Сабақи ватанпарастӣ

 Сабақи ватанпарастӣ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ воқеан аз ҳар паҳлу арзишманду пурмуҳтавост. Дар он тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат аз сӯйи Пешвои муҳтарами миллатамон борикбинона ва амиқу дақиқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Мояи шодмонист, ки ҳангоми баррасии ҳар самту соҳа Сарвари давлат манфиатҳои миллӣ, фикри беҳбуди рӯзгори мардум ва тавсеаи худшиносиву худогоҳии миллиро дар меҳвар қарор доданд. Ҳамин мардумгароӣ ва миллатмеҳварӣ, ба назари мо, боиси муассиру такондиҳанда шудани Паём гардидааст. Ин хусусият, бавежа, дар вақти таҳлили масъалаҳои хештаншиносиву худогоҳӣ бармалотар буд ва нуктаҳое, ки дар ин маврид баён гардиданд, саршор аз эҳсосу эҳтироси ватандӯстӣ буданд. Дар ҳамин мавридҳо ҷанбаи отифии Паём қавитар мегардад ва мо шоҳиди ба туғён омадани эҳсоси гарми ватанпарастиву миллатдӯстии як нафар ватандори асилу ростин мешавем. Аз ин нигоҳ, Паёмро бо дили пур метавон як сабақи бузурги ватанпарастӣ, даъват ба сӯйи бедориву огоҳӣ, посдошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ ва як маромномаи аз ҳар ҷиҳат мукаммал барои фаъолияти созанда арзёбӣ кард.

Гуфтанист, ки маъмулан ҳар Паёми Пешвои миллат барои мардум муждаҳои шодибахш дорад. Паёми нав ҳам чанд муждае дошт, ки ба ҳамаи мо руҳу тавони тоза бахшид. Дар соли 2027 ба ҳаракат омадани чархаи сеюми НБО “Роғун” яке аз ин башоратҳост. Ин неругоҳи бузург, ки ба користони шуҷоату матонат табдил ёфтааст, бо қуввати бозу, хираду заковати худи мо бунёд мешавад ва намоди қудрати руҳи тоҷикон аст. Ба ёд оред, ки барои бунёди он чӣ монеаҳое дар роҳи мо буданд ва имкон намедоданд, ки ин кохи рӯшноӣ сохта шавад. ҳатто зумрае аз дохилу берун ба чашми тардид менигаристанд ва бовар надоштанд, ки тоҷикон ба бунёди чунин неругоҳи бузург қодиранд. Вале тасмими ҷиддиву азми қатъии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёди НБО “Роғун” боис шуд, ки ормони деринаи мо таҳаққуқ биёбад. Маҳз бо эҳтимом ва талошҳои Роҳбари давлатамон кори бунёди ин неругоҳ аз сар гирифта шуд ва дар муддати кӯтоҳ мо тавонистем ду чархаи онро ба кор дарорем. Ин “тамаддуни зеризаминӣ” ҳамаро ба ҳайрат овард ва қудрати тоҷиконро чун миллати созандаву бунёдгар ба намоиш гузошт ва:

Ҳам забони шабпарастон баста шуд,
Ҳам тилисми тирагӣ бишкаста шуд.

Ҳоло дар ин неругоҳ беш аз 18 000 нафар нурофарин заҳмат мекашанд ва боиси хушҳолист, ки бештари онҳо тоҷиконанд. Ин ҳам нуктаи бисёр муҳим аст.

Пешвои миллат дар Паём хабар доданд, ки соли 2027 чархаи сеюми НБО “Роғун” ба истифода дода мешавад ва ба ин васила Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ мерасад. Пирӯзии нур бар зулмат, ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозияш, ҳамин аст! Ба назари мо, бунёди ин неругоҳ ва чароғону нуристон шудани Тоҷикистони азизамон дар ояндаи наздик яке аз марҳалаҳои дурахшон тарини даврони соҳибистиқлолист, ки ба ному корномаи Пешвои миллат марбут аст.

