Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 24 декабри соли 2025
Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 24 декабри соли 2025
Рӯзи 24-уми декабр маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гашт. Дар оғоз рӯзномаи маҷлисро Раиси ИНТ Низом Қосим ба аъзои Раёсат пешниҳод намуд.
Аъзои Раёсат масъалаи ба узвияти ИНТ қабул шудани номзадҳоро баррасӣ карданд.
Дар натиҷа нависанда Ховари Пӯлод, шоирон Ҷамолиддин Шоҳасанов, Шодӣ Шарифниё, Кӯҳзоди Фатҳулло, Давлат Алӣ, тарҷумонҳо Абдусалом Мамадназаров ва Нилуфархон Орифова ба узвияти ИНТ пазируфта шуданд.
Дар идомаи маҷлис баррасии асарҳои ба Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ пешниҳодшуда сурат гирифт. ҳамин тавр баъди таҳлилу баррасиҳо ва овоздиҳӣ маҷмуаи ашъори “Номаи офтоб”-и Давлати Раҳмониён, романи “Нони шарикӣ”-и Мирзо Саидзода, маҷмуаи ашъори кӯдаконаи “Хонаи мо – гулхона”-и Абдусаттори Раҳмон, маҷмуаи очерк ва қиссаҳои мустанади “Чароғафрӯзон”-и Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсо, “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон”. “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”-и Садриддин Айнӣ (ба забони англисӣ тарҷумаи Абдусалом Мамадназаров) аз ҷониби Раёсати ИНТ барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ пешниҳод шуданд.
Дар идомаи маҷлис Нақшаи фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои соли 2026, ҳайати нави шуроҳои назм, наср, адабиёти кӯдакон ва наврасон, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ, очерк ва публитсистика аз ҷониби аъзои Раёсат тасдиқ гардид.
Ҳамчунин аъзои Раёсат ҳайатҳои нави таҳририя ва мушовараи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Помир”-ро муайян намуданд. Дар охири маҷлис масъалаҳои ҷории марбут ба фаъолияти ИНТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



