Ҷашни бостонӣ

 Ҷашни бостонӣ

Адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷикӣ-форсӣ дар хазинаи гуҳарбори худ аз тасвиру васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада хеле фаровон дорад. Дар ин хусус ашъори шоирон аз оғози адабиёти мо шаҳодат медиҳад ва ковишҳои илмии донишмандони адабиётшиноси бумию бурунмарзӣ аз нигоҳи илмию таърихӣ ин қазияро собит менамоянд. Мехостем як руҷуи кӯтоҳе ба таърихи адабиёти тоҷик дар мавриди ҷашни Сада ва тасвири он кунем.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” перомуни ҷашни Сада чунин омадааст: “Сада яке аз ҷашнҳои эрониёни қадим аст, ки рӯзи даҳуми баҳманмоҳ (29-30 январ) барпо мешудааст ва дар ин рӯз оташи бисёр меафрӯхтаанд” ва пас ҳамчун шоҳиди маъно байте аз Абулқосими Фирдавсӣ оварда шудааст:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

 Шоири нимаи аввали асри ХI Унсурӣ қасидаеро ба мадҳи Амир Наср бинни Носириддини Сабуктегин – бародари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бахшида, ҷашни Садаро бо маҳорати баланд тасвир намуда, дар матлаи қасида чунин ёдовар мешавад:

 Сада ҷашни мулуки номдор аст,
 Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Дар як қасидаи Унсурӣ дар ҳудуди 11 байт шаҳомати оташи Сада хеле ҷолиб тасвир ёфтааст. Шоир оташи Садаро дарахти рӯшноӣ гуфта, таъсири онро ба аҷсоми замину аҷроми фалак бо ташбеҳоту тавсифҳои зиёд таъкид менамояд, ки матлаи он чунин аст:

Замин имшаб, ту гӯӣ, кӯҳи Тӯр аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Дар ин тасвир Унсурӣ Садаро гоҳе нури таҷаллӣ ва заминро биҳишт мехонад, гоҳе заминро нор ва гардунро кони беҷодаю беҷодабор мегӯяд, оташро дарахти рӯшноӣ, сарви баланд ва забонаҳои онро сад ҳазор шоха, заминро аз таъсири оташ лолазор, оташи Садаро оташи Намрӯд ва сӯзандаи мавҷи дарё мехонад ва пас, оташро ба хашми шаҳриёр мушобеҳ месозад.

 Оташи Садаро дарахт гуфтани шоир Унсурӣ (“Чӣ чиз аст он дарахти рӯшноӣ”) собиқаи тулонӣ ва реша дар эътиқоди қадимаи мардумӣ дорад. Дарахт аз ибтидои офариниш дар боварҳои мардум маънои устуворӣ пайдо намуда, рамзи пойдорӣ, истодагарӣ ва сарбаландӣ мебошад, ҳаракат ба сӯи баландиҳоро меомӯзонад. Дарахт пой бар замин, вале даст ба сӯи осмонҳо дорад, ки ҷои ибрат низ мебошад ва ҷанбаи ахлоқӣ (тавозуъ) дорад. Расму нигораҳое, ки аз аҳди бостон боқӣ мондаанд, бозгӯи ин андеша мебошанд. Дарахт бо инсонҳо пайванди хеле қавӣ пайдо кардааст, ки ба тавассути он маъноҳои гуногун падид омадаанд. Масалан, вақте дарахт майле ба сӯе мекунад ва ба таҳрик омадан мехоҳад, мемирад (яъне аз ҷой барканда мешавад). Ин маънои онро низ дорад, ки майли ҳаракат кардани дарахт ин аз даст додани устуворӣ, истодагарӣ ва пойдорӣ мебошад ва ғ. Ё ин ки дар мусаввараҳо дарахти сар ба фалак кашида рамзи издивоҷи муқаддаси замин ва осмон мебошад. Инчунин, дар боварҳои мардумӣ ин андеша роиҷ аст, ки шахсе агар орзую ормоне дошта ва ё ба мушкили рӯзгор рӯ ба рӯ омада бошад, ба танаи дарахти қадбаланд танаи худро ҷафс намуда, арзи ҳол мекунад ва дарахт он арзро ба болоҳо мерасонад.

Шоир Фаррухӣ дар ҳудуди 39 байт қасидае дорад, ки дар 20 байти он тасвири ҷашни Сада сурат гирифтааст. Ин 39 байти қасидаро аз лиҳози тасвир ва пайванди маънӣ метавон ба се бахш –  муқаддимае бар тасвири ҷашни Сада, васфи ҷашн ва як байти эзоҳӣ ҷудо кард ва 19 байти қасида нақл аз бузургию шуҷоати вазир мекунанд.

Дар муқаддимаи шартӣ ишора ба яке аз суннатҳои ҷашни Сада – шабона даргирондани оташ дар сарои вазир мекунад ва дар байти чаҳорум мегӯяд, ки оташ пай дар ҳам шакл иваз менамояд. Баъд аз ин тасвири оташи Сада шуруъ шуда, ба тавассути вожаҳои “гоҳ-гоҳ” (дар сездаҳ байт дуборӣ такрор шудааст) тасвир зуд-зуд дигар шуда, бадал шудани шакли оташро ишора менамояд. Дар тасвири шоир шакли ҳандасӣ, ҳаҷм ва ранги оташ гардон аст. Фаррухӣ оташро гавҳарбору гавҳарпош, дарахти заррин, луъбат дар дебои сурх, хунхораи хафтони хуниндошта, лолаи нуъмон, тоҷи пургавҳар, барги ларзони раз, боғи баҳорӣ, хуршед, ашколи Уқлидус… гуфтааст:

Гоҳ гавҳарпош гардад, гоҳ гавҳаргун шавад,
Гоҳ гавҳарбор гардад, гоҳ гавҳар бар шавад.

Дар мисраъҳои сеюм ва мисраи охир шоир оташи Садаро дарахти заррин ва хуршеди рахшанда гуфтааст. Ба андешаи мо, ин тасвир низ бар асоси эътиқоди гузаштагони мо нисбати дарахту хуршед (оини Меҳр) қарор гирифтааст. Дар фаҳмишу эътиқоди мардумӣ хуршеду дарахт ду чизи муқаддас маҳсуб мешаванд ва дар бисёр мусаввараҳо расми дарахту офтобро дар як ҷо дармеёбем.

 Баъзе абёти қасида, ки тасвири оташи Садаро доранд, бар асоси санъати муқобила хеле шево баён шудаанд ва даҳшату зебоӣ бо ҳам махлут гашта, зуд-зуд дигар шудани алангаи оташ чандин шакли зишту нафисро пайдо мекунад:

 Гоҳ чун хунхорагон хафтон ба хун андар кашад,
Гоҳ чун дӯшизагон андар зару зевар шавад.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада дар ашъори шоирони пешин бо шаҳомати хос ва муҳаббат васф шудааст.

Насли ҷавони тоҷик бояд хуб дарк намояд, ки арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз он ҷумла, ба ҷашни Сада, эҳтиром ба худ, ба миллати худ ва фарҳанги миллӣ аст. Мо бояд огоҳӣ дошта бошем, ки миллати куҳанбунёди мо таърихи чандинҳазорсола ва фарҳанги ғанӣ дорад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз бо фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгири худ эътироф гардидааст.

Бигузор, нури Сада дилҳои моро равшан, роҳҳои моро ҳамвор ва ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистонро боз ҳам ободтар гардонад.

Л. Мирзоҳасанов,
А. Комилбеков,
устодони ДДХ ба номи М. Назаршоев

 

Дигар хабарҳо