Озмуни «Китоби сол-2025» ҷамъбаст шуд
Рӯзи 29-уми декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2025” баргузор гардид.
Дар номинаи “Назм”-и озмуни «Китоби сол-2025» ҷойи дуюм ба китоби «Ёқути имон»-и шоири ҷавон Мафтунаи Қосим, ҷойи сеюм ба китоби «Таронаи мардум»-и Садрӣ Умар, дар номинаи “Наср” ҷойи аввал ба китоби «Дорои бузург»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Барот Абдураҳмон, ҷойи дуюм ба китоби «Инсон ва нависандаи нодир»- и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ҷойи сеюм ба китоби «Ҷон дар кафи даст»-и Ато Ҳамдам дода шуд. Ғолибони номинаи “Публисистика” низ муайян гардиданд. Дар ин номина ҷойи якум ба китоби «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ»-и Субҳон Қурбонов, ҷойи дуюм ба китоби «Ормонҳои миллӣ»-и Садриддин Ҳасанзода ва ҷойи сеюм ба китоби «Аз Ховалинг то Бухоро»-и Амир Саид Мункӣ насиб гашт.
Китобҳои “Алифбои аҷоиб”-и Латофат Кенҷаева ва “Сафеддара”- и Муродалӣ Собир дар номинаи “Назми бачагона” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд. Дар номинаи “Насри бачагона” китобҳои «Қафасоб»-и Маҷид Салим (ҷойи аввал), силсилаи китобҳои бачагонаи Илҳом Ғиёсов (ҷойи дуюм) ва “Мағзи донак”-и Бахтиёри Ҷумъа ва “Душанбе нусхае аз биҳишт”-и Лашкар Шарифзода (ҷойи сеюм) қадрдонӣ ёфтанд. Дар номинатсияи “Тарҷумаи адабӣ” китобҳои “Светотен”-и Муҳаммад Ғоиб, «Очаҷону бачаҷон»-и Ҷӯра Ҳошимӣ ва “Туҳфаи ғайриинтизорСюрприз”-и Бежани Ризо лоиқи ҷойҳои намоён ҳисобида шуданд.
Ба шоҳҷоизаи озмуни «Китоби сол-2025» академик Фарҳод Раҳимӣ бо китоби «Абармарди таърихсоз» (ҷилдҳои 1 ва 2) сазовор гардид.



