Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Соли 2026 барои тоҷикон соли таърихӣ буда, дар ин сол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлати миллии мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд. Дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад. Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон, нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва неругоҳ, ки рамзро му каммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллианд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма мета вонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.



