Зуҳури «Шамсу Мавлоно» дар Бухорои Шариф

 Зуҳури «Шамсу Мавлоно» дар Бухорои Шариф

Аз 6-ум то 11-уми январи соли равон ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши “Шамсу Мавлоно” дар шаҳри Бухоро қарор доштанд. Намоиши мазкур дар таҳияи саркоргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонзода пешкаши тамошобинон шуд.

Меҳмонии мо аз шаҳри Тирмиз оғоз ёфт. Гурӯҳи моро аҳли ҳунар ва роҳбари Театри драмаи мусиқии шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳамза Хонов самимона пазироӣ кард.

Бегоҳии 6-уми январ маҳфили “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ҳунармандону овозхонҳои Театри вилоятии шаҳри Тирмиз басо меҳрбору хотирмон сурат гирифт.

Ҳунармандони театри мазкур 15-уми декабри соли сипаришуда бо намоиши “Макр ва муҳаббат”-и Шиллер ба Душанбе омада, меҳмони театри Лоҳутӣ шуданд. Намоиши эшон бо арзишҳои баланди бадеиву ҳунарӣ писанди тамошогарон ва аҳли ҳунари театрҳои пойтахт гардида буд.

7-уми январ мо роҳи худро идома бахшида, аз тариқи шаҳрҳои Қаршиву Косон, Когон ва дигар мавзеъҳои таърихӣ озими шаҳри Бухорои Шариф гардидем. Басо хушоянду гуворо буд, ки дар чандин чойхонаву ошхонаҳои сари роҳи тулонӣ пешхидматону ошпазҳо моро бо лаҳни хуби тоҷикӣ пазироӣ менамуданд. Бегоҳии он рӯз ҳайати моро ходимони меҳмонхонаи замонавию зебои “Гарден Плаза”-и Бухоро низ бо эҳтиром ва лафзи ширини тоҷикӣ истиқбол гирифтанд.

Субҳи рӯзи дигар дар майдони назди Театри вилоятии драмаи мусиқии шаҳри Бухоро аҳли эҷод, кормандон ва маъмурияти он – директори театр Юлдош Кенҷаев, саркоргардони театр Равшан Расулов, роҳбари шуъбаи Бухороии филармонияи давлатии Ӯзбекистон Абдурауф Авезов бо самимияту меҳри бепоён моро пазироӣ намуданд. Дар саҳни вурудгоҳи театр суруду рақсҳои зебои “мавригӣ”, суҳбатҳои пурмеҳру фараҳбори тарафайн ҳусни маҳфили дӯстиро афзун намуд. Дар суханрониҳои Юлдош Кенҷаев, директори Театри ба номи А. Лоҳутӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машраб, ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Убайдулло Омон, Абдурауф Авезов ва дигарон арзи сипосу эҳтиром ва шукргузорӣ ба иқдоми ҷавонмардонаи сарварони ду ҷумҳурии дӯсту бародар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки абрҳои сиёҳи сардиву нофаҳмиҳоро аз осмони ду кишвари ҳамсоя ронда, байни халқҳои тоҷику ӯзбек меҳру садоқати азалиро аз нав барқарор ва устувор сохта, марзҳои дӯстиро барои робитаҳои судманд баҳри рушду шукуфоии ҳар ду кишвар кушоданд, садо доданд.

Ҳунарманди маъруфи театру синамои ӯзбек Убайдулло Омон, ки худ зодаи шаҳри Бухорост, бо ифтихор ёдовар шуд, ки солҳои пеш байни Театри Лоҳутиву Театри ба номи Айнии шаҳри Бухоро анъанаи неке роиҷ буд, ки аҳли ҳунари ин муассисҳои эҷодӣ зуд-зуд меҳмони якдигар мешуданд, аз дастовардҳои якдигар огоҳ гашта, ба рушду такомули корҳои эҷодии ҳамдигар мусоидат менамуданд.

 Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи ин анъанаи нек охирин сафари ҳунарие, ки то пошхӯрии давлати шуравӣ Театри ба номи А. Лоҳутӣ ба ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом дода буд, соли 1989 дар шаҳрҳои Тошканду Бухоро ва вилояти Чимкенти ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Дар ин сафари ҳунарӣ аҳли эҷодии театр намоишҳои “Эдип”-и Софокл, “Ҷияни хира”-и Ш. Солеҳ, “Ҳақиқати талх”-и С. Сафар ва композитсияи бадеӣ-мусиқии “Сухан ва шамшер”-ро ба тамошогарони Ӯзбекистону Қазоқистон армуғон бурда буданд.

Намоишҳои “Эдип” ва “Ҳақиқати талх” танҳо дар Театри драмавии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ манзури тамошогарони шаҳри Тошканд гардонида шуд. Намоиши “Ҷияни хира” дар ноҳияи Бӯстонлики вилояти Тошканд ва колхози ба номи Ленини вилояти Чимкенти ҷумҳурии Қазоқистон беҳтарин армуғони ҳунарӣ ба ҳамзабонони мо гардида буд. Сипас сафари ҳунарии Театри Лоҳутӣ бо намоишҳои “Ҷияни хира” ва “Сухан ва шамшер” дар шаҳри Бухорои Шариф идома ёфт.

 Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои шуравӣ ва боз гардидани марзҳои дӯстӣ аввалин сафари ҳунарии ҳунармандони театри А. Лоҳутӣ ба ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2018 бо намоиши “Ҷиноят ва ҷазо” -и М. Зошенко дар таҳияи Абдукарим Машраб дар саҳнаи Театри драма ва мусиқии шаҳри Бухоро нахустин паём ва иқдоми меҳру самимият гардид, баъдан соли 2024 намоиши “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-и дромнависи тоҷиктабори Ӯзбекистон Х. Холиқов ба шаҳрҳои Тирмизу Самарқанд ва соли 2025 намоишҳои “Хунхори Торосӣ”-и А. Несин дар таҳияи Султон Усмонзода ва “Агар ҷанг намебуд”-и А. Ҳамдам дар таҳияи Давлат Убайдуллозода ба шаҳри бостонии Самарқанд идомабахши он анъанаҳои нек дар доираи равобити дӯстонаи фарҳангиёни ду кишвар маҳсуб мешаванд…

Ҳамин тавр, баъди истиқболи расмӣ ва ба имзо расидани шартномаи ҳамкориҳои эҷодӣ миёни роҳбарони Театри А. Лоҳутӣ ва Театри драмаи мусиқии шаҳри Бухоро омодагии хадамоти техникӣ ва ҳунармандони театри мо барои ороиши саҳнавии намоиши “Шамсу Мавлоно” сурат гирифт. Бояд гуфт, ки аҳли хадамоти техникии театри Бухоро бо меҳру самимияти хос ва дарки баланди масъулият ба мо мисли дӯстони дерина барои ҷобаҷо гузории таҷҳизоти саҳна, танзими рӯшноиву мусиқӣ бародарвор кумак расониданд. Соати 15:00 рӯзи 8-уми январ намоиши “Шамсу Мавлоно” манзури тамошогарон ва аҳли ҳунари шаҳри Бухоро гардид. Қабл аз оғози намоиш роҳбари Театри Бухоро Юлдош Кенҷаев ташрифи ҳунармандони тоҷикро хайрамақдам гуфта, ба аҳли толор пайғом дод, ки тибқи шартнома ва мувофиқаи тарафайн чунин сафарҳои ҳунарӣ ва ҳамкориҳои эҷодӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола идома хоҳанд ёфт. Роҳбари синамогарони вилоят ва студияи “Бухорофилм” Алиҷон Чориев, ки солиёни мадид дар студияи “Тоҷикфилм” ва “Мосфилм” пурсамар фаъолият кардааст, ба саҳна баромада қудуми ҳунармандони театри Лоҳутиро ба Бухорои Шариф фоли нек арзёбӣ намуд. Аҳли толор намоиши “Шамсу Мавлоно”-ро бо шавқу рағбати бепоён тамошо карда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандони ҷавони театри мо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва таассуроту эҳсосоти наҷиб баҳои баланд доданд. Телевизиони шаҳри Бухоро аз ҷараёни сафар ва намоиши “Шамсу Мавлоно” бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ гузориш таҳия кард.

Бегоҳии 8-ум ва 9-уми январ баргузории маҳфилҳои “Шоми дӯстӣ” бо ибтикори роҳбарият ва аҳли ҳунари театри драмаи мусиқӣ ва филармонияи вилоятии шаҳри Бухоро басо рангину ҷолиб сурат гирифтанд. Суханҳои меҳрбор, суруду таронаҳои дилангези тоҷикиву ӯзбекӣ, рақсу шодмонӣ дар ҳавои таронаҳои “мавригӣ” басо сурурангезу хотирмон буданд.

Тамошои мавзеъҳои таърихӣ, зиёрати оромгоҳи бузургони илму адаб, ба вижа зиёрати мақбараи асосгузори давлати бузурги Сомониён Шоҳ Исмоили Сомонӣ барои мо, хоса ҷавонони эҷодкори мо, муҷиби сарфарозиву худшиносӣ ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ гардид…

 Бо як ҷаҳон таасуроти неку наҷиб ва хотираҳои ширину гуворо аз шаҳри бостонии Бухорои Шариф ба самти Бухорои Шарқӣ роҳӣ гаштем. Дар бозгашт мошинамон ногаҳон дар миёни паҳнои биёбон вайрон шуд. Баъди чанд дақиқаи интизорӣ мошини боркаше дар наздамон қарор гирифта, ронанда ва ҳамсафари ӯ бо лаҳни хушу гуворои тоҷикӣ ба имдодамон расиданд. Аз он биёбони сарду шамолгузар мошини моро то минтақаи обод ва устохонаи таъмири мошинҳо оварданд. То таъмир шуда, ба роҳ баромадани мошини мо интизор истоданд ва барои хидмату кумаки ҷавонмардонаашон, ҳарчанд роҳбарияти театри мо хоҳишу исрор намуданд, як пайса ҳам нагирифтанд. Чунин рафтори хайрхоҳона аз ҷониби як ҷавонмарди кӯҳистони Китоб бо номи Яҳё ва ҳамсафари ӯ кулвори хотироти моро дар ин роҳи тулонӣ боз ҳам пурбортар сохт.

Ҷавонмардиву накукории марзбонони шуҷои тоҷик ҳангоми гусел ва истиқболи гурӯҳи мо ва мусоидати эшон дар гузаштани марзи кишвари ҳамсоя воқеан ҳам сазовори сипосу эҳтиром мебошад.

Зимнан аз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори раёсати санъати вазорат Мирзоолим Саидзода эҳтиромона арзи сипосу иродат менамоем, ки барои баргузории ин сафари таърихӣ бо кӯшишу талошҳои худ мусоидат намуданд.

Ортиқ ҚОДИР,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо