт дар таърих,
Ай шоир!
(Барои Низом Қосим)
***
Ту гарчи бар ҳама монанд будӣ,
Набуд ҳаргиз касе монандаи ту.
Ба девори қиёмат монам, азбас
Бувад гӯшам тиҳӣ аз хандаи ту.
Саҳар бо ханда мешуд кор оғоз,
Ғами дилҳо шуда яксар фаромӯш,
Касе аз маҳфилат берун намерафт,
Дар атрофат намешуд ханда хомӯш…
Набудам бо ту парвои ятимӣ,
Ятимиро пас аз ту дарк кардам,
Пас аз ту сард гаштам бар ҳама кас,
Худамро ҳам пас аз ту тарк кардам.
(Дили бузург. Ба ёди Мирзо Файзалӣ)
***
Бар марги ту чашм хунчакон гиря кунад,
Дар хонаи чашмам осмон гиря кунад.
Мағзам ба даруни устухон об шавад,
Чун токи бурида устухон гиря кунад.
(Дар сӯги устод Муҳаммадалии Аҷамӣ)
Давлати Раҳмониён аз зумраи он шоиронест, ки дар эҷоди ғазал бештар дасти қавӣ дошта, бо нигоҳи тоза, истифодаи санъатҳои фаровони бадеӣ ва тарзи баёни равшану возеҳ миёни хонандагон маҳбубият пайдо намудааст. Дар бораи сабку услуби ин шоири тавоно олимони соҳа бисёр гуфтаанду навиштаанд. Мо танҳо, ба ҷонибдории онҳо сари ризоят ҷунбонда, гуфтанием, ки: «дар ҳақиқат ӯ дар сурудани ғазал аз шоирони комёби мост». Ғазалҳои Давлати Раҳмониёнро намешавад сарсарӣ хонд. Зеро онҳо дар аввал зудфаҳм ба назар мерасанд, аммо чун дубора, бодиққат ба мундариҷаашон менигарӣ, пайдо мекунӣ, ки маъниофарии ӯ бо заҳмат даст додааст, ки он аз як тараф гуворо, аз ҷониби дигар сахт дардмандона аст.
Дар ҳар кадом маъние нуҳуфтаасту баёнашон хушку холӣ рӯйи коғаз наомадааст. Ғазалҳои Давлат ҳам ишқӣ ва ҳам иҷтимоӣ буда, дар қолаби ғазал шеърҳое низ дорад дар мавзуъҳои гуногун, ки аз лиҳози ҳикмату андеша, лафзи устувор ва ҳусни баён, бешакку шубҳа, камназиранд.
Метавон аз ҳар ғазали Давлат байтҳои зиёди зебоеро барои тақвияти фикр мисол овард, ба мисли:
Кош, баргардиву дар ман ҳолгардонӣ кунӣ,
Бар дилам раҳм оварӣ, яъне мусалмонӣ кунӣ.
Вале ин ҷо бо абёте чанд аз ғазалҳои ӯ кифоят мекунем, ки хеле ширину шоирона эҷод шудааанд:
Ҳамчу қақнус зи хокистарам ангехтаанд,
Шарари оташи дӯзах ба дилам рехтаанд.
Ман, ки аз рӯзи азал ҷоизадори ишқам,
Дил нишонест, ки бар синаам овехтаанд.
***
Ман нафас гум мекунам, чун аз бари ман меравӣ,
Ҷони ширинӣ, вале аз пайкари ман меравӣ.
Аз тулуи ту дилам хуш буд, эй ишқи баланд,
Офтобо, ин қадар зуд аз сари ман меравӣ!
Чашми ман чун хонаи аккосии ғарқида аст,
Акси худро бурда аз чашми тари ман, меравӣ.
Давлати Раҳмониён дар гуфтани ашъори нимоӣ ва чаҳорпораҳо низ дасти тавоно дорад. Аз таҳлилу баррасии онҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки шоир дар ягон шеъраш ба зиёдагӯйӣ роҳ надода, алфозу калимотро хеле бамаврид ва мантиқан мустаҳкаму побарҷо истифода мекунад. Масалан:
Эй дарахте, ки танат
чун дили ман афгор аст,
Чӣ тавон кард, агар
Деҳа наздику дар он
Дос афзуну табар бисёр аст.
Ту валекин ҳаваси шаҳр макун, он ҷо низ
Дами тези ара рӯйи кор аст…
(Ба чанори пир)
Метавон аз чаҳорпораҳои Давлат низ чанд мисол овард, ки ба гуфти худи ӯ, аз дили софу бекина ва пурмуҳаббати шоир бурун омадаанд:
Барад аз байн кулли мушкили ман
Ҳузури аҳли дил дар маҳфили ман.
Ҳама ашъори ман дилномаҳоянд,
Бувад устоди шеъри ман дили ман.
***
Барояд гоҳи рафтан ҳаш-ҳаши ман,
Намеояд аз ин аммо ғаши ман.
Ба сози зарбии фарсуда монад
Дили ман – таблаки зери каши ман.
Арзанда аст, ки Давлати Раҳмониён барои маҷмуаи «Номаи Офтоб»-и худ ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қадрдонӣ шавад. Зеро Давлати Раҳмониён бо эҷоди ашъори дилнишин ва ҳунармандонае, ки дар китоби мазкур гирд овардааст, собит намудааст, ки ӯ дар ҳақиқат шоири мумтоз асту номашро дар таърихи адабиёти мо бо ҳарфҳои заррин китобат карда тавонистааст:
Дар он боғам, ки афсурдан надорад,
Гуле бӯям, ки пажмурдан надорад.
Биҳиште кардаам аз шеър бунёд,
Дилам ҳаргиз ғами мурдан надорад.
Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон



