Аз ашъори адиби маҳбуби бачаҳо Алӣ Бобоҷон
Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд
Усто-парасту
Усто-парасту,
Ту пухтакорӣ,
Дар лонасозӣ
Ҳамто надорӣ.
Дар шифти айвон,
Дар сақфи хона,
Аз субҳгоҳон
Хонӣ тарона.
Бе чўбу тахта,
Бе меху теша,
Ту лона созӣ
Аз гил ҳамеша.
Аз сози лаҳнат
Шавқат физояд,
Илҳоми тоза
Дар корат ояд.
Нонат ҳалол аст,
Усто-парасту!
Кори ту бисёр
Аъло, парасту!
Самовор ва кӯза
Самовори карнайдор
Балақ-балақ меҷўшид,
Бо оҳанги нотакрор
Дамодам мехурўшид.
Аз Самовори ҷўшон
Дархост Кўза як рўз:
– Ба ман ҳам, эй ҷўраҷон,
Сурудатро биёмўз!
– Эҳ-ҳе, – гуфто Самовор,
– Ҳофиз шуданат мушкил,
Зеро ту як зарра ҳам
Оташ надорӣ дар дил.
Мошини Насим
Дар раҳча Насим
Меронад мошин,
Ба мошини ў
Лозим не бензин.
Мошин шитобад,
Садо барорад,
Дар паси рулаш
Шофир надорад.
Мошинро Насим
Кашад бо таноб,
Чун светофор
Чашми ў бехоб.
«Би-би-биб!…» – Насим
Мошин меронад,
Филу хирсакро
Ў мекашонад.
Ба ў раҳ диҳед,
Кораш бисёр аст,
Охир, дар мошин
Бораш бисёр аст.
Ҳоло кашонад
Бозичаҳоро,
Фардо кашонад
Мову шуморо.
Ҳайронӣ
– Дишаб вазифаатро
Кӣ иҷро кард, Аҳмадҷон?
Модарат ё хоҳарат?
Бигў, аз рўйи виҷдон.
– Рости гап, муаллима,
Худам ҳам намедонам:
Барвақт хуфта будам,
Кӣ иҷро кард? Ҳайронам!
Укоча
– Оча, очаҷон, оча,
Ман дорам як укоча.
Кокулчаҳояш заррин,
Куртааш аз алоча.
Дорад ба гарданаш вай
Марҷонаки сиёча.
Чашмонакаш каб-кабуд,
Хушрўяку зебоча.
Гиря намекунад ҳеҷ,
Қобилу гапдароча.
– Донистам, эй доноча.
Укоҷони ту – зоча!
Гирёнчак
– Хайрияте, хайрият,
Қобил шудӣ, додарҷон.
Гиряатро бас кардӣ,
Олам бишуд гулистон.
– Монда шудам, акоҷон,
Беҳуда хурсанд нашав.
Камтарак дам гирифта,
Гиря мекунам аз нав.
Номи нав
Қобил аз ҳама дарсаш
Хубу аъло мехонад,
Ба гуфтаи муаллим
Зеҳни худро медонад.
Аммо як рафтораш бад:
Ҳамин ки зангро заданд,
Пояшро монда ба дар,
Раҳро ў мекунад банд.
Рафиқони ҳамсинфаш –
Абдуғаффору Одил
Ба ў номи нав доданд:
«Қобилҷони ноқобил».
Ҳадяи баҳр
Шодона сўйи соҳил
Бо баччаХо давидам,
Як тўда гўшмоҳӣ
Аз рўйи рег чидам.
Зебост гўшмоҳӣ,
Ҳамчун тило ҷилодор,
Мисли камони Рустам
Сурху сафеду зангор…
То хона барнагардам
Бе армуғони дарё,
Аз гўшмоҳии тар
Бастам ҳамели зебо.
Як шадда гўшмоҳӣ,
Як шадда дурру марҷон,
Аз баҳри ҳадя бурдам
Бар хоҳарам Хиромон.
Занбӯрмагас
Занбўрмагаси чобук,
Дуболаи тақлидкор.
Асло намешавад дур
Аз растании гулдор.
Ў дар ниқоби тақлид
Ҳамеша дорад амал,
Мепарад аз гул ба гул
Мисли занбўри асал.
Гарчи афту андомаш
Занбўрро ёд орад,
Валекин неши ў нест,
Ягон асал надорад.
Дар зиндагонии мо
Ҳар кас, ки тақлидкор аст,
Монанди занбўрмагас
Беҳосилу беор аст.
Момоҷурғотак
Рангат чӣ хушрўст,
Эй мурғи кўҳсор,
Болу пари туст
Доим ҷилодор.
Дар ҷойи серун
Болотар аз об,
Аз боди дарё
Ҳастӣ фараҳёб.
Ҳар дам нишаста
Бар рўйи харсанг,
Хонӣ сурудат
Шўху хушоҳанг.
Дорад навоят
Оҳанги нодир:
Овози найро
Орад ба хотир.



