Ба муносибати 90-солагии шоири зиндаёд Салимшо Ҳалимшо

 Ба муносибати 90-солагии шоири зиндаёд Салимшо Ҳалимшо

ЁДИ ДИЛКУШО

Салимшо Ҳалимшо – шоир ва рӯзноманигори маъруф навадсола шуд. Ин овоза яке аз дидору суҳбати охиринамонро ба ёдам расонд. Вай гоҳ-гоҳ ногаҳон байни ангуштони аз дуди зиёд каме зард як дона сигарет ба ҳуҷра медаромад ва бо ҳазлу шӯхие гӯгирд мепурсид. Ман албатта ӯро хуш пешвоз мегирифтам ва боз албатта қуттии гӯгирди эҳтиётиро рӯйи миз мениҳодам. Ӯ  хушҳол  сигарет рӯшан мекарду оташи сигарет байни ангуштон маҳфили ҳазлро меафрӯхт. Вале ин бор ошуфта ба ҳуҷра ворид шуд ва ба суханҳои шӯхиомези ман эътибор ҳам надода, озурдахотир гуфт:

– Абдулҳамид, синни ман аз ҳафтод гузаштааст. Ин бачаҳо ҳозир ҳам бо ман шӯхӣ мекунанд…

– Аз худат гила бикун: ту устодӣ, онҳо шогирд, – гуфтам ба умеде, ки ғубори ранҷиш аз дилаш бирӯбам. Ин зарофат ба дилаш нагунҷиду норозигӣ баён кард:

– Бачаҳо ҳурмату эҳтироми мӯйсафедонро фаромӯш кардаанд…

Вай пас аз рӯшан кардани сигарет бедимоғ аз ҳуҷра баромад. Ман надонистам, ки кадом ҷавонадиб ба шоири солманд, ки аз доғу дардҳои зиндагӣ (марги фоҷиавии пайдарпайи ҷигарбандон) дилу асаби харобу нозук дорад, чи ҳазли густохонаеро раво дида. Вале ба ёд овардам, ки мани ҳанӯз донишҷӯ зимистони соли 1969 бо даъвати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба ҳалқаи адибону рӯзноманигорони шинохта: Салимшо Ҳалимшо, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Асадулло Саъдуллоев пайвастам. Шуъбаҳои адабиёт ва маданият (фарҳанг) дар як ҳуҷра ҷо доштанд. Банда чун ходим супоришҳои мудирони ҳарду шуъбаро ба қадри тавон иҷро мекардам: Хондани маводҳо пас аз мошиннавис, омода кардани хабарҳои фарҳангӣ ба нашр,  ҷавоб ба муаллифони раҳдур…

Муҳити идора басо ҷиддӣ ва сиёсатзада буд. Ҳатто кормандони бузургсол, ки баъзе сарбозони Ҷанги дуюм низ буданд, бо ҳамдигар  дар масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ боэҳтиёт суҳбат мекарданд. Вазифаи мудирони шуъба, аз ҷумла Салимшо Ҳалимшо вазнинтар менамуд. Дар баробари ба нашр омода кардани нигоштаҳои адибон ва талош барои дар рӯзнома ҷой додани онҳо ба муносибати ин ё он санаи таърихӣ аз адибону олимони маъруф хоҳиш кардани иншои мақола ё шеъре, ки ҳамсадои он рӯз ва ҳуснбахши рӯзнома шавад сарборӣ буд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф бештари вақти Салимшо Ҳалимшо дар Иттифоқи нависандагону Академияи илмҳо мегузашт. Баъзан ин мақолаҳоро пас аз суҳбат бо устодон худаш менавишту бурда, ба онҳо хононда, имзояшонро барои нашр мегирифт. Яъне, Салимшо Ҳалимшо пайваста ҳамсуҳбати Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммад Осимӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Муъмин Қаноат мешуд. Дар муддати беш аз се сол кор дар рӯзнома банда ба Салимшо Ҳалимшо ва дигар ҳамқаламон ошно шудам. Дар ин байн шоир ва рӯзноманигори оташниҳоду меҳанпараст Ғоиб Сафарзода муаллифи мақолаҳои «Пул додану дарди сар харидан» ва «Таровати зиндагӣ дар зебоист. Номи зебо ними ҳусн» (1968), ки масъалаи тозагии забонро ба миён гузошта буд ва боиси шӯру иғвои шадиди дасисаангезон шуда, бо ҳукми КМ сармуҳаррири  рӯзнома Ашӯр Ҳалимовро аз вазифа сабукдӯш карда буданд, бар асари садама (1972), ба таври фоҷиавӣ аз олам гузашт. Ғоиб то охири умр аз хурдагирӣ ва тамғагузории бадхоҳон азияти равонӣ мекашид. Аммо пас аз маргаш ҳолати мудҳише пеш омад.  Гап сари ин ки кормандони нашриёти «Ирфон» аз тарс ё буздилӣ масъулияти муҳарририи китоби шоири марҳумро ба зима нагирифтаанд, ки мабодо моҷарое ба сарашон ояд. Мудири шуъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон» нависанда  Мутеулло Наҷмидинов ночор хомчопи «Ошёни Офтоб»- ро ба рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» оварда, бо алам ин ҳолати ногуворро ба ҳамқаламони шоир фаҳмонд.

– Ғам нахӯред, ман муҳаррири ин китоб мешавам, – пас аз каме андеша гуфт Салимшо Ҳалимшо ва афзуд: – Бештари шеърҳои ин китоб бо имзои мо дар ҳамин рӯзнома чоп шуда буданд. Шеърҳо нағзу самимонаанд. Ман як бори дигар шеърҳоро аз назар мегузаронам. Ва бе ҳеҷ дудилагӣ  чун муҳаррир ба китоб имзо мекунам…

Гӯё бори гароне аз дӯши Наҷмиддинов афтода бошад, оҳи сабук кашид ва акнун бо чеҳраи кушода барои ҷавонмардияш дасти Салимшо Ҳалимшоро фишурду китобро ба ӯ супорид. Ҳамон сол «Ошёни Офтоб»-и  Ғоиб Сафарзода  нашр шуд, ки муҳаррираш шоир Салимшо Ҳалимшо аст.

Магар чунин инсон ва шоир сазовори эҳтиром нест?

Салимшо Ҳалимшо навадсола шуд. Пире  чун қуллаҳои барфпӯши Бадахшон сарсафед. Ва ман ба ёд овардам, ки овони ҳамкорӣ нахустин нигоштаҳои навқаламонаамро, ки каму беш бӯ ва мазаи адабиёт доштанд, бо дастгирии ӯ ва дигарон ба нашр расонида будам. Оғози роҳи эҷод буд. Росташ, бисёр мехостам, ки аз каму костаҳои навиштаҳоям маслиҳати  ягон адиби маъруфро шунаваму ба хулосае биоям: минбаъд нависам ё не? Боре ин андешаро ба Салимшо Ҳалимшо гуфтам.

– Чанд  ҳикоя чоп кардӣ? – пурсид.

– Даҳ-дувоздаҳта…

– Иттифоқи нависандагон дур не ку, бубар, мехонанд, маслиҳат медиҳанд, – гуфт ӯ ва шӯхиомез афзуд: – Навиштани ҳикоя мушкил, маслиҳатгар бисёр…

– Кирои бурдан доранд? Аввал ягон нависанда мехонду мегуфт, ки меарзанд ё не? – баҳона овардам.

– Беҳтараш, аввал ба Амак нишон бидеҳ, – гуфт Салимшо  ва пурсид: –Он касро мешиносӣ? Инсони ҳалиму меҳрубон…

– Кадом Амак? Намешиносам.

– Фазлиддин Муҳаммадиевро нашинохта боз ҳикоя менависӣ?

– Нағз мешиносам муаллимро. О шумо Амак гуфтед-ку, – посух додам.

– Он касро ҳамаи адибон, ҳатто устод Боқӣ Амак ном мегиранд, – хушҳолона фаҳмонд Салимшо: – Идораашон дур не, дар он тарафи роҳ, Хонаи кино.

Имрӯз бо арзи сипос ба ёд меорам, ки бо ҳидояти шоир Салимшо Ҳалимшо банда ба муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев шинос ва умре аз файзи роҳнамоиҳои судмандаш барои навиштани асарҳои хурду бузург баҳраманд гардидам.

Салимшо Ҳалимшо навадсола шуд. Камина аз шиносоӣ, ҳамкорӣ ва суҳбатҳои эшон  ёдвориҳои неку дурахшон зиёд дорам, ки дар ин фишурда намеғунҷанд. Ӯ аз дилбохтагони шеъру сухан буд, ки пас аз адибону фозилони номвари Бадахшон Мирсаид Миршакар, Нодир Шанбезода, Тилло  Пӯлодӣ ба Душанбе омада, сарнавишташро ба хидмату рушди матбуот ва адабиёти тоҷик бахшид. Вай бо омӯзиши пайвастаи намунаҳои адабиёти куҳанбунёд, андӯхтани дониши фаровон, ҳамчунин бо заҳмати эҷоди асарҳои хурду калон ба пояи шоири маъруфи қасидасаро расид. Салимшо Ҳалимшо чун фарзанди кӯҳистон дар ибрози назар, иншои осори бадеӣ вораста буд. Дар самти дастгирӣ ва тарбияи навқаламон хидматҳои арзанда ҳам кардааст.

Ёдат гиромӣ бод, Салимшо Ҳалимшо!

Абдулҳамид САМАД

***

МАН ДАР ДИЛИ ОФТОБ ДОРАМ РЕША

Бадахшони шукӯҳманд, ҳамон хоке, ки адиби Булғор Йордан Милевро маҷзуби худ карда буд, то як бахши муътабари китобаш «Диёри домани гардун»-ро ба зебоиҳои он ихтисос диҳад, дар баробари гавҳарҳои гаронбаҳои табии худ шахсиятҳои маъруферо ҳам фаровон ба адабиётамон додааст, ки ному нақши онҳо дар таъмиру таъмини шеъру адаби гузашта ва имрӯза қобили арҷгузорӣ ва ситоиш аст. Дар идомаи кори адибоне чун Мулло Муҳаммади Бадахшӣ, Мубораки Вахонӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Иброҳими Бадахшонӣ, Муллоёри Ванҷӣ, Қудрати Шуғнонӣ ва дигарон, чеҳраҳое номошное ба монанди Нодир Шанбезода, Ҳайрат Шанбезода, Мирсаид Миршакар, Тилло Пӯлодӣ, Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо, Муъмин Қаноат, Амонбек Шоҳзода, Султон Шоҳзода, Ато Мирхоҷа, Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва чанди дигар аз ин хоки барӯманд бархоставу бо осори пурбори худ барои адабиёт хидмат кардаанду мекунанд.

Дар ин миён ному осори Салимшо Ҳалимшо низ ҷойгоҳи худро соҳиб аст. Алиризо Қазва, шоир ва донишманди номошнои Эрон, ӯро соҳиби «қасидаҳои шукӯҳманд ва хуросонӣ» хонда, таъкид медорад, ки «…дар канори қасидаҳои шукӯҳманд ва хуросонии Салимшо Ҳалимшо, ки дар навъи худ мумтоз аст, шоирони навгарое чун Муъмин Қаноат ва Мастон Шералӣ вуҷуд доранд, ки ин наслро ба унвони яке аз наслҳои пуртакопӯ дар шеъри тоҷик муаррифӣ кардаанд».

Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони Бадахшон ба ҷаҳон омад, маълумоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳри Хоруғ фаро гирифт. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва фаъолият дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорӣ, соли 1982 ба Иттифоқи нависандагон омад ва дар вазифаҳои мудири шуъбаи назм, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва мудири Шурои назми Иттифоқи нависандагон адои хидмат кард.

Ин шоири пуркору шинохта аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри гузашта вориди адабиёт шуд ва аз худ маҷмуаҳое чун «Роҳи қуллаҳо» (1965), «Киштии Инқилоб» (1960), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) ва ғайраро ба ёдгор гузошт.

Инсиҷоми сухан, оҳангнокӣ, корбурди калимаҳои замонӣ ва истифодаи радифу қофияҳои ғайримаъмулу риояи хуби мантиқу таносуб дар ҳамон сурудаҳои аввалинаш, ки дар маҷмуаи «Роҳи қуллаҳо» гирд омадаанд, хонандаро ба сӯйи худ мекашанд. Дар ғазали поён тозагии кори ӯ дар корбасти радиф қобили арз аст:

Азиз баҳри ман, эй дил, чу офтоб рафиқ,
Зарур ҳар қадаме, чун ҳавою об, рафиқ,
Ба сӯйи қуллаи уммед боли ман бошад,
Ба ҷисму ҷон бидиҳад қувва беҳисоб рафиқ…
Хуш он замон, ки ҳама одамони рӯйи замин
Кунанд бо дили софе ба ҳам хитоб: рафиқ!

Радифи «рафиқ», ки имрӯз дар шеъри ҷавонон ҳамчун як вожаи наву диққатҷалбкунанда, фақат ба хотири ҳунарнамоӣ ба кор меравад, ҳанӯз дар солҳои 60-ум дар шеъри Салимшо Ҳалимшо ба таври табиӣ, дар руҳияи тоҷикона корбаст шудааст. Ҳамин гуна як радифи тозаи дигар дар шеъри ӯро, ки дарахт асту онро ба гунаи таъкидӣ истифода кардааст ва ҳамакнун дар шеъри ҷавонони имрӯз бо ҳамин шева муд мешавад, мисол меорем:

Бар мурғи бахти мо шудаӣ ошён, дарахт,
Аз субҳи умри мо задаӣ достон, дарахт.

Донишмандон дар мавриди шеъри солҳои 60-70 ва 80-ум бештар ба масъалаи сохтор ва мавзуву муҳтавои он таваҷҷуҳ кардаанд ва масъалаи ҳунари шоирӣ дар мисоли таркибу ибораороӣ ва тасвирҳои шоирона, тозагии радифу қофия ва амсоли ин камтар дар мадди назари пажуҳишгарон қарор гирифтааст. Аз ин хотир аст, ки вақте ба шеъри он солҳо аз зовияи ҷусторҳои шоирона мепардозем, он ба назар чун як давраи шукуфоии шеъри тоҷик ҷилвагар мешавад. Зеро шеъри ин давра дар мисоли паҳлугардонии калимаҳо, ҳунари шоирӣ, тасвирҳои воқеии манзара ва нигоҳи хосса ба мавзуъҳои умумӣ ҷилои бештар дорад. Дар бораи рӯду дарёву чашма шеърҳои бисёре хондаему имрӯз низ мехонем. Аммо огоҳона ба тасвири ин унсурҳо пардохтан ва хосияти аслии онҳоро донистан барои кам касоне даст медиҳад. Махсусан, барои чашмаро ташбеҳ додан бо мавҷуди зинда, яъне ба инсон, шоир бояд чигунагии ҷӯш задану ҷорӣ шудан ва чӣ хосият доштани онро таҷриба карда бошад. Мисли ин ки Салимшо Ҳалимшо чун фарзанди кӯҳистон аз уҳдаи он ба хубӣ баромадааст:

Наям барф, к-аз тобиши офтоб
Шавам об рӯзе, наёварда тоб.
Наям оби ҷӯ, ки зи сармои сахт
Кунам ях, бимонам тамоман карахт.
Наям абр, к-андар фазои кушод
Бигардам пароканда аз тундбод.
Манам чашмаи софу аз қалби кӯҳ
Бурун оварам сар ба иззу шукӯҳ.
На сармо ба ҷисмам асар мекунад,
На гармо маро гармсар мекунад.
Равон дар раҳи зиндагонӣ манам,
Хурӯшу шарори ҷавонӣ манам.
Ман умри абадро аз он ёфтам,
Ки аз мушкилӣ рӯ наметофтам.

Кӯҳистониён хуб медонанд, ки чашма чӣ гуна дар фасли сармо гарм ва дар фасли гармо сард аст. Ва шахсияти худро аз ин зовия ҳамсанги чашма донистану дар муқобили мушкилиҳо истодан барои як шоир кори саҳлу содае нест. Хуб зеҳн монед! На барф дар муқобили офтоб, на оби ҷӯ дар муқобили сармо ва на абр дар муқобили бод, ки аз ҷузъиёти пайваста мушоҳидашаванда дар ҳаёти мо ҳастанд, истодагарӣ карда наметавонанд. Танҳо чашма аст, ки ин хосиятро дорост ва танҳо шоире, ки бо он зода ва равон шудааст, метавонанд чунин монандсозии ба ҳаёти инсон, билхосса ба хӯву хислат ва табиати инсонӣ созгорро шоирона биофарад. Дар шеъри боло шоир аз тасвири чашма, ба тариқи ташбеҳ ҳикмат месозад, аммо дар шеъри дигар қасдаш танҳо нигоҳи шоирона афкандан ба ин мавзуъ аст:

Моҳ шӯяд дар он рухаш ҳама шаб,
Ҳусн бахшад бар осмон чашма.
То занад бӯса бар лаби хубон,
Ҳамчу ошиқ бувад равон, чашма…

Байти аввали ин сурударо ба унвони як тасвири шоиронаи забонзаду маъмул, ки дар шеъри бисёриҳо ба гунаи мухталиф дидаем (“таровидани моҳ дар об”, “акси рухи маҳтоб дар об” ва амсоли ин), қабул мекунем. Аммо аз канори байти дувуми он, ки дорои як тасвири тозаву дастнахӯрдаву  шоирона аст, осон гузашта наметавонем. Аз чашма об нӯшидан ва ба гунае муболиғаомез лаби онро бӯсидан ҳанӯз як гапи маъмул аст. Вале чун ошиқ ба хотири бӯса задан аз лаби хубрӯён равон шудани чашма нигоҳи хосро аз шоир тақозо мекунад. Аз маънои маҷозӣ берун кашидани баъзе тасвирҳои шеъри суннатӣ дар шеъри ин солҳо афзалият ёфта буд. Масалан, сарв, ки чун намоди қади ёр дар адабиёти ҳазорсола маҳбубият дошт, дар шеъри муосир аз маънои маҷозӣ берун омад ва дар пойи воқеият ба адабиёт хидмат кард. Яъне дар шеъри шоирони ин давра як навъ паҳлугардонии калимаву вожаҳои шеъри суннатӣ сурат гирифт. Салимшо Ҳалимшо низ аз ин раванд бархӯрдор буд ва сарвро ба маънои аслии худ ин гуна ба кор бурдааст:

Сарвҳо сар кашида рост ба меҳр,
То сухан рост аз замин гӯянд.
Аз замин ҳамчу мужда бар афлок,
Ишқи хубони нозанин гӯянд.

Дирӯз ин сарвҳо худ намоди маъшуқа буданд, имрӯз ба ҳақиқат сар бардоштаанд, то паёмрасони ишқи нозанинон бар афлок бошанд. Яъне, дар заминаи воқеият ба тасвир кашидани манзара аз корҳои шоистаи шеъри солҳои мавриди назар аст.

Салимшо Ҳалимшо дар сурудани рубоӣ ҳам дасти тавоно дорад ва ин намунаи хубу шоирона аз рубоиҳои ӯст:

Дар мазраи инқилоб дорам реша,
Дар маънии сад китоб дорам реша.
Хоҳӣ биканӣ ту аз замин решаи ман,
Ман дар дили офтоб дорам реша.

Шеъри Салимшо Ҳалимшо чун шоирони ҳамнаслаш ойинадори зиндагӣ ва таҷассумгари шахсият ва хислати худи ӯст. Яъне, ҳар касе метавонад шахсияти ӯро дар шеъраш мушоҳида кунад. Дар навиштаҳои ӯ зиндагии воқеии инсон таҷассуми густарда ёфтааст.

Хосияти дигари шеъри ӯ якмаром паҳлу задан ба шеъри суннатист, ки ин нишон аз дилбастагии бевоситаи ӯ ба шеъри гузаштагон аст. Рӯй овардани ӯ ба достонҳои таърихӣ, қасида ва ғазал аз дониши фарох ва мутолиаи фаровонаш аз осори гузаштагон аст. Дар аксари мақолаҳои таълифкардааш низ метавон мушоҳида намуд, ки ӯ то чӣ ҳад ба мутолиа ва таҳқиқу пажуҳиши осори бостон ва таърихи куҳан рағбат доштааст. Ӯ яке аз адибон ва донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт. Ин матлаб танҳо як ишора ба ҳунармандиҳои Салимшо Ҳалимшо дар умури шоирист ва осори илмиву адабӣ, фаъолияти драматургӣ ва публисистии ӯ ба таҳқиқу пажуҳиши густурда ниёзманд аст.

Муҳриддин САБУРӢ

Дигар хабарҳо