Сӯгворӣ. Даргузашти шоири шинохта Анварбеки Абӯнаср

 Сӯгворӣ. Даргузашти шоири шинохта Анварбеки Абӯнаср

31 январи соли равон қалби шоир ва омўзгори пуртаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Анварбеки Абунаср аз тапидан бозмонд.

Ў 15 январи соли 1947 дар деҳаи Варзикандаи ноњияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъд аз итмоми мактаби миёна (1969) ва факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров) то ба нафақа баромадан омўзгори мактаби зодгоҳаш буд. Чандин сол раҳбарии маҳфили адабии «Бунафша»-ро ба зимма дошт ва ҳамзамон дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (Панҷакент) ба донишҷўён сабақ медод. Як муддат сармуҳарририи нашрияи «Махзани илм»-и ин донишгоҳро ба зимма дошт.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагон буд. Шеърҳояш дар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ва алоҳидае бо номҳои «Расид айёми тобистон» (1991), «Марди накуном» (1994), «Умеди сабз» (1994), «Дунёи меҳр» (1995), «Модарнома» (2001), «Гулдастаи умед» (2002), «Таронаҳои зиндагӣ» (2003), «Пайғоми дил» (2005), «Рўдакӣ ва Лоиқ» (2008), «Мавҷи нур» (2008), «Духтари хуршед» ба табъ расидаанд. Мураттиб ва муҳаррири маҷмуаҳои дастҷамъии эҷодкорони ноҳия – «Бунафшаи Зарафшон» (1991) ва «Понздаҳ барг» (2000) мебошад.

Ёди ин адиб дар дили хонандагон ва аҳли фарҳанг боқӣ хохад монд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо