Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд

 Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд

Он барои пажӯҳишҳои бисёрсолаи ин олими тоҷик ба ӯ тақдим шудааст.

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди номвари тоҷик дар шашумин Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ дар Эрон нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедилро соҳиб шуд.

Дар ин бора “Бунёди Бедил” хабар дода, менависад, ҷашни байналмилалӣ рӯзҳои 11-12-уми январ дар шаҳри Теҳрон баргузор гардидааст.

Ба иттилои созмондиҳандагон, дар ин ҷашн нахустин бор Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бунёд ва эҳдо гардид. Қаблан, он бидуни эҳдои ҷоиза баргузор мешуд.

Ин ҷоиза бори аввал барои саҳми шоиста дар омӯзиш ва муаррифии адабиёти форсӣ ба се шахсияти маъруфи илми адабиётшиносӣ супурда шудааст:

— Профессор Абдунабӣ Сатторзода, аз Тоҷикистон;

— Профессор Шариф Ҳусайнӣ Қосимӣ, аз Ҳинд;

— Профессор Орифи Навшоҳӣ, аз Покистон.

Дар суханрониҳои маросим, таъкид шудааст, ки пажӯҳишҳои бисёрсолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода дар заминаи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, таҳқиқи осори классикон ва нақши ӯ дар тақвияти пайвандҳои адабӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон аз омилҳои асосии соҳиб гардидани ин ҷоиза маҳсуб мешаванд.

Абдунабӣ Сатторзода доктори илми филология буда, яке аз шахсиятҳои маъруфии адабиву сиёсии Тоҷикистон ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон мебошад.

Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бо ташаббуси «Бунёди Бедили Деҳлавӣ» баргузор гардида, ба омӯзиш ва тарғиби ҳикмату осори Бедили Деҳлавӣ ва ҳамзамон ба арҷгузорӣ аз саҳми пажӯҳишгарони барҷаста дар риштаи адабиёти форсӣ ихтисос ёфтааст.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, бо таваҷҷуҳ ба он ки Бедил дар Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва миёни форсизабонон ҷойгоҳи вижа дорад, ин ҳамоиш ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи забони форсӣ ҳамчун унсури муҳими ҳувияти муштарак кумак мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мирзо Абдулқодири Бедил яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони асрҳои XVII–XVIII маҳсуб мешавад. Ӯро яке аз сутунҳои асосии “сабки ҳиндӣ” дар шеъри форсӣ медонанд.

Аз  «Asia-Plus»

Дигар хабарҳо