Пешвои миллат – барандаи Ҷоизаи байналмилалии Сулҳ
21-уми декабри 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд. Дар доираи ин сафар дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой тақдим гашт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ин маросими бошукӯҳ иброз дошт:
“Имрӯз барандагони нави Ҷоизаи Лев Николаевич Толстойро қадр мекунем: Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. Бовар дорам, ҳайати доварон, ки аз шахсиятҳои барҷастаи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, олимони машҳур ва фарҳангиёни ҳашт кишвар иборатанд, интихоби сазоворе карданд.
Роҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои саҳми назарраси шахсии худ дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфарозӣ диданд.
Тавре маълум аст, 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри қадимаи Хуҷанди тоҷикон як воқеаи таърихӣ рух дод: имзои шартномае, ки нуқтаи пайванди се марзи давлатӣ ва эъломияи дӯстии абадиро нишон медиҳад. Ба шарофати иродаи сиёсӣ, хирад ва дурандешии роҳбарони се кишвар, давраи тулонии номуайянии марзҳо бартараф карда шуд, расмиёти ҳуқуқии марзҳои муштарак пурра ба анҷом расид ва барои густариши ҳамкорӣ дар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек, эътимод ва манфиати мутақобила замина фароҳам омад. Ҳалли масъалаи марзи давлатӣ, инчунин имкониятҳои иловагиро барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодии бисёрҷониба, роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузориҳои нав фароҳам меорад. Ва албатта, мо сабаби воқеан хубе дорем, ки Содир ҷапаров, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро бо ҷоизаҳояшон табрик гӯем. Аз шумо пайравӣ хоҳем кард. Ба ҷоизадорони азизи мо саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъдаро дар рисолати наҷиби онҳо дар хидмат ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ таманно дорам ва ба мардуми дӯсти Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон субот ва шукуфоӣ орзумандам”.
Бояд гуфт, Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой яке аз ҷоизаҳои нави сатҳи баланди байналмилалӣ мебошад. Ҷоиза соли 2022 дар Русия таъсис ёфта, аз ҷониби Бунёди байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой идора карда мешавад. Ҳадафи асосии он мустаҳкам кардани сулҳ ва амният дар сайёра, пешгирии таҳдиди ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ва низоъҳои ядроӣ, тарғиби дипломатияи мардумӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстӣ аст.
Нахустин маросими супоридани ҷоиза 9-уми сентябри соли 2024 (дар рӯзи таваллуди Лев Толстой) дар Театри Калони Маскав баргузор шуд ва Иттиҳоди Африқо (African Union) барои саҳми бузургаш дар ҳалли низоъҳои мусаллаҳона дар Африқо ва таҳкими субот дар минтақа ҷоизаи мавриди назарро сазовор гашт.
Ҳайати ҳакамон аз чеҳраҳои намоёни ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия, Чин, Ҳиндустон, Бразилия ва ғайра иборат мебошад



