Аз ашъори Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз

 Аз ашъори Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз

Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Абдуллоҳ Қодирӣ

***

Навҳа мекашад чун дил
Абри дидагон бе ту.
Тира дар само тобад
Шамъи шабравон бе ту.
Ашки сабза шуд шабнам,
Лола дар даман дилхун.
Ғунчаҳои нашкуфта
Дар чаман хазон бе ту.
Базми мо басе дилгир,
Ҳарфҳо пароканда.
Талх аз ҷудоиҳост,
Айши ошиқон бе ту.
Нози ту адо дорад,
Қасди ҷони мо дорад,
Нашъа аз куҷо дорад
Сайри гулситон бе ту!
Боз о, ба дуриҳо
Тоқату тавонам нест.
Зиндагӣ аҷаб мушкил,
Розҳо ниҳон бе ту.

***

Шайдои қаду холу хату куштаи ёрам,
Дар кӯи вай афтода яке мушти ғуборам.

Не шохи гули тозаву не шамъчароғе,
То шуъла ҷаҳад з-оинаи санги мазорам.

Дар кори дил афтод гиреҳ з-ашки чакида,
Он гуна, ки аз завқи фиғон зору низорам.

Сад маънӣ аз он лағзи нигаҳ ёфта ангез,
Чун барги хазонгашта дар оғӯши баҳорам.

Рӯзе, ки ба хокам қадаме ранҷа намоӣ,
Дар силки шаҳидони раҳи ишқ шуморам.

Бо он ҳама ҷабру ситам, эй мояи уммед,
Бар дидаи муштоқ ҳаме ҷои ту дорам.

Боз ой ба подоши вафо, эй маҳи хубон,
Мумтозсифат дар қадамат ҷон бисупорам.

***

Азизу меҳрубонам кист? – Модар!
Фурӯғи дидагонам кист? – Модар!

Забони модарӣ омӯхт бар ман,
Ҳамеша дар забонам кист? – Модар!

Сафои рӯи олам офтоб аст,
Сафои хонадонам кист? – Модар!

Маро беҳтар зи ҷон донист умре,
Гиромитар зи ҷонам кист? – Модар!

***

Оҳи дар дил тапидаро монам,
Кишти офатрасидаро монам.

Аз ғамободи дидаи маҳҷур
Тифли ашки рамидаро монам.

Ҳамчу зулфат сиёҳ рӯзи ман аст,
Заҳри ҳиҷрончашидаро монам.

Танам оташфишон шуд аз ишқат,
Нахли оташкашидаро монам.

Нола болост, ёр мустағнӣ,
Ашки бар рӯ давидаро монам.

Ҳаваси орамиданам чи аҷаб?
Тифли дунёнадидаро монам.

Нотавонӣ асои пирӣ шуд,
Ҷони бар лаб расидаро монам.

Зиндагӣ бори гарданам гаштаст,
Пири қоматхамидаро монам.

Достони ҳаёти берангам,
Носуруда қасидаро монам.

Дар бисотам сиёҳкорӣ нест,
Дар дили шаб сапедаро монам.

***

Боз маро васли нигор орзуст,
Ғамзаи он чашми хумор орзуст.

Ҳар гули сурӣ чаманорой шуд,
Дар чаманам сайри баҳор орзуст.

Субҳ кашад домани боди сабо,
Замзамаву бонги ҳазор орзуст.

Аз нигаҳи қомати болои ёр
Ҷилваи шамшоду чанор орзуст.

Дар тарабободи ҳаёти навин
Бо санаме бӯсу канор орзуст.

Дар шафати сабзаву оби равон
Шавқфизо шеваи ёр орзуст.

Гоҳи мулоқоти вафо дар сухан,
Бахти маро авҷу барор орзуст.

Хомаи Мумтоз рақам зад ба ҷон,
Боз маро васли нигор орзуст.

***

Дилгир шудам, нигори ман ку?
Пайки хуши рӯзгори ман ку?

Пӯёи раҳи висоли ёрам,
Лайловаши гулъузори ман ку?

Аз нолаи зори дил ба тангам,
Дармони дили фигори ман ку?

Ғамбодаи фурқаташ маро кушт,
Он ёри ситамшиори ман ку?

Хокистарам аз шарораи ишқ,
Барбоддеҳи ғубори ман ку?

Умрам зи фироқи ӯ сар омад,
Он мунису ғамгусори ман ку?

Ҷондодаи ишқаму ҳабибе
Нолад ба сари мазори ман ку?

***

Аз субҳи зодрӯзи ман ин дард бо ман аст,
Шояд шиносномаам аз шаҳри шеван аст?

Оинаро чи ваҳшате аз рӯзи бозхост?
Имрӯз ҳам ҳисоби ману марг рӯшан аст.

Зангори заҳр хӯрдаам аз ҷоми зиндагӣ,
Чашми замона кӯр, ки истеза бо ман аст!

Дил дар каманди ҳалқаи он зулф бастаем,
Ҷои шигифт нест, ки он зулф раҳзан аст.

Мӯям сиёҳ буду нашуд бахти ман сафед,
Роҳи ҳазор ганҷи равон баста бар ман аст.

Кашдори марг зарбазани дил бувад, вале
Атри биҳишти руҳ накоҳида дар тан аст.

Чун ашки шамъи ишқ бияфсурда хандаҳо,
Ашки ситора бар рухи гулҳои савсан аст.

Нилуфарист субҳи баҳорон ба кӯи ёр,
Ё ин фурӯғи зиндагии моҳи баҳман аст?

Мумтоз, шукри Ҳақ, ки қадат хам нагаштааст,
Бо кӯҳҳои дард, ки бар шонаи ман аст.

***

Шуҳрати аҳли адаб ҳикмату фазлу ҳунар аст,
Панд омӯз аз ин нукта, ки беҳ аз гуҳар аст.

Ғолибан, файзу карам хислати мардони сахист,
Оқил он кас, ки аз ин ганҷи равон баҳравар аст.

Донишу кор ба ҳам муъҷиза меороянд,
Нашъаи зиндагӣ аз юмни кафи коргар аст.

Ҳама аз ризқи каму беш ба шукранд, вале
Фикру омоли ҳарисон зи пайи симу зар аст.

Риштаи дӯстӣ аз сидқ бувад мустаҳкам,
Сулҳ оини сафоовари навъи башар аст.

Хислату пешаи некон ҳама аз некуист,
З-он, ки неку бади дунё пайиҳам даргузар аст.

Ҳеҷ донӣ, ба ҷаҳон ҳоҷати Мумтоз зи чист?
Силки абёти баланду сухани чун гуҳар аст.

***

Дар дили мо ҷуз ҳавои рафъати ашъор нест,
Дар баёзи мо сухан аз дигарон такрор нест.

Мекашад мӯ аз дили мӯ шоир аз табъи баланд,
Сайқали фикри расоро хавф аз зангор нест.

Паркаши назми ҷаҳонгир аст мурғи завқи мо,
Хотири моро фароғи бахт ҳаст, озор нест.

Аз ҳаюлои вуҷуд омӯхтем аздоди асл,
Ҷисми мо маъзур з-обу хоку боду нор нест.

Хоби ғафлат ҳамрадифи марг андар зиндагист,
Мешавад помоли аъдо миллате бедор нест.

Соқӣ аз базми сабуҳӣ боиси таъхир чист?
Умр дар айни шитобу соғарат саршор нест!

Партави иқбол борад бар баёзи Қодирӣ,
З-он ки дар гулзори назми ӯ асар аз хор нест.

Дигар хабарҳо