Ва ҳамеша шоир монд
Дар таърихи адабиёти гузашта ва имрӯзи мо ду гурӯҳи суханварон ҳамвора, навобаста ба синну сол ҷаззобият доштаанд. Будаанд шоироне, ки умри кӯтоҳ дидаанд, вале дар адабиёт нақши ҷовидона гузоштаанд. Шоироне низ будаанд, ки умри дароз ва бобаракаташон то охирин лаҳзаҳо ҳамчунон арсаи офариниши мондагор будааст. Дар пиронсолӣ низ ҷавонтарин ва шоиронатарин осори хешро офаридаанд.
Дар миёни ин ду гурӯҳ кам набудаанд суханвароне, ки зери таъсири зобитаҳои фардӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, новобаста аз синну сол, бахше аз зиндагии худро ба сукут гузаронидаанд ва ё мавқеи ҳунариашонро тағйир дода, шоири ба истилоҳ дуҳавоӣ ё бисёрҳавоӣ шудаанд.
Ҳамчунон ки донишманде таъйид кардааст «тозагӣ ва таровати дарун ба дарки акнун вобаста аст. Қудрати зистан дар акнун ва мақҳури гузашта нашудан дарунро шодоб медорад. Доманаи халлоқиятро мегустарад. Албатта, пустаҳои берун дар фурӯкаши ин неру ва тароват низ нодида гирифтанӣ нест. Ҳангоме ки неруи дарун бо пӯсти лухт ва карахт ва бекашу вокаш ҳамсоз аст, кам-кам аз ҷаззобият ва фаварони энержӣ коста мешавад. Ҳамчунон ки пиронагӣ ва пирзеҳнӣ ва уфти дарун низ ҳатто пӯсти ҷавониро аз барқу ҷило меандозад».
Вале Лоиқ ин гуна набуд. Лоиқ шоире набуд, ки тан ба буҳронҳо дода, ба иқтизои номусоид шудани вазъ аз тариву тозагии дарун бозмонда бошад. Лоиқ дар замони зиндагиаш борҳо дар арсаҳои мухталиф бо оризаҳое рӯбарӯ шуда, ки «сабабу муҷиби он ориза гар баршумурем, хориҷ аз хотиру авҳоми ситорашумур аст». Ин гуна оризаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фардӣ дар таърихи адабиёти гузаштаву имрӯз зиёд будаанд ва боиси ҷавонмаргии ҳунарӣ ва адабӣ низ шудаанд. Баррасӣ ва арзёбии иллатҳои фардӣ ва иҷтимоии ин ҳодиса аз вазифаи муҳимми пажуҳишгарони фарҳанг ва таърихи адабиёти муосир буда, мо қасди тавзеҳи бештари онро надорем. Фақат аз ёдкарди он таъкидамон бар ин аст, ки Лоиқ чун чанд тан аз ҳамнаслони худ аз шоирони миллии мост, ки на фақат дар он рӯзгори каҷдорумарез истиқлоли ҳунариашонро ҳифз карда тавонистаанд, балки аз оғози фаъолият то охир шоир монданд.
Лоиқ аз оғоз тавонист фазои густурдаи шеърӣ ва шоириро барояш боз кунад ва тобеи ҳеч гуна аломатгузориҳо набошад. Бо таҷриба, самоҷат ва истиқлоли инсониву ҳунарӣ ба сароғозе бирасад. Аз ин ҷиҳат вай шоири шеъри ҳамеша будааст.
