• 29.12.2025

Ёд аз бинвиштаҳои рӯзгори ман кунед…

 Ёд аз бинвиштаҳои рӯзгори  ман кунед…

Санаи 22-юми декабр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ маҳфили ёдбуд баргузор гашт.

Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим оғоз бахшида, хотираҳояшро дар бораи шоири зинданом нақл кард, аз хидматҳои ӯ дар соҳаи адабиёт ёдоварӣ намуд ва шеъри ба ӯ бахшидаашро хонд.

Гардонандаи маҳфил Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, адабиётшиносон Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмони Абдуманнон, пайвандони Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дигарон оид ба фаъолияти пурбори эҷодӣ ва шахсияти наҷиби ӯ суханронӣ карданд.

Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Файзалӣ Ҳасан, овозхон ва оҳангсоз Зикриоллоҳ Ҳакимов ва сарояндаи ҷавон Лоиқи Давлатманд сурудҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Оркестри Гвардияи миллӣ гимни гвардия, ки ба қалами Сафармуҳаммад Аюбӣ тааллуқ дорад, суруда шуд.

Пораи монологеро аз намоишномаи Сафармуҳаммад Аюбӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир бо маҳорати хос пешкаши иштирокдорони маҳфил гардонд.

Дар охир маҷмуаи дастҷамъие, ки фарогири меҳрномаву ёддоштҳои қаламкашон ва пажуҳишҳои муҳаққиқонамон доир ба осори Сафармуҳаммад Аюбӣ аст, рӯнамоӣ карда шуд.

Дигар хабарҳо