Агар китобҳои солҳои охири адибон ва нашрияҳои адабиамонро варақ бизанем, мебинем, ки дар бораи “Роғун” қиссаву ҳикояҳо, достону манзумаҳо, шеърҳо ва мақолаҳои бисёре навишта шудаанд. Ҳар адибе ба қадри тавони хеш аз ин мазҳари образҳо ва симоҳои хотирнишин чизҳое ҷамъ овардаву тасвир кардааст. Маҷмуи ин осори таълифшуда метавонад мавзуи рисолаи захиму муфассали илмӣ бошад. Муҳим ин аст, ки аз диди адибонамон “Роғун” фақат як манбаи тавлиди барқ нест, балки намоди ваҳдату ҳамдастӣ, “кохи нур”-и ормонӣ, користони мардонагиву ҷасорат ва арсаи номуси ватандорист. Бо он ки дар бораи ин корзори нангу номус асарҳои зиёде эҷод шудаанд, фикр мекунем, мо ҳанӯз ба осоре, ки бузургиву шаҳомати “Роғун”-ро ба таври бадеитару ҳунармандонатар бозтоб диҳад, ниёз дорем. Тақрибан асаре дар ҳадди “Об-рӯшноӣ”-и зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод ё достони комилу расое лозим аст, ки образҳову симоҳои ҷолибу хотирмон дошта бошад ва зуд фаромӯш нашавад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки мо, адибон, ҳанӯз аз “Роғун” қарздорем.

Акнун ба нукоти дигари Паём ишора мекунем. Маориф чун яке аз соҳаҳои муҳимтарин ҳамвора дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлатамон қарор дорад. Пешвои миллат дар Паём бо дилсӯзиву ғамхорӣ таъкид карданд, ки танҳо насли донишвару маърифатнок метавонад ояндасоз бошад. Суханони Сарвари кишвар дар ин маврид мазмуни ҳидоятгарона ва оҳанги ҳушдор доранд. Зеро мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки аз чор сӯ хатар меборад ва танҳо донишу маърифат метавонанд сипару балогардон бошанд. Пешвои миллат дар ин маврид гуфтанд: “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”. Ин суханон бо фармудаҳои бузургони гузаштаамон дар бораи хираду дониш ҳамхонии комил доранд ва метавонанд барои наврасону ҷавонон чароғи ҳидоят бошанд.

Вақте Пешвои миллат бесаводиро сабаби гаравидан ба таассубу хурофот медонанд, ин нуктаро набояд сода гирифт. Мо шоҳидем, ки солҳои охир бархе раҳгумзадагон аз ғофиливу ноогоҳӣ чӣ гуна ба доми таассуб меафтанд. Назари иҷмолӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ кофист, ки афкори хурофии ин тоифа маълум шавад. ҳодисаи аз тарафи як муҳоҷир ҳарфи қабеҳ шунидани духтаре дар Русия чанд сол пеш расонаӣ шуда буд ва аз сӯйи гурӯҳҳои гуногун ба чолиш кашида шуд. Чунин мисолҳо, мутаассифона, бисёранд ва далели бемаърифативу бесаводии тоифаи таассубзада мебошанд.

Президенти кишварамон дар Паём батакрор таъкид намуданд, ки мо китоби Қуръонро ба забони тоҷикӣ чоп кардем, то мардум хонанду мағзу маҳаки онро дарк кунанд ва аз таассубу хурофот парҳез намоянд. Дар ин сурат оҳиста-оҳиста заҳрпечаки таассубу хурофот решакан хоҳад шуд. Боиси нигаронист, ки то имрӯз баъзе содапиндорон бо умеди раҳоӣ аз банди мушкил дари фолбинҳоро мекӯбанд ва ба ҳазёни онҳо бовар мекунанд. Тақрибан моҳе нест, ки хабари боздошти фолбине аз тарафи кормандони ВКД дар расонаҳо нашр нашавад. Ба фолбин умед бастан дар замони муосир ниҳояти ҷаҳолату хурофотзадагист. Аз забони устод Фарзона бояд гуфт, ки:

Бирав, эй фолбини фолгардон,
Ки ман дорам Худои ҳолгардон!

Вақтҳои охир ба ном табибони халқие пайдо шудаанд, ки бо “усулҳои нав” мехоҳанд дардмандонро табобат кунанд. “Табиби халқӣ”-ие ахиран аз Ӯзбекистон сар баровард, ки ба қавли худаш бо ламси даст метавонад дардро аз тани бемор дур кунад. Аҷобат ин ҷост, ки бештари муштариёни ӯ занонанд. Навори “табобат”-и ин “табиби охирзамон” дар интернет хеле чархид ва таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кард. Боиси хиҷолат аст, ки баъзе аз занони тоҷик ҳам фирефтаи наворҳои ӯ шуда, ба ҳузураш рафтанд. Хушбахтона, ин табиб аз сӯйи мақомоти Ӯзбекистон боздошт ва муҷозот шуд. Ин ҳодиса чӣ тавр амиқ реша давондани ҷаҳолатро дар зеҳну мағзи мо нишон медиҳад.

Тавре ки аз нуктаҳои ба ин масъала вобастаи Паём бармеояд, Пешвои муҳтарами миллат хурофоту таассубро сахт маҳкум мекунанд ва аввалтар аз ҳама донишу огоҳиро сипари ин балоҳо медонанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар Паём, зимни баррасии соҳаи маориф, ба ин масъала низ ишора шуд.

Имрӯз дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон кӯдакистону мактабҳои муосир бунёд ёфтаанд ва ҳеҷ рустои дурдасте нест, ки мактаби замонавӣ надошта бошад. Яъне барои хуб таҳсил кардану илм омӯхтан ва касби камол кардан тамоми шароит муҳайёст. Чанде пеш блогери эроние таассуроташро аз сафар ба нуқтаҳои гуногуни кишварамон дар наворе изҳор дошт, ки хеле ҷолиб аст. Ӯ бо шефтагиву ҳайронӣ иброз намуд, ки дар дурдасттарин нуқоти Тоҷикистон мактабҳои наву муосир бунёд шудаанд ва инро дар кам кишваре мушоҳида мекунем.

Чунин аст таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати мамлакати мо ба маориф, ки ҳатто хориҷиёнро ба ҳайрат овардааст.

Сарвари давлат дар Паём як-як падидаҳои муҳими соли 2025-ро ёдовар шуданд, ки яке аз онҳо чоп ва тақдими “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и ҷовидони Ҳаким Фирдавсӣ ба мардум аст. Дар Паём зикр шуд: “Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд”. Ва ҳамчунин таъкид шуд, ки: “Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Ин ибтикори беназирро метавон ниҳояти арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёти миллиамон донист. Пешвои миллат аз оғози фаъолияти роҳбарияшон ба фарҳангу таъриху тамаддун ва бузургдошти шахсиятҳои ифтихорофарини миллиямон эҳтироми вежа доштанд ва бо эътимод гуфтан мумкин аст, ки ин арҷгузориву гиромидошт ҳоло ба авҷи аълои худ расидааст, ки мояи нозишу боландагии мост. Вақте ки хабари нашр ва тақдими “Шоҳнома” ба мардум дар расонаҳо интишор ёфт, хориҷиён, махсусан ҳамзабононамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо камоли ҳайрату шефтагӣ аз он истиқбол карданд ва ба Сарвари давлати мо таҳсину офарин хонданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, ки соли оянда баргузор мешавад, аз дигар ибтикорҳои хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат аст, ки дар шароити имрӯз манфиати фаровон дорад ва бешубҳа, барои тақвияти эҳсоси ватанпарастӣ ва фарҳангитар шудани ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Зеро “Шоҳнома” асарест, ки дар сафҳа-сафҳаи он хираду дониш, ифтихори ватандорӣ, садоқат ба марзу бум ва умуман ойини кишвардориву кишварсолорӣ ба таври барҷаста бозтоб ёфтааст. Аз ин рӯ, хонишу дарку ҳазми он барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва хештаншиносии мо аҳаммияти хеле бузург дорад. Боиси саодатмандии мост, ки Сарвари давлатамон ин нуктаҳоро накӯ дарёфтаанд ва барои интишори ҳарчи бештари ғояи меҳанпарастӣ аз тариқи чунин шоҳкорҳои адабӣ талош меварзанд.