Лоиқ шоире буд, ки лавозими ҷилваҳои моддӣ ва маънавии андешаҳои худро дар замон ва макони мушаххас пайдо кард ва ба онҳо ранги вузуҳ ва асари ҳунарӣ дод. Ба ифодаи Бедил шавқи маънибаёни ӯ «дар ин ҳангом дорад оинаи вузуҳи калом». Вай ҳеч гоҳ қазоёро бо ишора ва бар тибқи хоҳишҳои буқаламунӣ дар димоғи хонандаҳои худ ба вуҷуд наовардааст. Хонандаро бо аввалин мисраъ, аввалин шеъраш аз худ берун кашида, ба дасту фармони худ гирифта тавонистааст. Яке аз нахустин шеърҳои ӯ «Ном» ва баъдтар «Ба модарам» ҳамин гуна буданд. Шеъри «Ба модарам» бо сатрҳои зер оғоз мешавад:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Лоиқ бо ин сатрҳо моро ба дунёе шинос мекунад, ки медидему намедидем. Вазни хуш ва маънии тозаи он ба хонанда аз каси барояш азизе хабар медиҳад, ки медиду намедид. Лоиқ бо ин гуна гароиш аз даруни инсон убур мекунад. Дар ин маънӣ, ки марзи рангҳои нозуки сарнавишти инсон – модарро бояд шинохт. Ин тарзи идроки бадеӣ ва дигаргунии муносиб дар шинохти зобитаҳои шоеъ дар зиндагӣ ва шахсияти инсонҳо ҳузури одамӣ аст дар тамоми танавуъ ва касраташ. Сурате аз дарки хилқати инсонии модар аст дар гуногунӣ, тозагӣ, густариш ва жарфояш. Сурате аз кашфи хеш аст дар оинаи воқеият, дар лаҳзаи таърихӣ, ки сарнавишти модарро дар худ бозтоб мекунад. Ин тарзи идроки шоирона дар шеъри он рӯзгор ҳодисаи нав буд ва собит ҳам кард, ки шоирро «оризаҳои қадимӣ» гирифтор намедорад ва роҳи мустақимаш ба сӯи тадовум ва такомули шеъри ҳамеша аст. Ин равиш ба тамоми давраҳои эҷодиёти шоир хос буда, ҳеч гоҳе ӯ аз роҳи кашфи хеш дар ҷаҳони шеър берун наомадааст.
Аз ин ҷиҳат шеъри Лоиқ дар ҳамаи давраҳои фаъолияти ҳунариаш шеъри ҳамеша будааст. Шеъри ӯ ҳеч гоҳ аз ҷумлаҳои хабарӣ ва боду мабодҳо таркиб наёфта, дар шеър хабарнигор набудааст.
Аз оғоз дар сабки шоирии Лоиқ тасвири зеҳнӣ нуфуз дошт. Ин тарзи тасвир ифодагари тарзи тасарруфест, ки тахайюли ӯ дар шинохт ва баёни воқеият карда ва ин асноди тасвирӣ бо баёни шоиронаи зебое, ки ҳосили бедории шоир нисбат ба воқеият ва сарнавишти инсонҳост, сурат бастааст.
Шеъри Лоиқ бо неруи хаёл ва тасарруфи хаёле дар мафҳумҳои ҳастӣ бунёд шудааст ва ин аз лавозими аслии шеъри ҳамеша – шеъри мондагор аст. Аз ин назар тасвир дар шеъри Лоиқ аксест, ки аз воқеият ва калимот ҳосил мешавад. Тасвиргарии Лоиқ, ки шарти аввали шоирист, тарзи тавсиферо ироа мекунад, ки бар яке аз ҳавосси одамӣ таъсир мегузорад ва ифодагари таҷрибаи ҳиссии шоир ба василаи забон аст. Лоиқ дар ин замина муваффақ шудааст, ки маҷмуаи сохтҳои забониро ба манзури намоиш ва тавсифи умур ва афкори таҷридӣ дар шеъраш корбаст кунад. Рӯ ба рӯ қарор гирифтани ду амр (ду калима, ду ҷумла, ду савт, ду ҳолат ва…) низ аз аносири умдаи тасвирсоз ва шеър шудани матлаб дар тарзи нигориши Лоиқ аст. Лоиқ шоирест, ки як ақидаи отифиро дар як лаҳзаи замонӣ ҳунармандона тасвир карда, андешаеро фаврӣ ба намоиш мегузорад ва ин он боландагиест, ки дар мисоли шеъри Лоиқ таҷриба мекунем. Тасвиркориҳои Лоиқ бо тасарруфоти баёнӣ ва маҷозӣ, аз қабили ташбеҳ, истиора, киноя, маҷоз, тамсил, намод, иғроқ, муболиға, асноди маҷозӣ, ташхис, ҳиссомезӣ, парадокс (андешаи ғайри маъмул) ва ғайраҳу ҳамроҳ буда, аз дигар омилҳои шеър будани осор ва шоир мондани ӯ мебошад.
