Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд
Сӯгворӣ. Даргузашти адиби шинохта Султонмуроди Одина
15 январ дар 76-солагӣ шоир, нависанда, публитсисти шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмуроди Одина олами фониро падруд гуфт.
Султонмуроди Одина адиби заҳматкашу пуркор ва инсони фурӯтану дарёдил буд. Ба суҳбатҳову маҳфилҳои адабӣ бо суханрониҳои муассиру чеҳраи ҳамеша кушодааш нуру гармӣ мебахшид.
Нақши ин адиби равоншод дар ташаккули ҳавзаи адабии Ҳисор ва тарбияи қаламкашони ҷавон назаррас ва фаромӯшношуданист.
Султонмуроди Одина 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи Кӯҳони шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи маҷмуаҳои “Родмарди ҳисорӣ” (1994), “Ҷамоат” (1995), “Муфтии шаҳид” (ҳамроҳи Х. Ашўров, 1998), “Дарёдил” (1998), “Тобишҳои зиндагӣ”(1999), “Бозтоби тақдир” (2002), “Макони файзбор” (2000), “Роҳҳо ва розҳо” (2003), “Зиндагиномаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин” (2004), “Роҳнамои хирад” (2004), “Пайроҳаҳои камолот”(2004), “Асрори бозубанд” (2005), “Санои афсона” (2006), “Фарзанди хуб – боғи падар” (2007), “Зилзилаи Ҳисор”(2008), ”Марги қайсар” (2008), ”Турсунзода дар мактаб” (2009), “Тақдир ва тадбир”(2010), “Дард ва қадр” (2010), ”Ҳокими кони намак” (2010), ”Машъалдор”(2011), “Хазинаи малики Ҳисор куҷо шуд?”(2011), ”Меҳргон”(2012), “Қиссаҳо аз таърихи Ҳисор” (2012), “Наврӯзи Аҷам”(2013), “Ҳисор: аз бостон то ин замон” (ҳамроҳи Ф. Азиз, 2013), “Талош”(2014), “Зиндаёд” (2014), “Ганҷи ниҳон” (2015), “Фидоии зиндагӣ”(2015), «Парӣ» (2017) ва бисёр дастурҳои таълимӣ барои мак табу коллеҷҳост. Маҷмӯаи шеърҳояш: “Шукрона” (2000), “Дарди дил” (2001), “Афсонаи шафақ”(2003), “Мурғакони ризқҷӯ” (2003), “Меҳроби умед”(2005), “Гирдоби хаёл” (2006), “Боли орзу” (2005), “Ҳамосаи меҳр” (2007), ”Шабнамшамол”(2009), ”Бо шеър “Алифбо” хонем”(2011), “Ҳадиси роҳ” (2011), “Девони Султон” (2014), Нури ҳавас” (2016), “Ашки ғуруб” (2019). Мураттиби китобҳои “Имоми Аъзам”, “Ифтихори халқ ва қаҳрамони миллат” , “Ҳисори Шодмон” ва ғайра мебошад.
Асарҳояш “Подоши бахт” ба забони ўзбекӣ (2004) ва “Дарди ниҳон” ба забони русӣ тарҷума шудаанд.
Ёду номи Корманди шоистаи Тоҷикистон, соҳиби нишони“Сухан”, Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Точикистон Султонмуроди Одина ҳамеша гиромӣ бод!