Воқеан, мутолиаи амиқи “Шоҳнома” ва “Тоҷикон” пайванди моро бо пешинаи таърихӣ ва бо тамаддуни пурифтихторамон қавитар мекунад. Ҳоло, ки ин шоҳасарҳо ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим шуданд, зарур аст, ки мо барои тавзеҳу тафсири муҳтаво ва тарғиби онҳо ҳама василаҳоро истифода кунем, то мардум онҳоро бо диққат мутолиа кунанд. Хушбахтона, ҳоло дар телевизионҳо чанд барномае дар ин замина пахш мешаванд, ки барои бинандагон коромаданд. Агар барои тарғиби бештар ва таъкиди аҳаммияти ин асарҳо донишмандони огоҳ бо мардум суҳбат кунанд, кори хубе хоҳад шуд.

Дар ҳеҷ як паёми Сарвари давлат фарҳангу адаб чун воситаҳои муҳимми ҳувиятсоз фурӯгузор намешаванд ва аз як Паём то Паёми дигар ба таври густардатар мавриди таҳлил қарор мегиранд. Дар Паёми нав ҳам ба соҳаи фарҳанг, махсусан, ба адабиёт ва чеҳраҳои тобноки адабӣ диққати махсус дода шуд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО қатънома дар бораи таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 қабул гардид. Ин боз як ташаббуси камназир дар асари байналмилалӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги адабии мост.

Нахустбонуи суханвари тоҷик Робиаи Балхӣ, ки дар садаҳои 9-10 зиндагӣ ва эҷод кардааст, воқеан аз шоирони тавонманду барҷастаи тоҷик буда, ашъораш бо диду назари нозук, латофати баён ва шириниву шевоияш мазияти хос дорад. Тавре ки муаллифи китоби “Робиаи Балхӣ ва ашъори ӯ” адабпажӯҳи шинохтаамон Анзурат Маликзод навиштааст, “Робиаи Балхӣ яке аз он суханварони тавоноест, ки девони осорашон бар асари ғоратгариву фарҳангсӯзии ғосибони таъриху адаби порсии дарӣ ба нобудӣ рафтаанд”. Вале ҳамин ашъори андаке, ки аз ин шаҳбонуи шеъри мо ба ёдгор мондааст, аёнгари он аст, ки бонувони тоҷик дар ҳамон замон ҳам (1000 сол пеш) суханвару адабапарвар ва донишгустару зебоиофарин буданд. Бинобар ин, бузургдошти Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои шинохти бештари шахсияту осори ӯ тадбири хеле муҳим мебошад. Ба баҳонаи ин ҷашн шояд асарҳои пажуҳишии тозае ҳам рӯйи кор меоянд. Дар Паём зикр шудани ин рӯйдоди муҳимми адабӣ далели адабпарварии Роҳбари давлатамон аст.

Муждаи дигари Пешвои миллат, ки пиру ҷавони кишварро шоду мутаассир кард, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахтамон аст, ки воқеан тадбири қобили ситоиш мебошад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат баён доштанд, “боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оийну суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”.

Марказҳои мазкур метавонанд маҷмуи мероси фарҳангиву таърихии дар дарозои асрҳо офаридаи тоҷиконро ба ҳам оварда, ба конуни бузурги фарҳангу тамаддун табдил биёбанд. Ба ин васила ин нукта ҳам гӯшзад мешавад, ки сарзамини мо хостгоҳи асосии тамаддуни ориёӣ будааст ва арзишҳои фарҳангиву тамаддунӣ аз ҳамин ҷо ба дигар гӯшаҳои қаламрави Ориёнои бузург густариш ёфтаанд. Бо таъсиси ин марказҳо Душанбеи азизи мо ба конуни бузурги фарҳангу тамаддун мубаддал хоҳад шуд.

Дар Паём соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шуд. Ин мо, аҳли адабро, водор мекунад, ки пеш аз ҳама барои тарғибу тарвиҷи фарҳангу тамаддуни деринсол ва арзишҳои миллиямон хомаронӣ кунем, ба ҷанбаи ватандӯстонаи асарҳоямон диққати бештар диҳем, барои офариниши асарҳои дархури ин фарҳангу тамаддуни бузург бештар ҳиммат гуморем. Паём барои расидан ба ин хостаҳо ба мо ангеза ва таҳрик медиҳад.

Толиби Луқмон,
муовини аввали Раиси ИНТ

Дигар хабарҳо