Таҷрибаи Лоиқ таҷрибаи тасвирҳои шеърии ӯянд, ки садоқати ӯро ба моҳияти ҳунар нишон медиҳанд. Дар амали шоирии ӯ гоҳ тасвир дар хидмати амре дигар қарор дорад, гоҳи дигар худ падидае мустақил аст, ки арзиши онро худи он муайян мекунад. Бинобар ин ҳам таҷрибаи ҳунарии ӯ шомили ду навъи тасвир – исботӣ ва иттифоқӣ аст, ки дувумӣ дар шеъри ӯ афзалият дорад. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки тасвири исботӣ ҳосили як идроки ҳиссӣ ва андешаи ақлонӣ буда, ақл мекӯшад миёни адоти тасвир пайванди суварӣ ва алоқаи ҷузъӣ эҷод кунад. Ин навъ тасвир аз маонии ҳарфӣ таҷовуз намекунад ва дар сатҳи маънии зоҳирӣ ё тавсифӣ боқӣ мемонад. Мафҳуми ин навъи тасвир возеҳ ва шаффоф аст, зеро як таҷрибаи рӯшани ҳиссӣ буда, маншаи алоқааш ташбеҳ, қаринӣ ва ҳаммонандӣ миёни умури ҳиссӣ аст. Дар ин навъи тасвир олами хориҷ аз дунёи даруни ҳунарманд ҷудост. Шоир барои исботи як нигариш ё масъала муодилае миёни ду тарафи тасвир танзим мекунад. Тасвир тобеъи робитаи шинохташудае миёни ду бахш аст. Масалан, Лоиқ ба василаи ташбеҳоти тамсилӣ ва талмеҳот дар шеъри «Марсияи хуршед» ду тарафи муодила, яъне маргу зиндагиро ба гунае бо ҳам пайванд мезанад, ки ба натиҷаи муҳимми ормонӣ мерасад ва аз ин муқоиса натиҷаи ҳунарӣ ва ғоявӣ ба даст меояд. Ҳамин гуна ташбеҳи тамсилӣ шеъри «Користон»-ро низ пуртаъсир ва зебо сохта ва бунёди тасвирро дар он қавӣ кардааст.
Лоиқ дар бисёре аз шеърҳои ахлоқӣ ва фалсафиаш низ бо истифода аз ин равиш ба исботи андеша ё омӯзаҳои ахлоқиаш мепардозад. Дар ин гуна шеърҳо тасвир аз тариқи исбот ва иқнои мухотаб вазифаи огоҳибахш ва омӯзиширо бар уҳда дорад. Масалан, дар шеъри сапеди «Ифтихор ва эътироз» ташбеҳу тамсилу талмеҳ абзоре аст барои исботи муддао ва андешаи шоирона.
Яке аз ҷанбаҳои ҳунари шоирии Лоиқ дар ҳамин гуна исботгарӣ нуҳуфта аст. Дар ин гуна ашъор тасвир абзоре аст ба рои тавзеҳи таҷриба ва ташреҳи андеша, омӯзиши ахлоқ, огоҳирасонӣ ва исботи даъво, ки намунаи олиаш шеъри «Ману ту» мебошад. Тасвири исботӣ дар шеъри Лоиқ навъе муодилаи хирадмандона аст, ки бар асоси ҳамнишинӣ шакл гирифта, собит аст ва тан ба як маънии воҳид медиҳад ва мантиқи забон ва алфоз бар он ғолиб аст.
Дигар навъи тасвири шоирона, ки дар сабки шоирии Лоиқ афзалият дорад, тасвири иттифоқӣ буда, аз ҳавоси шоир дармегузарад ва саршор аз аносири отифӣ ва таҷрибаи руҳии ӯ мебошад. Хостгоҳи ин намуди тасвир таҷрибаи руҳии нобе аст, ки идрок, забон ва низоми андешаи шоирро зери таъсири худ қарор медиҳад. Дар ашъоре, ки дар ин тарзи тасвир эҷод шудаанд, маншаи тозагӣ ва пӯёии тасвир иттифоқӣ буда, отифаи шоир ва руҳи зиндаи ӯст. Аз ин ҷиҳат бисёре аз шеърҳои Лоиқ, ки ба ин тарз эҷод шудаанд, боланда ва шуълавар буда, сохтори забон ва алфозро дар худ печидаанд ва ҷони хонандаро гирифтор медоранд. Ин гуна шеърҳо ифодагари таҷоруби руҳии шоир буда, мукошифа ва илҳом бар он ғалаба дорад. Вақте Лоиқ мегӯяд:
Эй обшор!
Духтари гирёни кӯҳсор,
Мурдаст ошиқат магар, фарёд мекунӣ?
Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада,
З-оғози чашмаҳот магар ёд мекунӣ?
– ишқи сард ва шикастхӯрдаро ба ин шакл муҷассам мекунад ва бо мисраъҳои баъдӣ ин андешаи иттифоқиро сурати шеър мебахшад. Ин тасвир як идроки ногаҳонӣ, ғайриодӣ ва иттифоқӣ аст ва бархилофи тасвири исботӣ назмдиҳанда нест, балки дарҳамшиканандаи одатҳо, тасаввуротҳо ва урфҳост.
Лоиқ бо канори ҳам ниҳодани умури носозгор (ишқ + обшор + мурдани ошиқ) таҷрибаеро тасвир мекунад, ки дар шеъри мо собиқа надорад. Ин тарзи тасвир дар нигориши Лоиқ аз пайи исботи чизе нест, балки худ як иттифоқи тоза ва ягона аст. Арзиши ин гуна тасвирҳои Лоиқро бори эҳсосӣ ва отифии онҳо муайян мекунад.
Ҳар ду шакли тасвир барои Лоиқ арсаи тамрини озодӣ ва халлоқият будааст. Ин арса ба шоири бузург маҷол додааст, то бо қудрати сеҳрангези хаёл дар падидаҳо ҳулул кунад ва руҳи худро дар онҳо бидамад ва ҷаҳони андеша ва орои худро ба дилхоҳи худ созад ва оламеву одаме аз нав биофаринад. Аз ин ҷиҳат Лоиқ ба ҷаҳон ва сарнавишти инсон назари хосси худро дошт, ки он шоирона буд. Ӯ ба тарзи худ аз ҳолоти отифӣ ва руҳӣ мутассир мегашт.
Таҷрибаи шоирии Лоиқ гувоҳ аст, ки тасвирпардозӣ имкони тасарруф дар ашё ва воқеоти ҷаҳонро барои ӯ фароҳам оварда ва ба ӯ фурсат додааст то бо дасткорӣ дар аносири ангезандаи руҳу андеша матлаб ва мақсуди худро биофаринад, нокомиҳоро ҷуброн кунад, эҳсос ва андешаи худро дар ашё бирезад ва бо падидаҳое берун аз қаламрави забони худ сухан бигӯяд. Ба ин тарз шоири бузург тавонист дар шеъраш миёни ҳунар ва дунёи хориҷ ҳамдилӣ ва ҳамсозӣ ба вуҷуд оварад ва тасвир зарфи авотиф ва эҳсосоташ гардад. Аз ин ҷиҳат, тасвир дар шеъри Лоиқ ҳунарист, ба ин далел, ки шӯр ва отифаи инсонӣ дар он нуҳуфтааст ва шӯр бармеангезад ва лаззат меофаринад. Тасвири отифӣ дар шеъри Лоиқ беруҳ, сард ва ғайри ҳунарӣ нест. Далели дигар ба ин даъво он аст, ки Лоиқ бо шеъраш таҳрикбахши ҳис ва андешаи бисёре аз шоирони пас аз худ дар шинохти ҳақиқати сарнавишти миллат буд, ки намунаи он шеъри «Хоки Ватан» аст.
Дар поёни зиндагиаш Лоиқ бо ҳодисаҳое рӯёрӯ шуд, ки интизораш набуд. Сарнавишти талхи миллат ба тарзи нигориши ӯ бетаъсир намонд. Фоҷиаи зиндагии қавме, таърихе хатти аслии шеъраш шуд. Ғамномаи зиндагии дирӯзин ва имрӯзинро офарид, хотираи як имтиноъ аз чунин сарнавишти талхеро бо омезиши тарзи исботӣ ва иттифоқии тасвир муҷассам сохт. Тасвири фоҷеаи замонашро ба шеър овард. Ба пурсише дар бораи сарнавишти қавме ва таърихе посухи шоирона гуфт («Фарёди бе фарёдрас»), ки низ шеъри ҳамеша аст.
Ва ҳамеша шоир монд.
Кароматуллоҳи Шукруллоҳӣ



